Ҷонам фидои ту — Ӯзбекистони озод

Дар маҷмӯи тантанаҳои «Шодиёна»-и Намангон таҳти шиори «Ӯзбекистони нав — ҷаҳонбинии нав» чорабинии маънавӣ ва маърифатӣ баргузор гардид.

Дар маҷмӯи тантанаҳои «Шодиёна»-и Намангон таҳти шиори «Ӯзбекистони нав — ҷаҳонбинии нав» чорабинии маънавӣ ва маърифатӣ баргузор гардид.
Дар он олимони маъруф, шоирон, нависандагон, рассомон, зиёиён ва ҷавонон, депутатҳо, ки аз пойтахт ташриф оварданд ва фаъолони вилоят иштирок карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими  вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов, ки дар чорабинӣ ширкат варзид, оид ба вазъияти давраи пандемия, ислоҳоте, ки баҳри сиҳҳатӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ татбиқ мегарданд, истода гузашт.
Вай инчунин дар бораи корҳои созандагӣ, ки дар минтақа анҷом дода мешавад, рушди соҳибкорӣ, сохтмони манзилҳои имтиёзнок ва корҳои амалӣ дар соҳаҳои динӣ, маънавият ва маърифат сухан гуфт.
Ҳунарпешагони халқии Ӯзбекистон Мирзо Азизов, Зулайхо Бойхонова, Абдуҳошим Исмоилов, шоира Сайёра Тӯйчиева дар бораи симои нав, сиёсати нав, муносибати нави Ӯзбекистони нав ва имкониятҳое, ки барои 34 миллион нафар мардуми мо фароҳам оварда шудаанд, хусусан дар бораи самараи амалӣ ва мусбати қарору фармонҳои аз ҷониби Президент дар давраи пандемия қабулшуда фикрҳояшонро  иброз доштанд.
Дар видеороликҳо гузаштаву имрӯзи кишварамон инъикос ёфтанд. Оҳангу сурудҳои санъаткорон садо медиҳанд.
Таҳти шиори «Ӯзбекистони нав — ҷаҳонбинии нав» чорабиниҳои маънавию маърифатӣ бо рукни «дар ҳар маҳалла» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар деҳаҳои дурдаст идома доранд.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: