ҶОН САМАРҚАНДАМ

Салим КЕНҶА

Салим КЕНҶА

ҶОН 
САМАРҚАНДАМ 

Ту, эй боғу баҳори нозанинам, ҷон Самарқандам, 
Ту ҳастӣ Сайқали рӯйи заминам, ҷон Самарқандам. 
Ҳамехоҳам набинам дарду доғатро дар ин дунё, 
Фақат рушду камолатро бубинам, ҷон Самарқандам. 
Дар оғӯшат ҳамеша, модари ҷон, шодмон ҳастам, 
Туӣ ҷонам, туӣ оину динам, ҷон Самарқандам. 
Маро илҳом мебахшад хиёбон, кӯчаҳои ту, 
Баҳори бехазони гул баринам, ҷон Самарқандам. 
Ниҳоли боғу роғи ту зи мева пур бувад доим, 
Зи ҳар шохи дарахтат мева чинам, ҷон Самарқандам. 
Даме, ки зинда ҳастам ман, дар авсофат ғазал хонам, 
Ту шеъри аввалину охиринам, ҷон Самарқандам. 
Хурӯшад табъи дил аз ҳусни зебою диловезат, 
Аё, эй зодгоҳи дилнишинам, ҷон Самарқандам.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА

БУХОРО

Эй Бухоро, оби шӯрат оби чашмони ман аст,
Раъду барқат қатрае аз мавҷи исёни ман аст.

Баҳри ҳар як заррахокат ҷон бидодам солҳо,
Сангу хишти ҳар манорат  пораи ҷони ман аст.

Моҳи Хоса бо ҳамон истораи рахшони худ
Раҳнамои миллати аз худ гурезони ман аст.

То ҳанӯз Исмоили Сомонӣ аз худ норизо,
Норизо аз ҳамзабони нобасомони ман аст.

Бӯалӣ Сино надорад як нишоне дар диёр,
Ҳар гиёҳи ин замин ҳарчанд дармони ман аст.

Аз Баҳоуддин Балогардон бигирам ибрате,
«Дил ба ёру дас(т) ба кор» ин рамзи имони ман аст.  

Эй Бухоро, шуҳрати ту оламе тасхир кард,
Таърихи пурэътиборат шавкату шони ман аст.

ХОҶА

АНГЕЗАЕ БАРОИ ХУД

Ҳар нафас дар роҳи ҳақ бо дидаи бедор бош!
Бо тамоми лаҳзаи эҳсоси худ ҳушёр бош!
Дар раҳи ҳақ он қадарҳо домҳо густурдаанд,
Мурғи ҳақ шав, дар кушуду тадбири асрор бош!
Ин ҷаҳон майдони нерӯи набарди зидҳост:
Назди гулҳо гул бибошу пеши хорон хор бош!
Даври гардун ҳар киро бигзорад андар ҷойи худ,
Нуқтаи гардандае дар гардиши паргор бош!
Ё Баҳоуддин Балогардон! Мадад бинмову гӯй:
Дил ба Ишқи Ёр дору дасти худ дар кор бош!
Ҳуши худ дар дам бибошу бар қадам бинмо назар,
Сайр бинмо дар Ватан, дар хилвати аҳрор бош!
Ойина бар каф бигиру худ шиносу ҳақ шинос,
Рӯ ба рӯ бо Ёри худ дар олами анвор бош!…

 


НАМУНАҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ АДИБОНИ САМАРҚАНДИ ЧУ ҚАНД


Ҳаёт НЕЪМАТ

НОНИ 
САМАРҚАНД

Аз Самарқанди барӣ
ҳар аҷнабӣ
нони гарматро чу савғо мебарад,
Рӯйи дунё мебарад.
Худ ба ҳар ҷое равам, андар бағал
Нону шеърам назди ёрам меравам,
Пуру паймон меравам,
Шоду хандон меравам.
Ҳеҷ як шаҳре набошад дар ҷаҳон
То ки бошад нону имонаш қиёс,
Нону виҷдонаш қиёс,
Нону имконаш қиёс!
Ҳеҷ як халқе набошад дар замин,
То ки бошад нон рамзи санъаташ,
Нон қадру қиматаш,
Нон фахри миллаташ!
Рамзи халқи мост,
бешак, нони мо,
Нони мо –
ин номи мо,
ин ҷони мо!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: