«ҶОМА НАВ КУН, КИ ФАСЛИ НАВРӮЗ АСТ...»

Ба қарибӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Найирободӣ меҳмони «Овози тоҷик» шуд.

Сармуҳаррири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов меҳмонро хайрамақдам гуфта, бо Наврӯзи оламафрӯз, фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуд.

– Аз пазироии шумо, азизон, хеле шод ҳастам. Дербоз мехостам бо ҷамоаи рӯзномаи номдори «Овози тоҷик» аз наздик ошноӣ пайдо намоям, – гуфт Ҳамид Найирободӣ. – Боиси хушнудист, ки вақтҳои охир байни роҳбарон Шавкат Мирзиёев ва Иброҳим Раисӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом ёфт, ки дар онҳо 18 ҳуҷҷат ба имзо расид. Яке аз корҳои фарҳангии мо дар он аст, ки омӯзиши забони форсиро дар ин қаламрав густариш диҳем, ки дар ин замина ҳуҷҷатҳои ҳамкории Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд бо Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи Аллома Таботабоии Эрон имзо шудааст. Ҳоло дар ин донишгоҳ устодони забони форсӣ аз Эрон омада дарс мегӯянд. Дар донишгоҳҳои Самарқанд, Бухоро, Урганҷ, Тирмиз бахшҳои забони форсӣ кушода шудаанд. Интизорӣ меравад, ки баҳори соли ҷорӣ сарвари Ӯзбекистон ба Эрон ташриф мефармояд, ки чунин ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи ду кишвар мавқеи муҳим дорад. Пешбинӣ шудааст, ки дар баъзе шаҳрҳои Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Ҳафтаи фарҳанги Эрон барномаҳои ҷолиби наққошӣ, хаттотӣ ва ҳунарӣ иҷро гарданд. Ҳоло бино ба қарордодҳо байни шаҳрҳои Тирмизу Бурҷанд, Бухорову Ҳамадон ва Шаҳрисабзу Нишопур кор идома дорад.
Сафир аз мавқеи китобу маҷаллаву рӯзнома дар кишвари Эрон ҳарф зада гуфт, ки «Хурӯс дар ҳама ҷо як хел бонг мезанад». Дар Эрон низ дар ин замони Интернет сафи хонандаи китобу рӯзнома коҳиш ёфтааст.  
Сафир оиди корҳои муҳим – аз байн бурдани гузарнома (раводид) ва зиёд шудани парвозҳо байни шаҳрҳоямон, амиқтар ошно шудан бо ҳамфарҳангу ҳамзабону ҳаммазҳабҳоямон ҳарф зад. Дар охир Ҳамид Найирободӣ китобҳои «Куллиёти Шамси Табрезӣ», «Рубоиёти Абусаид Абулхайр» ва «Овозҳои Бедил»-ро ба хазинаи рӯзнома тақдим намуд.  Меҳмон ҷамоаи рӯзномаро бо Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, аз мисраъҳои «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ ёдовар шуд: «Ҷома нав кун, ки фасли Наврӯз аст..».
Ба хотири меҳмон эҷодкорони рӯзнома аз ашъори бузургони форс-тоҷик намунаҳо қироат намуданд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: