ҶОЙИ ДУВВУМ ДАР РӮЙХАТИ САЁҲАТҲОИ БЕҲТАРИНИ ОСИЁ

Нашрияи дар олам машҳури сайёҳии Lonely Planet номгӯйи навбатии «Ҷойҳои беҳтарин барои саёҳат дар Осиё»-ро чоп кард.

Ӯзбекистон дар ин рӯйхат бори аввал сабт шуд ва таъҷилан пас аз Куриёи Ҷанубӣ мавқеи дуввумро ишғол намуд. Вай дар ин номгӯй чунин кишварҳои машҳури сайёҳӣ, аз ҷумла Таиланд, Ҳиндустон, Ҷопон, Непал, Шри-Ланка, Чин ва Индонезияро қафо гузошт. 
Тавре ки ин маҷаллаи махсус қайд менамояд, Ӯзбекистон «бо масҷидҳои ҷолиб ва қиссаву афсонаҳояш дар бораи Шоҳроҳи абрешим муддати мадид ба ҷаҳонбинии сайёҳон таъсири ҷиддӣ расонидааст. Вале ҷумҳурӣ то ба қарибӣ барои ҷаҳониён чандон маъруф набуд».
Lonely Planet ба пешрафти ҷории мамлакат барои беҳтар кардани шароити истироҳат ва саёҳат баҳои баланд медиҳад. «Ӯзбекистон баъд аз эълони лоиҳаҳои сайёҳати бидуни раводид ва раводидҳои электронӣ, хатсайрҳои нави ҳавоӣ, рушди шабакаҳои хуби баландсуръати роҳи оҳани худ дар соҳа ба комёбиҳои бузург ноил гардид, дар ин бобат барои зоирон зиёрати дурдонаҳои меъмории Осиёи Марказиро дастрас сохт».
Қайд менамоем, ки Lonely Planet яке аз нашрияҳои аввалин ва хеле бонуфуз дар олами сайёҳӣ ба шумор меравад. Вай соли 1972 ташкил шуда, ҳоло тақрибан 300 муаллиф дорад. Ситодхонаи он дар Мелбурн (Австралия) воқеъ аст.

ОИ «Дунё». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: