ҶОМИШИНОСӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ бо сарзамини Ӯзбекистони кунунӣ, бахусус Самарқанди бостонӣ, алоқаманд аст.

Ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ бо сарзамини Ӯзбекистони кунунӣ, бахусус Самарқанди бостонӣ, алоқаманд аст. Ҷомӣ бори аввал ба Самарқанд дар айёми ҷавонӣ барои таҳсили илм омада буд. Зеро дар он аҳд овозаи олимони Самарқанд аз доираи Мовароуннаҳр баромада, ба кишварҳои  дурдасти ҷаҳон паҳн шуда буд. Бино бар ин, Ҷомии ҷавон баъд аз хатми таҳсил дар мадрасаҳои Ҳирот ихтиёри Самарқанд кард. Ин нахустин сафари ӯ ба Мовароуннаҳр буда, ба солҳои 30-юми асри ХV рост меояд. Муаллифи «Рашаҳот» навиштааст, ки Ҷомӣ бори аввал ба Самарқанд дар замони Мирзо Улуғбек  барои омӯхтани илм омада, дар ҳузури Қозизодаи Румӣ дарс хондааст. Вай дар Самарқанд дар мадрасаи Мирзо Улуғбек, воқеъ дар майдони Регистон, таҳсил намуда, бо шоирон ва аҳли илму фазли Самарқанд  дар сӯҳбату маҷлисҳо шудааст.
Ҷомӣ бори дуюм  ба Самарқанд  якуми сентябри  соли 1465 милодӣ омадааст. Ин сафар ба хотири ҳамсуҳбат шудан бо яке аз пирони тариқати нақшбандия – Хоҷа Аҳрори Валӣ будааст. Вай ин дафъа дар мадрасаи Мирзо Улуғбек зиндагӣ карда, ба шогирдон дарс мегӯяд.
Абдураҳмони Ҷомӣ  бори сеюм соли 1479 милодӣ ба Мовароуннаҳр омада тавассути Самарқанд ба Тошканд меравад ва  зиёда аз ду моҳ бо Хоҷа Аҳрор дар мулоқот мешавад ва  дар ин ҷой  мухлисони зиёде пайдо менамояд. 
Дар шуъбаи китобҳои нодир ва дастнависҳои Шарқи китобхонаи илмии ба номи Абдураҳмони Ҷомии Донишгоҳи давлатии Самарқанд даҳҳо ҷилд китоби ин шоир ва мутафаккири бузург, аз ҷумла «Куллиёт»-и мукаммали ӯ, ки дар замони худи ӯ китобат шудааст, маҳфуз аст. Даҳҳо нафар муҳаққиқон дар ҷараёни кор аз ин осори гаронбаҳо истифода бурдаанду мебаранд.
Тадқиқи асарҳои бадеӣ ва илмии Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби олимон ва  пажӯҳишгарони Ӯзбекистон низ идома дорад, дар ин росто тадқиқоти пурарзиш ба сомон мерасанд, ки онҳо дар анҷуману кунгураҳои илмӣ  ба тариқи маърӯзаву гузоришот  пешниҳод  гардида, дар шакли рисолаҳои алоҳида ва мақолаҳои илмӣ  табъу нашр мешаванд.
Ба ин маънӣ, рисолаи донишманди варзидаи адабиёти классикӣ, шодравон, академик Ботурхон Валихоҷаев «Абдураҳмони Ҷомӣ ва адабиёти ӯзбек»-ро метавон махсус қайд кард.
Муҳаққиқ дар ин рисола муносибати Ҷомиро нисбат ба  адабиёти классикии ӯзбек ва намояндагони барҷастаи он Мавлоно Лутфӣ, Ҳусайн Бойқаро ва махсусан Алишер Навоӣ хеле возеҳу равшан маънидод кардааст.
Нависанда ва адабиётшиносони Ӯзбекистон Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Озод Шарофиддинов, Ғафур Ғулом, Воҳид Зоҳидов, Иззат Султон, Воҳид Абдулло, Натан Маллаев, Порсо Шамсиев, Абдуқодир Ҳайитметов, Шоислом Шомуҳаммедов, Раҳим Муқимов, Азиз Қаюмов, Наҷмиддин Комилов ва дигарон низ  доир ба омӯхтани  ҳаёт ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Ҷомӣ  хидматҳои босазо кардаанд.
Дар ин бобат хидмати шарқшиноси маъруфи ӯзбек, яке аз муътақидони назми форсӣ ва мутарҷими он ба забони ӯзбекӣ, дорандаи ҷоизаи байналхалқии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  Шоислом Шомуҳаммедовро махсусан таъкид кардан ҷоиз аст.
Ҳанӯз соли 1963  рисолаи ӯ «Абдураҳмон Жомий»  дар шакли китоби алоҳида интишор гардида, худи ҳамон сол ин рисола дар маҷмӯаи мақолаҳои илмии ҳамин муаллиф, ки  таҳти унвони «Форс-тожик адабиёти классиклари»  нашр шуда буд, ҷой дода шудааст. 
Муаллиф дар рисолаи мазкур доир ба аҳвол ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ, барои хонандагони ӯзбек, аз ҷумла, оиди ба Самарқанд омадани Абдураҳмони Ҷомӣ ва аз олими машҳур Қозизодаи Румӣ дарс гирифтани ӯ маълумоти  пурқимат медиҳад. Вай оиди хислатҳои наҷиби Ҷомӣ сухан ронда, оиди  ба тасаввуф майл карданаш аз қасидаи тарҷумаиҳолии ӯ чунин байтеро меорад:
Задам қадам  ба сафи сӯфиёни 
софидил,
Ки  нест мақсадашон аз улум 
ҷуз аъмол.
Дар рисолаи мазкур инчунин ба дӯстиву равобити ду шоир ва мутафаккири  бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ саҳифаҳои пурбор бахшида шудаанд. 
Омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони  Ҷомӣ дар мактабҳои миёна ва олии Ӯзбекистон низ ба роҳ монда шудааст. Бисёре аз асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Анҷуманҳои илмӣ ба шарафи солонаи Ҷомӣ дар марказҳои илмӣ, донишгоҳу мактабҳои Ӯзбекистон муттасил баргузор мешаванд. Аз ҷумла, бо саъю эҳтимоми ҳукумати вилояти Самарқанд, шуъбаи  вилоятии  Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба шарафи 575  ва 580 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ анҷуманҳои  бонуфузи илмӣ ба вуқӯъ пайваста, дар он маърӯзаҳои пурарзиши илмии олимони Тошканду Самарқанд  оиди паҳлуҳои гуногуни  ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ шунида шуда буданд.
Бале, муҳаққиқони Ӯзбекистон дар  тадқиқу  омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги форс-тоҷик рағбати зиёде доранд ва дар як мақолаи хурд дар бораи ҳамаи онҳо муфассал сухан рондан аз имкон берун аст.
Анъанаи омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ дар солҳои истиқлоли Ӯзбекистон идома пайдо кард. Олимон доир ба паҳлуҳои ҷудогонаи  ҳаёт ва эҷодиёти серсоҳаи ин мутафаккири бузург тадқиқоти пурарзиши илмӣ анҷом медиҳанд. Олими ҷавон Ҷаъфар Холмӯъминов доир ба мавзӯи “Абдураҳмони Ҷомӣ ва таълимоти ваҳдат ул-вуҷуд” рисолаи илмӣ навишта, сазовори дараҷаи доктори илми фалсафа гардид. Дар барномаи таълими адабиёти тоҷик, ки дар асоси он китоби дарсии “Адабиёт” барои синфи 8-уми  мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон табъу нашр шудааст, барои омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ низ соатҳои зиёде дар назар дошта шудаанд. Бисёр ғазалҳои Ҷомӣ, достони “Юсуф ва Зулайхо”, “Баҳористон” ва дигар офаридаҳои  ин устоди сухан дар баргардониши адибони маъруф манзури хонандагони ӯзбек гардонида шудаанд.
Ҳарчанд доир ба тадқиқи ҳаёт ва  эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ дар Ӯзбекистон то имрӯз корҳои шоёне ба сомон расонида  шудаанд, лекин  паҳлӯҳои тадқиқнашудаи эҷодиёти ӯ бисёранд.
Бо ҳамин мақсад устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо ташаббуси баргузории анҷумани илмӣ бахшида ба 600-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги  Машриқзамин Абдураҳмони Ҷомӣ баромад карда буданд, ки аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон дастгирӣ карда шуд.
Баҳори соли 2018, баъди бо саъю эҳтимоми президентҳои ду кишвари ҳамҷавору ҳамсоя – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва  Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор гардидани дӯстиву равобити байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои зебои Самарқанди куҳан – дар Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Алишер Навоӣ пайкараи ин ду мутафаккири бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ аз нав барқарор карда шуд. Дар маросими кушоиши он, ки ба ҷашни Наврӯз ба вуқӯъ пайваст, Президент Шавкат Мирзиёев ва  ҳайати намояндагони илму фарҳанги  ду ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Чунин пайкара дар яке аз майдонҳои  пойтахти Тоҷикистони  бародарӣ – шаҳри Душанбе низ қад афрохтааст, ки дар маросими кушоиши  он президентҳои ҳар ду ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: