ҶОЙИ МОДАР

(Ҳикоя)

Дар даст ду нони гарм аз мошин фаромада, лоқайдона ба қадди кӯча чашм давонд. Роҳи сангфарш аз ҷойи истодаи ӯ саршеб рафта, ниҳоят аз пеши як чанори азим хам хӯрда, аз назар пинҳон мешуд. Аммо аз як тарафаш ин ҷодаи рустоӣ морпечон ба кӯҳтали лучаке расида, мисли ин ки гардан зада бошанд, яке қатъ мегардид; ба назар чунин метофт, ки забони ҳамин тали ҷигарсӯхтаи бегиёҳ гӯиё аз ташнагии шадид берун омадааст... Ҳар санги ин кӯча, ҳар гулу хораш ба мард шиносу азиз аст, то ҷое, ки ин ошноиро бо тамоми вуҷуд ҳис мекунад.  Чунки давраи лоуболии бачагии ӯ дар домани ҳамин роҳу пайроҳаҳо гузашта, то ба ҳол дасту пойҳояш аз захми сангу хорҳо ҳикоят доранд, нешу нӯши он айёми гулбасарро фаромӯш накардаанд. Аз қаъри ҳамон солҳои ҷодуӣ суруше ба гӯшаш нишаста, ёдҳои хуфтаро бедор месозад. Он хотироти шодиангез лаҳзае ба тану ҷонаш лаззат мебахшад, аммо… ин узубат ҳамзамон бо рӯ гирифтани як хотираи ғамангез як он ба талхӣ дармеомезад. Мард гӯё бо нигоҳи ҷафидаи худ сар то қадди ҷодаро чен кард, ба таҳқиқ фаҳмидан хост, ки дар гоҳи набудани ӯ ба дороии ин маҳалли хокбозию хартозиҳояш чӣ афзудаву чӣ чизҳои азизе аз он кам шудаанд! На, на! Ҳар як шайъи ин кӯчаи шинос мисли қадим пойбарҷо аст: аз ду бараш деворҳои похсагину сангини ҳотаҳои мардум тӯл кашида, парити ниҳоят аз боду боронҳо ва шаъшааи офтоби тобон сиёҳшудаи сари онҳо маъвои лонаҳои занбӯру говзанбӯр буд. Аз бари ин деворҳои каҷукилеб дарахтони шамшодқади сафедор, себу зардолу, гелосу олу... саф кашида, ҳоло бодаки мулоиме шоху барги онҳоро ба наво меовард. Ба ин суруди дилпазир садои шир-шири ҷӯйбори обаш мусаффо ҷӯр мегардид ва раддаи дарахтону хел-хел сабзаву гулҳои худрӯро шодоб карда бо нағмаи хосе ҷорӣ мегашт... Аммо чӣ илоҷ? Ин оҳангу замзамаҳо ба гӯши мард асло намедаромаданд ва ҳусну намои ба худ хосу қариб тағйирнаёфтааш низ нигоҳи лоқайди ӯро рӯҳ намебахшиданд. Баръакс, ба дили ҷароҳатмандаш тазйиқ оварда, решаи дарду аламро жарфтар менишонданд. Хаёлаш, ки дар ин вақту соат ҳамин кӯчаи ниҳоят шинос ва ин деҳаи дар дилу дидаҳояш мақомёфта манзили чуғзро мемонданд, аҷабо, беодам, гӯё ки хилвату сокит намудор мегаштанд.
Аммо... 
дар асл деҳаву ҷодаҳои шағалпӯши чиркинакаш, ки дар ин ҳол ҷо-ҷо саргину хасу хасрӯбаҳои аз дасти шамол ба ду ҳошия рӯфташуда барояш «зинат» мебахшиданд, он қадар ҳам хилвату ғарқи сукут набуданд! Охир, ба ҷуз пич-пичи мулоими барги дарахтон ва қул-қули якнавохти оби ҷӯйбор ҳамин дам кӯчаро садои писараке низ пур мекард, ки аз пеши ӯ харсавор гузашта рафт. Вале, инро марди хаёлрабуда ҳатто пай набурд. Писарак, ғолибан, маркаби танбали худро хала кардаву маҳмез мезанонд ва бо нафринҳо ба гаштан водор месохт. Аммо хари бепарвофалак баҳузур қадам бардошта, фириқ-фириқ бинӣ афшонда, сум кӯфта, пеши роҳ ягон-ягон саргинҳои парешонро бӯй мекашид. Ду лаби худро ба ҷонибҳо кӯчонда, дандонҳои зардаш дар намо ва фукаш ба сӯйи само чунон ин бӯйи ба худаш ошноро ба димоғ мегирифт, ки маълум буд он то мағзи ҷисму ҷонаш менишинад. Маркаби махмур чун як кӯкнорӣ чашмонашро баста роҳат мебарад. Дар ҳамин асно ба рӯйи сағрии худ зарби мулоими халачӯбро ҳис кард ва соҳиби хурдсоли худро зиёд интизор насохта, коҳилона таноби роҳ гирифт. Маълум буд, ки саворааш – бачаяки беқарори борикандом, боз ҳам ғазабҷӯш мегардад.
Ана, боз...як миқдор моли реза низ гузашта – эҳтимол бесоҳиб буданд ё ки ногаҳон аз ҳотае берун омада, ба ҳавои худ гаштугузор мекарданд он ҷонваракон – сукути кӯчаро латма заданд. Ҳатто аз кадомин ҳавлие овози гов ҳам ба фазо печид, ки шояд он махлуқи Худо гурусна ё ташна буд, ё ки вақти дӯшиданашро мунтазир истода, соҳиби худро огоҳ кардан мехост, ки дар фироқи ҷигарбанди худ – гӯсолаяки хушрӯяку хушбӯякаш дилтанг шудааст.
Хуллас, ин замон деҳа дар панҷаи садоҳои мухталифи ба худ хос метапид!..
Вале, бо ҳама сару садоҳояш ин ҷодаи деҳистон ба назари меҳмон сокиту ҳавлангез менамуд. Чаро? – инро худи мард медонисту Худои ӯ!
Вай нек дар ёд дорад: аз рӯзе, ки нолаҳои ҷигарсӯзи пайвандон дар бехи гӯшҳо тобути модарҷонашро аз ҳамин дарвозаи ҳавлии сарсабз берун оварданд ва он гаҳвораи ғам сар-сари дӯши мардум ҷониби манзили хомӯшон алвонҷхӯрон рафт ва сипас, ҷисми очаҷонашро абадан дар он маскани ниҳоят хилвату хокаш сард гузошта омаданд, ин рустову ҷодаҳояш низ ба назари вай ҳаммонанди гӯристон шуда монд. Худи ӯ ҳам тозон рафта, чандин бор дастаи тобути модарро сари китф бардошта бурд. Бо дили фигору реш-реш, чашмони пури обашро аз гаҳвораи он аспи чӯбин намеканд. Нолаи кунде аз дил ба лабонаш хеста, «Очаҷонаме, меҳрубонаме! Моро партофта куҷо меравӣ?» гӯён якзайл оби дида мерехт. Ин тавр, ҷисми ӯро нолону гирён ба доми хоки нам супурда, аз қабристон баргаштанд. Аз он гаҳ дигар қасри нишоташ футур рафта, олами бепаҳно дар назараш ба сони дидаи мӯр танг гашт... Вай то ҳол худро монои як дарахти бенаво ва мурғаки беболу пар ҳис мекунад. Солҳо гузашта, ҳанӯз ба ин ҳақиқати талх – фироқи ҷигарсӯзи модар хӯ намегирад. Зиндагӣ бе модар на ранг дораду на бӯй ва ҳаёти мудом рангин ҳам дар назараш чун матои обшуста камнур шудааст.
«Оҳҳ... ҷоякат ҳамеша холист, модарҷон! Оё ягон офаридаи Худо ин ҷабрро пур карда метавонад?». «Наметавонад! – дар дил хитоб намуд ба суоли худ посух дода. – Меҳрат ҳам бебадал будааст, ту нотакрорӣ, очаҷони ман!» – аз алам лаб газид ӯ. 
Пас аз лаҳзае: «Ҳароина, ҷойи модар дар пешгаҳи қалби фарзанди ҳушманд ҳамеша холӣ мемондааст!» – вай андешаҳояшро сидқан тасдиқ карда, ноаён хаёл ба гузашта бурд.
... Вақте очаҷонаш зинда буд, эҳҳаа... ҳаёт ҳам беқилу қол мазаи дигар дошт, рангину бонакҳат ҷилва мекард! Он замонҳои рангинкамонӣ маҳз як нерӯи ниҳонӣ ӯро кашон-кашон то ин хокдон меовард. Зуд-зуд водор месохт, ки аз шаҳрҳои азим омада, бо иштиёқи беназир вориди ҳамин манзилу макон гардад. Бешак, меҳри модар буд он нерӯи пинҳон, ки ӯро чун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид. Бад-ин минвол, аз дидораш рӯҳу тавон ёфтаву боз аз пайи зиндагии хеш мерафт. Акнун, пас аз сафари бебозгашти модар, осмони сари ӯ офтоб надорад, абадан гирифтори як шабистони бедод аст!
Мард ғамгин пешонӣ молид, гӯё андӯҳро сари панҷа овардаву сахт фушурд.

 

Давом дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: