...ҶОН ЗИНДА БА ИЛМ

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Дар мавсими қудрати ҷавонӣ,
Нақде ба каф ор, то тавонӣ.
 (Бадриддини Ҳилолӣ)
            ***
Илм барҳамдиҳандаи заҳри зиндагӣ ва нурбахши наҷот аст.
 (Камолиддини Биноӣ)
            ***
Ман ҳам аз касби илм хурсандам,
Лек бо мақсадест пайвандам.
К-аз усули мадориҷи ҳикмат,
Оламеро барорам аз ғафлат.
            ***
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.
Фӯлод ба оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,
Бе илм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.
 (Абдулқодири Бедил)
            ***
Ҳар кӣ илм бештар дорад, ӯро бузург доред ва ҳар кӣ аз омӯхтани илм нанг дорад, ӯро мардум мадонед.
            ***
Умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард? Ба таҳсили улум.
            ***
Давлатро сарф кунӣ, кам мешавад, илмро сарф кунӣ, зам мешавад.
            ***
Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб.

Таҳияи Б.ФАРИШТА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: