Ба муносибати 100-солагии донишманди маъруфи тоҷик Миср Эшниёзов
Аз шаҳри Душанбе хабар расид, ки охири соли равон 100-солагии яке аз олимони маъруф Миср Эшниёзов дар факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ботантана қайд мегардад.
Ин хабарро шунида хеле хурсанд шудам. Зеро воқеан хизматҳои ин олими забардаст қобили қадршиносиҳост. Олими нуктасанҷ Миср Эшниёзов ба роқими ин сатрҳо низ ҳаққи устодӣ дорад.
Лозим ба ёдоварист, замоне, ки донишҷӯйи соли аввал будем, бисёр устодони ин даргоҳ, агар сухан аз боби одобу ахлоқи одамӣ равад, хислатҳои некӯйи ин инсонро мисол оварда, дар зиндагӣ пайрави ӯ буданро тарғибу ташвиқ мекарданд. Боре як ҳамсабақи мо аз устоде пурсид, ки оё Миср Эшниёзов ба мо ҳам дарс медиҳанд? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки ӯ аз курси дувум аз шевашиносӣ дарс хоҳад гуфт.
Соли 1982-юми асри гузашта мо дар курси дувуми факултаи забон ва адабиёт мехондем.
Рӯзе як марди болобаланди абрувонаш сиёҳ ва мӯйи сараш ба пушт шоназада вориди синфхона гашт. Ӯ худро ба шогирдон ҳалимона муаррифӣ карда, дар бораи шевашиносӣ ва аҳамияти он дар илми забоншиносӣ батафсил, бурро ва гуворо маълумот дод. Устод дар назари аввал як марди ҳалиму оромтабиат менамуд. Вақте ки ӯ дар бораи сайри таърихии забони мо, дар аҳди давлатдории Сомониён, Салҷуқиён, Ғазнавиён ва ҳуҷуми Чингизхон, инкишофи он дар Ҳиндустон бо як ҳиссиёти баланду ҳаяҷоновар бо далелҳои боэътимод нақл мекард, мо беихтиёр бо тамоми вуҷудамон гӯш мекардем. Дар ин лаҳзаҳо ӯ гӯё ҳунарпешае буду дар симои қаҳрамоне нақш мебозид. Муаллим дар машғулиятҳо мисли дигар устодон аз варақҳои пешакӣ иншокардаи хеш истифода намебурд. Дар даст танҳо чанд варақи хурди ёддоштӣ дошт. Онро дар рафти дарс, агар аз ин ё он гӯишҳои мардумӣ мисол овардан зарур бошад, истифода мекард. Аз ин хотир дарсҳои ӯ шавқангез ва хотирмон буданд.
Боре устод ба синф ворид шуда, пас аз салом суол дод, ки дар вилоятҳои Қашқадарёву Сурхондарё паррандае ҳаст, ки ба кабк монандӣ дорад ва дар наздикии деҳаҳо зиндагӣ мекунад. Агар ин парранда касро дида монад, якбора овоз бароварда, парвоз мекунад. Мо толибилмони аз ин воҳаҳо, ки чаҳор нафар будем, бо ишораи ӯ аз ҷой бархостем. Устод Миср Эшниёзов мунтазири ҷавоби шогирдон буд. Бо навбат аз се нафар номи ин паррандаро пурсид. Касе лому мим намегуфт. Навбат ба ман расид. Ман гуфтам, ки ин паррандаро дар зодгоҳи мо “бовартӣ” мегӯянд. Ҷавоби ман ба устод писанд афтод. Дарс анҷом ёфту ӯ маро бо ишораи ангушт оҳиста назди хеш хонд. Шогирдон аллакай ҳама пароканда шуда буданд.
Вай аз ман пурсид, ки аслан аз кадом манзилу маконам. Вақте ки аз деҳаи Дарбанд буданамро донист, ба ваҷд омада гуфт, ки дӯстони давраи ҷавониаш Панҷӣ Халил ва Рамазон Одинаев аз ин ҷо буданд. Гуфтам, ки Панҷӣ Халил чанд сол қабл вафот кардаву Рамазон Одинаев дар қайди ҳаётанд. Хабари фавти дӯсташро фаҳмида, хеле ғамгин гашт ва дар банди хаёл монд. Пас аз лаҳзае ин байтро зери лаб қироат кард.
Ҷойи гиряст ин ҷаҳон, дар вай маханд,
Чашми ибрат баркушою лаб бубанд.
— Шумо дар хобгоҳ истиқомат мекунед, ё дар иҷора?
Гуфтам, иҷоранишинам.
Нишони онро пурсид: гуфтам, ки дар рӯбарӯи фурӯшгоҳи бузург, дар шафати Театри ҷавонон аст.
— Агар ягон кори таъҷилӣ надошта бошед, ҳарду то ошхонаи “Роҳат” пойи пиёда суҳбаткунон меравем. Имрӯз бо шумо шинос шуда, дӯстони давраи ҷавониам ба ёдам расиданд. Каме он рӯзҳои гузаштаро ба ёд меорем, – гуфт устод.
Мо ҳарду аз назди фурӯшгоҳи кӯдакон гузашта, аз байни чанорҳои бузург раҳсипор гаштем. Устод ба тамкин қадам зада гуфт, ки замонҳои пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар чанд мактаби Деҳқонободу Ғузори вилояти Қашқадарё муаллими фанни забону адабиёт буд. Дар ҳамин давр бо Панҷӣ Халил ва Рамазон Одинаев якҷо кор карда, риштаҳои дӯстӣ пайваста будааст. Муаллим ба ман нигоҳ карда гуфт:
— Раҳматӣ Панҷӣ Халил як марди болобаланду бовиқор ба назар менамуд. Овозаш марғуладор буд, мудом аспсавор мегашт. Охири ҳафта аспсавор ба деҳааш мерафту рӯзи душанбе ба мактаб ҳозиру нозир мегашт. Марди суҳбаторову дидадаро буд. Рамазон Одинаев бошад, як марди хурдҷусса ва шӯхтабиат буд. Солҳои аввали кориаш бо як духтари ҳардурӣ хонадор гашта, дар худи деҳа истиқомат мекард. Агар хотирам фиреб надиҳад, аз ҳамсари ҳардуриаш се фарзанд дошт. Чанд сол қабл аз ин ба Ватан сафар доштаму суроғаи ӯро дар деҳаи Дарбанд дар сари пули Сарсон пурсон шудам. Манзилаш ба қарибии ин пул воқеъ будааст. Моро намонда як шаб меҳмондорӣ кард. Сафар ном писараш дар риштаи тиббиёт таҳсил мекардааст.
Дар арафаи ҷанг ӯро мудири шуъбаҳои таълими халқи ноҳияҳои Ғузор ва Деҳқонобод таъин мекунанд... Дар ҷанг бо олими забоншиносе ҳамсангар будааст. Олим ба ӯ мегӯяд, ки ҳар кас бояд таърих, маданият, забони халқи худро омӯзад ва онро ба ояндагон мерос гузорад. Суҳбатҳои ин олим ба ӯ таъсири амиқ мерасонанд ва ба дил қарор мекунад, ки агар аз ҷанг зиндаву саломат баргардад, албатта, аз пайи ин кори хайр мешавад.
— Чӣ мегӯед, ки писар, аз ҷанг зиндаву саломат ба Ватан баргаштем, — нақли худро идома медод устод. — Аз байн чанд вақт гузашту овозаи аз ҷанг баргаштани мо ба гӯши ҳукумати ноҳия ва ҳамкорон расид ва бандаро ба кор даъват карданд. Вале он орзуи дар умқи дил ҷой кардаам маро ором намегузошт.
— Оё медонед, чаро исми шарифи шуморо Миср мондаем? – пурсид модар.
— Дар ин бора каме маълумот дорам, — гуфтам.
— Акнун онро ба пуррагӣ шунавед, – гӯён нақли хешро оғоз карданд модари пирам..
— Вақте ки қиблагоҳатон бори савум ба сафари ҳаҷ рафтанд, дар роҳ бо марди мисрие ҳамроҳ мешаванд. Пас аз зиёрати Каъбатуллоҳ, ҳангоми ба Ватан баргаштан, ба бемории сахте дучор мегарданд. Маҷоли роҳ гаштан набуд. Он марди мисрӣ ба ҳолу ҷонашон намонда, ба манзилаш меорад. Қиблагоҳатонро дар хонааш парасторӣ мекунад. Баъди се моҳ ба по мехезанд, ба танашон ҷон медарояд. Ниҳоят дуои ин марди мисриро гирифта, бо корвон ба сад азобу ранҷҳо ба Ватан бармегарданд. Ҳамон шабу рӯз шумо нав таваллуд шуда будед. Шуморо ба ҳурмати он марди мисрӣ Миср номгузорӣ карданд. Ва як умр орзу мекарданд, ки монанди ӯ некхоҳу роҳатрасони мардумон бошед. Аз ҷанг зинда баргаштед, ин барои мо давлати бузург. Агар қатъиян дар нияти илм омӯхтан бошед, чӣ ҳам мегуфтем? Мо як бандаи бемуттако. Аз дасти мо як каф дуо меояду халос...
Азбаски ниятам қатъӣ буд, пас аз фавти модар аз пайи ҷустуҷӯи илм ба ин диёр омадам. Ба қадри тавони хеш ҳоло дар ҷодаи илм овораем. Акнун фаҳмидам, ки омӯзиши илм ҳадду каноре надоштааст.
Миср Эшниёзов фаъолияти минбаъдаи худро дар шуъбаи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дод. Ӯ дар ин даргоҳ рисолаҳои “Машғулиятҳои амалӣ ва шевашиносӣ” (1969), “Диалектологияи тоҷик” (қисми якум ва дувум (1977), “Шеваи ҳардурӣ” (1967), “Қазияи вожаноманависӣ ва харитабардории хусусиятҳои лаҳҷавӣ” (1999)-ро навишт, муаллифи беш аз 500 мақолаи илмӣ мебошад.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шаҳбоз Кабиров дар яке аз мақолаҳои хеш дар бораи устод чунин навиштааст: ”Монографияи Миср Эшниёзов — “Шеваи ҳардурӣ” дар байни осори шевашиносӣ ҷойгоҳи хос дорад, усули таҳқиқи шевашиносиро муҳаққиқони ҷавон баъдан аз ин асар омӯхтаанд”.
Ӯро дар Тоҷикистон падари шевашиносон меноманд.
Нуралӣ РАҶАБ,
вилояти Сурхондарё.