ҶОЙИ ҶОНИБЕК ХОЛӢ АСТ

Дар мавриди 81-солагии шоири тоҷикнависи ӯзбекистонӣ Ҷонибек Қувноқ андеша меронаму ба таври ғайриихтиёр фикр мекунам:

Мо оё дар замони Шӯравӣ ба қадри имконият андаке, ки давлат барои инкишофи фарҳанги миллатҳои ғайрититулии ҷумҳуриҳои шӯравӣ фароҳам сохта буд, расида бошем, аз он истифода бурдаем? Сухан дар бораи даҳсолаи аввали давлатдорӣ, яъне солҳои бистуми асри XX намеравад, дар он вақт, сарфи назар аз ҳангомаҳои миллатчиёну душмансозон, тамаддуни тоҷикиву ӯзбекӣ ҳанӯз аз ҳам дур нарафта буд, нашриётҳои тоҷикӣ аксарият дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Фарғонаву Бухоро ҷойгир буданд. Аз солҳои сиюм ва баъд-чӣ? 
Ман медонам, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон ҳар сол камаш 5-6 асари  адиби ӯзбекзабони кишварро бо забони модариашон чоп мекард. Номҳои адибони ӯзбеки худӣ дар муҳити фарҳангии кишвар машҳур буд. Дар ҳар шумораи «Совет Тоҷикистони» (ҳафтае шаш шумора мебаромад) намунаҳои адабӣ ё ҳадди аққал адабиётгунаҳо ба табъ мерасиданд. Дар замони истиқлол китобҳои адибони ӯзбекзабонамон зиёд чоп шуданд, ки кам не. Дар Ӯзбекистон чӣ гуна буда бошад? Маълум аст, ки дар Тошканд рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») (ҳафтае се бор) ба забони тоҷикӣ нашр мешуд ва шеъру ҳикояҳои адибони тоҷики ӯзбекистонӣ ё тарҷумаҳои адабиро ба забони тоҷикӣ нашр мекард, дар нашриётҳо низ китобҳои тоҷикӣ мебаромаданд. Масалан, маҷмӯаи «Гулдастаи Самарқанд»-ро, ки аз ҷумла дар Нашриёти ба номи Ғафур Ғулом ба таб расидааст, Ҷонибек таҳрир кардааст. 
Робита ва имкониятҳои адабии замони шӯравиро ба ҳадде мебинам, ки асари «Таронаи Кашмир»-и Шароф Рашидовро ба забони тоҷикӣ устод Мирзо Турсунзода шоирона тарҷума кардааст. Ҳамчунон аз Ҷонибек шунидаам, ки пас аз нашри як китобаш, ба фикрам китоби аввалинаш дар нашриёти Тошканд, роҳбари Ӯзбекистон ба хонааш занг зада, табрик кардааст ва аҳвол пурсидааст. 
Имрӯз вазъи нашри адабиёт чӣ гуна бошад? Барои он аз худ савол мекунам, ки китобҳои адибони тоҷики Ӯзбекистонро дар мағозаҳои Душанбе намебинам, гоҳ-гоҳе аз аҳволи эҷодии адибони самарқандӣ чизҳое мешунавам, аммо тоҷикинависон дар Тошканду Бухоро, Фарғонаву Намангон, Сурхондарёву Қашқадарё, Чирчиқу Нурато низ кам набудагистанд, аз аҳволи онҳо камтар дарак дорем ё умуман бехабарем. Шояд яке аз сабабҳояш дар он бошад, ки кӯпрукҳое мисли Ҷонибек Қувноқи ду соҳилро баҳам мепайвастагӣ кам шудаанд, ё шояд робитаи адабии байни эҷодкорони ду кишвар коста шудааст ва танҳо бо сабабҳои расмие рӯ мезананду бас. Дар ҳоле, ки ба гумонам дар мақомҳои расмии ҳар ду кишвар ҳам ба такмили робитаи адабию фарҳангӣ монеае нест. 
Ҷонибек Қувноқро аввалин бор тобистони соли 1969 дар Тошканд дидаам. Мо, донишҷӯёни  шуъбаи журналистикаи ДДТ барои таҷрибаомӯзӣ ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» омадем. Ҷонибек он вақт дар шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзнома кор кунад ҳам, ба фикрам вазифаи тарҷумониро низ ба дӯш дошт. Аксар вақт дар хонаи мошиннависӣ нишаста матни расмиро дикта мекард. Машинисткае, ки ҳамроҳаш кор мекард, фаҳмидем, ки ҳамсараш хонуми Кимиё будааст. Чеҳраи Ҷонибекро Худованд чунон наққошӣ кардааст, ки натанҳо дилкаш, балки доим дар табассум буд. Гумон мекунед, ки гӯё худи ҳозир хабари хуше шунидааст, ё гапи  аҷибе гуфтанист. Аммо хандааш қаҳ-қаҳи давомнок набуд, канда-канда механдид. Ҷонибек ба зудӣ бо мо – ду нафар таҷрибаомӯзи тоҷикистонӣ, улфат шуд. Сабабаш, албатта, таваҷҷуҳи умумӣ ба халқамон ва адабиётамон ва ҳамчунон наздикии синну соламон буд. Вай яке аз ҷавонтарин кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд, гарчи аллакай дар муҳити мадании кишвараш тавассути шеър, мақола ва очеркҳояш эътибори  хосса пайдо карда буд. Барои фаҳм мегӯянд, ки мудири шуъбаи маориф ва маданияти  рӯзнома домулло Васфӣ, ки калонсолтарин кормандони рӯзнома ва батаҷрибатарини онҳо буд, чанд китоби шеърҳояш бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд, Ҷонибекро бисёр эҳтиром мекард, ба мо «ҷавони боақлу фаросат ва донишманд, мебинед, дар оянда шоири тавоно мешавад», – гуфта дар ғайбаш муаррифӣ мекард.
Ҷонибек моро ба хонааш ҳам бурд. Ва як-ду бор дар «Гунбади нилгун» – боғи фароғати рӯ ба рӯйи редаксия низ сӯҳбати дӯстонае орост. 
Боре аз мо пурсид: «Шумо бегоҳӣ дар куҷо нон мехӯред?» 
Гуфтем, ки дар назди хобгоҳи Институти ба номи Низомӣ, ки мо онҷо зиндагӣ дорем, чойхонаи хубе ҳаст. Дар ҳамон ҷо. «Пагоҳ – рӯзи шанбе, ман ҳам меоям, якҷоя тановул мекунем», – гуфт. 
Хурсанд шудем ва таъкид кардем, ки пагоҳ як одами фарбеҳи дуторӣ чун одат меояд ва дар чойхона дуторнавозӣ мекунад, форам менавозад. Хандиду пурсид: «Ӯро мешиносед? Номаш чист?» Мо иқрор шудем, ки ҷуръати пурсидан накардем. Ҷонибек гуфт: «Ман аз он ҷумла барои шунидани навои ӯ меравам. Дирӯз аз муҳаррир фаҳмидам, ки дар чойхонаи шумо ҳафтае се бор Муҳаммадҷон Мирзоев дуторнавозӣ мекардааст». Мо ҳайрон ва шод шудем. Он солҳо тавассути радио мо ин номро зиёд мешунидем: «Оҳанги Муҳаммадҷон Мирзоев...» 
Бегоҳирӯзии шанбе хеле аз оҳангҳо лаззат бурдем. Надонам, аз оҳанг гуфтан беҳтар ё аз оҳангҳои Мирзоеву кайфияту сарҷунбонӣ ва дар пушти панҷаҳои дасти чап ба ангушти дасти рост ба оҳанг ҷӯр шудани Ҷонибек. Қабл аз хестан Ҷонибек ба назди Мирзоев омада бо забони тоҷикӣ раҳмату миннатдорӣ карду худро шиносонд. «Истед, истед. Номатонро Ҷонибек гуфтед? Ҷонибек Қувноқов?» Ҳе бале, ҳе офарин, шеърҳои аҷоиб мегӯеду инқадар ҷавон будаед. Ман ба яктеш оҳанг бастам, шинед, кани гӯш кунед, маъқул мешавад ё не», – гуфта Муҳаммадҷон Мирзоев дуторро ҷӯр кард. Натанҳо мо, балки тамоми чойхона гӯшу ҳуш шуд.
Соли 1975 ман аз Москва ба Тошканд ба командировка омадаму аз меҳмонхонаи «Шарқ» ҷой гирифта, ба редаксия даромадам. Ҷонибек аз дидор ниҳоят хурсанд шуду гуфт, ки барномаатро гӯй, то фурсатро дуруст истифода кунем, бо ҳамин дида гурехта наравӣ. Ман ҳам фаҳмондам, ки бе мадади вай корам пеш намеравад. Аз ҷумла, ман бояд ҳатман Шарофиддин Садруллинро пайдо кунам, ҳеч як нишон надорам. «Мо дорем – хурсандона изҳор дошт Ҷонибек. – Охир он кас ветерани мо, аз аввалин муҳаррирони «Овози тоҷик». Дар рӯзҳои ҷашн меоянд, мо ҳам хабарашон мегирем. Ман як-ду бор ба хонаашон низ рафтаам».
Ҳамин бо раҳнамоии Ҷонибек ба хонаи Садруллин рафтам, боз ҳам аз дасторхони хонадони Ҷонибек баҳра бурдам ва ҳар ду дар театри Ҳамза як спектакл ҳам тамошо кардем. Солҳои баъдӣ дар Тошканду Душанбе мо аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирифтем, Ҷонибек бо корҳои эҷодии худ ба Тоҷикистон меомаду ман ҳамроҳи шогирдони таҷрибаомӯзам ба Ӯзбекистон мерафтам. 
Охирин дидор бароям фаромӯшношуданӣ буд. Он сол (1990) мо – донишҷӯёни шуъбаи журналистикаро на танҳо ба Тошканд, балки ба рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятӣ ва радиову телевизионҳои вилоятии Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Бухоро, Намангон ва Фарғона низ фиристодем. Фолклоршиносонро ба Сурхондарё ва лаҳҷашиносонро ба Самарқанд равона кардем. Ман пас аз ҳолпурсии иддае аз онҳо ба Тошканд омадам. Ҷонибек бо муҳаррир маслиҳат карда, ҳамон бегоҳӣ мулоқоти ҷамоаи эҷодиро ташкил дод. Маро чунин шиносонд: «Аввалин таҷрибаомӯзи тоҷикистонӣ дар рӯзномаи мо, ки бист сол пеш омада буд, имрӯз декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ки имсол аксарияти донишҷӯёнашро барои таҷрибаомӯзӣ ба Ӯзбекистон овардааст. Чунки дар сарзамини мо барои ин шароите ба миён омадааст».
Сипас, Ҷонибек Қувноқ бо ифтихор дар бораи он сухан гуфт, ки дар замони бозсозӣ дар Ӯзбекистон ба масъалаи миллӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, махсусан, дар бобати мактабу маданияти халқи тоҷик пешрафтҳо зиёданд, мактабҳои нав кушода шуданд, дар донишгоҳҳо шуъбаҳои тоҷикӣ зиёдтар гардиданд ва дар аксари минтақаҳои тоҷикнишин дар рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ саҳифаҳои тоҷикӣ таъсис ёфтанд. Ӯ мисли аксарияти равшанфикрони он замон имон дошт, ки агар сиёсати ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ бо ҳамин рӯҳу  ҳамин ният пеш равад, орзуҳои неки мардуми тоҷик ҳам ҷомаи амал мепӯшанд. 
Ҷонибек Қувноқ асарҳои зиёди худ ва тарҷумаҳояшро ба табъ расонидааст. Барои ман муҳимтарин хидмати вай ба миён овардани муҳити эҷодӣ ва фазои дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Вай ҳамчун созмондеҳ ва роҳбари шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, муаллиф ва ровии барномаи «Рангинкамон»-и тоҷикии телевизиони Ӯзбекистон, шоири суруднавис, яке аз эҷодкорони асили рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»)  барои шукуфоии тамаддуни ҷумҳурии бародар ва мустаҳкаму нодир ва дилхоҳ шудани ҷойи халқи тоҷик, расму ойин ва фарҳангу санъати вай дар ин сарзамин хидмати фаромӯшношуданӣ кардааст. Гумон мекунам ҷойи ӯ пур нашуд, холӣ монд.

Иброҳим УСМОНОВ,
профессор.


Намунаҳо аз ашъор

АРЗИ ФАРЗАНД

Модар, сари қабрат омадам боз,
Бо меҳру муҳаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам,
Гул чинаму рӯйи қабр монам.
То пеши ту шарҳи ҳол гӯям,
Аз қисмати худ мисол гӯям…
Эй пораи қалб гуфта будӣ,
В-эй чораи қалб гуфта будӣ,
То заҳри азоби дил шавад нӯш,
Ҷӯ канда зи оби ҷӯйи худ нӯш.
Хоҳӣ, ки зи лавҳи ёди мардум
Номат нашавад дар ин замон гум,
Мебош мудом ғамбарораш,
Бардор ба дӯши хеш бораш,
Дар бар рухи пастҳимматӣ пӯш,
Аз баҳри баландномӣ мекӯш…
Ин панди ту гашт нардбонам,
То ки ба баландӣ пой монам.
Бишкуфт ниҳоли орзуят,
Во гашт гиреҳи ҷустуҷӯят.
Ҳоло ҳама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.
Гӯянд сухан, садоят ояд,
Савти нави муддаоят ояд.
Имдодгарӣ ҳанӯз моро,
Чун аввала чокдӯз моро.
Модар, ана боз омадам ман,
Бо рӯйи ниёз омадам ман.
Баргӯй чӣ кор карданамро,
Аз нав чӣ қарор карданамро…
***
Сари зулфат зи дастонам раҳо шуд,
Аз он тори дили ман бенаво шуд.
Вале як раҳ нагуфтӣ аз сари меҳр,
Ба ин бечораи ошиқ чиҳо шуд.
Аз он шодам, ки ношодам надидӣ,
Ҳар он чи шуд ба ҷабри ҷони мо шуд.
Хаёли корубор аз ёди ман рафт,
Хаёли дидани ту муддао шуд.
Барои диданат сад роҳ ҷустам,
Вале роҳи раво ҳам нораво шуд.
Биё, ёро, зи роҳи лутф боре
Ки лутфи ту ба дарди дил даво шуд.

ЗИНДА БОД

Ҳар кӣ боғи дӯстиро кард бонӣ, 
зинда бод!
Рӯяд аз он меваҳои зиндагонӣ, 
зинда бод!

Дӯстию душманӣ монанди нуру 
соя аст,
Нур бар соя набахшад ҳеч амонӣ, 
зинда бод!

Дӯстӣ бошад шиори ҷумла
 одамдӯстон,
Ҳар кӣ дорад дар дил аз он гар 
нишоне, зинда бод!

Нест бодо душманӣ – ин кӯрароҳи 
кӯрҳо,
Дӯстӣ – роҳи равони меҳрубонӣ, 
зинда бод!

Дӯст ҳастӣ ё ки душман, эй дурӯя, 
рост гӯ,
Якдилӣ, якрӯягию якзабонӣ 
зинда бод!

Алҳазар аз дӯсте, ки санг дорад дар 
бағал,
Косаат бишкаста гӯяд, дӯстгонӣ 
зинда бод!

Аз ду дил як дил агар бунёд созад 
дӯстӣ,
Сар фуруд оварда гӯям, ҷовидонӣ 
зинда бод!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: