Ҷоми Осиё-2019

ВАҚТИ САНҶИШ РАСИД

Дар бозии аввали чорякфинали Ҷоми Осиё дастаи Ҷопон бо Ветнам рӯ ба рӯ шуд. Дар ин сабқати пуршиддат, футболбозони ҷопонӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардида, ба нимфинал роҳхат гирифтанд. 
Дар мусобиқаи дуюми чорякфинал Эрон бо Чин талош варзид. Дар ин бозӣ футболбозони эронӣ маҳорати баланд нишон дода, ба дарвозаи ҳарифон 3 тӯби беҷавоб заданд ва ғалабаро ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки дар нимфинал акнун дастаҳои мунтахаби Эрону Ҷопон, ки аз даъвогарони асосии Ҷоми Осиё шумурда мешаванд, байни ҳам талош меварзанд. 
Боиси тазаккур аст, дар давраи чорякфинал чемпиони дарамалбудаи мусобиқа Австралия бо дастаи мизбонон Аморати Муттаҳидаи Араб, дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ, ки дар ҳаштякфинал Баҳрайнро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд, бо Қатар (Қатар бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд) бозӣ мекунанд. 

САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ ОЛИМПӢ

Бо ташаббуси роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии олимпии кишвар мутахассиси сербиягӣ Любинко Друлович таъин гардид. Дар нишасти матбуотие, ки бо иштироки мутахассисони соҳа ва сармураббии навинтихобшуда дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ ба ин муносибат баргузор шуд, маълумоти муфассал дода шуд. 
Бинобар маълумоти хидмати матбуоти Федератсияи футболи кишвар, алҳол аз ҷониби роҳбарияти федератсия ва сармураббӣ Любинко Друлович шартнома ба муддати як сол имзо шудааст. Агар дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оварад, ин муоҳида то ба анҷом расидани мусобиқаи зикршуда амал мекунад. Мутахассиси сербиягӣ ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон аввал барои боварӣ аз номи худ ва ёваронаш миннатдорӣ изҳор кард. – Албатта, мо якҷо саъю кӯшиш менамоем, ки ба Олимпиадаи Токио равем ва барои ин тамоми салоҳияти худро сафарбар мекунем, – гуфт ӯ. – Умедворем, ки ин ҳамкорӣ самара мебахшад. 
Бояд гуфт, ки дар ин кор ба вай мутахассиси ӯзбекистонӣ Равшан Ҳайдаров кӯмак мерасонад.
Тавре ки таъкид гардид, Любинко Друлович замоне, ҳамчун нимҳимоятгар ва ҳуҷумгар бозӣ кардааст. Дар дастаҳои гуногуни  Португалия, Сербия, Словения, Македония ва ҷамоаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб (U19) ҳамчун сармураббӣ адои вазифа намудааст. Солҳои 2010-2011 ба сифати сармураббии дастаи «Примейру де Агошту»-и Ангола фаъолият бурда, бо ин ҷамоа дар Суперкубоки мамлакат пирӯз шудааст. Мавсуф соли 2013 бо дастаи мунтахаби Сербия (U19) дар чемпионати Аврупо соҳиби ҷоиза шуда буд.  

М. ҚОДИРЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: