ҶОМАИ АМАЛ ПӮШИДАНИ ОРЗУВУ УМЕД, ҒОЯҲОИ ПЕШҚАДАМ ВА ТАШАББУСИ ҶАВОНОН БА ДАРАҶАИ СИФАТАН НАВ БАРДОШТА МЕШАВАД

Дар Қасри варзишии пойтахт «Ҳумо-арена» чорабиниии тантанавӣ бахшида ба 30 июн – Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.

Дар он аъзои Сенат, депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонони фаъоле, ки ба натиҷаҳои назаррас дар ҷанбаҳои мухталиф ноил гаштаанд ва дар арсаи байналхалқӣ обрӯи мамлакатро баланд бардоштаанд, иштирок намуданд.
Табрики идонаи Президентро ба ҷавонони Ӯзбекистон Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева қироат кард.
Дар табрик махсус таъкид мегардад, ки коре, ки бо мақсади ҷомаи амал пӯшидани умеду кӯшиш, ғояҳои пешқадам ва ташаббуси ҷавонон оғоз ёфтааст, натанҳо идома меёбад, балки ба дараҷаи сифатан нав бардошта мешавад.
Муовини якуми мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси Шӯрои Марказии Иттиҳоди ҷавонон Қаҳрамон Қуронбоев ва ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев таъкид намуданд, ки ба шарофати эътибор ва ғамхории роҳбари давлат ҷавонони имрӯз донишҳои замона ва дастовардҳои тараққиётро касб намуда, бо кори амалӣ, нирӯ ва шуҷоати худ писарон ва духтарони муносиби Ватан мегарданд.
Бо мақсади дастгирии ҷавонон, ба вуҷуд овардани низоми ягонаи тарбияи маънавӣ ва ҷисмонан солим, рушди заковат, фикран мустақили насли наврас бо ташаббуси роҳбари давлат 30 июни соли 2017 Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон таҷдиди назар гардид.
Дар давраи гузашта ин ниҳоди нав ба баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ такягоҳи воқеии ҷавонони мамлакат гардид.
Ҳамзамон, бешубҳа, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии марбути соҳаи қабулгардида чун омили муҳим хидмат менамоянд. Фақат дар ду соли охир се қонун, чандин фармон ва қарорҳои Президент қабул гардида, дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкури Девони Вазирон шӯроҳои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон зери раёсати Сарвазир, дар маҳалҳо бошад, зери раёсати ҳокимон, дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис комиссия оид ба масъалаҳои ҷавонон ташкил гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Теъдоди аъзои Иттиҳоди ҷавонон аз 7 миллиону 680 ҳазор гузашт, дар ташкилоти бачагонаи «Камалак» бошад, аз 3 миллиону 600 ҳазор нафар зиёд гардид.
Дар давраи гузашта ташкилот лоиҳаҳои босамарро дар бобати ҳимояи манфиат, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ, васеъ ҷалб намудан ба соҳибкорӣ ва таъмини бошуғлфарогирии ҷавонон, таъин намудани ҷавонон ба лавозими баланд, дастгирии моддии оилаҳои ҷавон, ифшои истеъдодҳо, мадад ба шахсони имконоти ҷисмониашон маҳдудро ба амал татбиқ намуд.
Дар назди Иттиҳоди ҷавонон 26 ташкилоти гуногунсамт таъсис ёфта, кори онҳо босамар роҳандозӣ гаштааст. Чунин ташкилот, мисли шӯроҳои ҷумҳурии эҷодии ҷавонон, олимони ҷавон, фермерони ҷавон, марказҳои мадади иҷтимоиву психологии ҷавонон, бачаҳои имконоти ҷисмониашон маҳдуд, нашриёти «Ёшлар нашриёт уйи» имрӯз лоиҳаҳои молики аҳамияти иҷтимоиро татбиқ менамоянд, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон нигаронда шудааст.
Дар доираи мулоқоти ҷорӣ дар мамлакат бо мардум қабулгоҳҳои ҷавонон ташкил гаштааст, ки дар онҳо дар давраи гузашта бисёр мушкилот аз рӯи 16,5 ҳазор муроҷиати расида ҳаллу фасл гаштаанд.
Аз ҷониби фонди «Ҷавонон – ояндаи мо» то ҳол кредитҳои имтиёзнок барои онҳое, ки тиҷорати худро роҳандозӣ намуданианд, дар маҷмӯъ 692 миллиарду 400 миллион сӯм ҷудо гардида, қариб 25 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда шудааст, умуман дар ҷумҳурӣ 125 маркази шуғли ҷавонон «Ёшлар меҳнат гузари», 19 маркази коворкинги «Ҷавонони соҳибкор» ба баҳрабардорӣ супурда шудааст.
Низоми қабули аъзои фаъоли Иттиҳоди ҷавонон ба мактабҳои олӣ дар асоси имтиёз бо пардохти 35 фоиз, ҷавонони аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд 50 фоизи қимати таҳсили қарордодӣ ба амал ҷорӣ гардида, ба оилаҳои ҷавон кредити имтиёзнок барои хариди манзил ба муддати 20 сол, барои 242 корманди ташкилот дар асоси кредити имтиёзнок автомобил дода шудааст.
Ба сифати таҷрибаи пешқадами таъмин намудани ҷавонон бо кор дар назди 190 коллеҷи касбу ҳунар марказҳои ҷавонон ташкил гаштааст, ки дар онҳо маҳфилҳои забономӯзӣ ва аз рӯи 26 самти касбӣ бепул фаъолият менамоянд. Ҳоли ҳозир дар ин маҳфилҳо 80 ҳазор ҷавонон дониши худро мустаҳкам намуда, сабақи касбӣ мегиранд. Дар байни аъзои маҳфил фарзандони оилаҳои камтаъмин ва бепарастор, имконияташон маҳдуд, ҷавонон аз ҷумлаи номуташаккил ва аз ҷумлаи қайди мақомоти ШКД ҳастанд. Барои ҷавононе, ки дар хориҷ кор кардан мехоҳанд, 209 маҳфили омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, қонуни меҳнати мамлакатҳои хориҷӣ ташкил гаштааст.
Бо мақсади коҳиш додани миқдори поймолсозии қонун ва ҷиноят дар байни ҷавонон, мустаҳкамсозии дониши ҳуқуқии онҳо иттиҳод дар асоси принсипи «Барои мо қонун ва адолат авлост, ҷазо барои ҷиноят ногузир» кор мекунад. Дар ҳолати моҳи майи соли ҷорӣ дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои профилактикии   муштарак доир ба баргардондан ба тарзи ҳаёти солим аз қайди профилактикӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ 6 ҳазору 383 ноболиғ ва 2 ҳазору 944 падару модар хориҷ карда шудаанд.
Дар давраи гузашта дараҷаи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон нисбат ба соли 2018 37 фоиз кам гардида, аз зали суд бо кафолати Иттиҳоди ҷавонон 599 шахс, ки аз гумроҳӣ ба роҳи ғалат даромадаанд ва аз карда пушаймон мебошанд, озод карда шуда, барои онҳо ҷазои сабуктар муқаррар карда шудааст. Ҳамаи ин барои мустаҳкам гардидани фазои инсонпарварӣ дар ҷамъият, шафқат ва боварии ҳамдигар хидмат менамояд.
Дар зарфи ду сол бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон мулоқотҳои кушод дар мавзӯъҳои «Ҳоким ва ҷавонон», «Прокурор ва ҷавонон», «Суд ва ҷавонон», «Депутат ва ҷавонон» баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо бисёр масъалаҳои ҷавонон ҳалли худро ёфтанд.
Ба вуҷуд овардани шароит барои машғулоти доимӣ бо варзиш низ натиҷаҳои амалӣ мебахшад. Инро ғалабаи варзишгарони ҷавонамон дар мусобиқоти байналхалқӣ собит менамояд, ки 520 медали тилло, 544 медали нуқра ва 588 медали биринҷиро ба даст овардаанд.
Ҷавонони мо моҳият ва аҳамияти панҷ ташаббуси пешбаринамудаи Президентро дарк намуда, дар татбиқи онҳо фаъолона иштирок мекунанд.
Аз ҷониби Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон 10 миллиард сӯм барои зери рукни «Китобхонаи ҷавонон» нашр намудани 470 ҳазор китоби адабиёти бадеӣ дар 47 номгӯй ихтисос дода шудааст ва ин китобҳо дар тамоми мактабҳо ва шӯроҳои маҳаллӣ, ташкилотҳо бепул паҳн карда шудаанд.
Барои ташаккул додани шавқи китобхонии ҷавонон ва бедор намудани таваҷҷӯҳи онҳо ба ин ҷараён ду бор озмуни ҷумҳурии «Хонандаи наврас» баргузор гардид. Ба ғолибони озмунҳо туҳфаҳои Президент – панҷ автомобили «Spark» ҳадя карда шуд.
Соли ҷорӣ 1 миллиону 210 ҳазор ҷавонон хоҳиши иштирокро дар озмун иброз намуданд, ки ин аз афзудани шавқи онҳо ба мутолиа гувоҳӣ медиҳад. Бо мақсади васеъ тарғиб намудани китобхонӣ дар байни ҷавонон дар ҳудудҳои алоҳидаи мамлакат кори китобхонаҳои сайёр – библиобусҳо роҳандозӣ гаштааст.
Дар назди Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Донишкадаи омӯзиши  масъалаи ҷавонон ва тарбияи кадрҳои истиқболнок таъсис ёфтааст.
Таъсис гардидани донишкада ташаккул додани низоми ягонаеро таъмин намуд, ки ба омӯзиши мушкилоти ҷавонони мамлакат, дар ин самт баргузор намудани тадқиқотҳои таҳлилӣ ва илмиву амалӣ, бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои ҷавони истиқболнок имконият фароҳам меорад.
Солҳои 2017-2019 дар курсҳои чормоҳаи бозомӯзии донишкада бисёр ҷавонон ихтисоси худро такмил доданд. Шоистаи эътибор аст, ки хатмкардагони курсҳо дар вазорату идораҳо, ташкилот ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ вазифаҳои баландро соҳибанд. Ҳоли ҳозир дар донишкада 55 нафар таҳсил менамоянд. Инчунин дар муассисаи мазкур курсҳои якмоҳаи такмили малака барои пешвоёни ташкилотҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва раисони шӯроҳои пешвоёни вазорат, идора ва ташкилотҳо созмон дода шудааст.
Иттиҳоди ҷавонон дар ҷанбаи фаъолияти байналхалқӣ низ фаъол мебошад. Ҳамин тариқ, соли гузашта ҳайати Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид намуда, ба натиҷаҳои зиёд ноил гардид. Аз он ҷумла, дар ҷамъомади навбатии Шӯрои ҷавонони СҲШ Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон ба сифати аъзои баробарҳуқуқ ба ташкилоти мазкур қабул гаштааст.
Бо мақсади дастгирии ҷавонон, рағбатноксозии онҳое, ки дар ҷанбаҳои мухталиф босамар кор мекунанд, бо натиҷаҳои кори худ ба ҳамсолонашон намунаанд, Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» ва медали «Келажак бунёдкори» таъсис гаштааст.
Соли гузашта садҳо намояндагони насли ҷавон барои зуҳури зарфияти худ ва мавқеи қатъии шаҳрвандӣ бо мукофотҳои давлатӣ – ордени «Дӯстлик», медалҳои «Шуҳрат» ва «Келажак бунёдкори», Мукофоти давлатии ба номи Зулфия, нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ва ҳамчунин мукофоти Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон тақдир гаштаанд. 28 нафар наврасони ташаббускору соҳибистеъдоде, ки дар соҳаҳои гуногун ба муваффақият ноил гаштаанд, барандагони нахустини Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон»-и навтаъсис гардиданд. Хурсандиовар аст, ки сафи онҳоро имрӯз боз ҳамин қадар наврасон пурра намуданд.
– Ин мукофот боварии калоне аст, ки аз ҷониби Президент ва давлат ба мо зоҳир гаштааст, – гуфт докторанти пойгоҳии Институти математикаи Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шомурод Шопулотов. – Чунин эътибори зиёд ба мо қувва мебахшад, то ки сарбаландона қарзи муқаддаси худ – содиқона ба Ватан хидмат намуданро адо намоем ва ин ба фатҳи қуллаҳои нав илҳом мебахшад.
Дар чорабинӣ консерт бо иштироки устодони маъруфи санъат ва ҷавонони эҷодкор баргузор гардид.

Хуршед ҚОДИРОВ, 
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: