«ҶОНАМРО ГИР Ё ШИКАМАМРО КАЛОН КУН!»

Баъди интишор гардидани қарори муштараки шӯроҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми ба тартиб овардани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маъракаву маросимҳо ва чорабиниҳо бахшида ба хотираи марҳумон» дар байни мардум фикрҳои гуногун ба миён омаданд.

Баъзеҳо, хушҳолона, «ана, акнун тартиб мешавад» гӯянд, бархе бепарвоёна, даст меафшонанд, ки «ин боз як назарфиребист».
Тӯй – хушрӯзии ҳар як инсон ва суннати қадимии халқамон аст. Маҳз дар он саховатмандӣ, дилёбӣ, меҳмоннавозӣ, дӯстӣ барин фазилатҳои неки инсонӣ муҷассам мегардад. Сад афсӯс, ки солҳои охир ин маърака ба худнамоиву худситоӣ ва аз ҳама бадаш – ба исрофгарӣ мубаддал гардид. Тӯй ва маросимҳои дигар ба як навъ «мусобиқа» табдил ёфтанд.
Алалхусус, дар арӯсӣ ва маросими ақди никоҳ бетартибиву намоишкориҳо чунон авҷ гирифтанд, ки онро мушоҳида карда, гоҳо ангушти ҳайрат мегазед. Вақти аз қайди никоҳ гузаштани арӯсу домод мошинҳои гаронбаҳои якранг турнақатор мешаванд, ки ин ҳолатро ҳангоми ташрифи меҳмонони олиқадр ҳам намебинед. Нархи кирои онҳо  садҳо доллари амрикоиро ташкил мекунад. Дар баъзе тӯйҳо то 1200 нафар меҳмонон даъват мешаванд. Дар рӯйи дастархони тӯёна, ба таъбире, фақат шири мурғу пойи мор нест. Хӯрокҳо се-чор навъ. Воқеан, баднафсе ба чунин маърака рафта нозу неъматро дида гуфта будааст, ки «Худоё, ё ҷонамро гир ё шикамамро калон кун!».
Дар як шабнишинӣ се-чор маротиба либос иваз кардани арӯс, рақсу бозиҳои ба тинатамон бегона, пош додани пулро чӣ гуна метавон маънидод кард? Оё ин нишонаи паст рафтани сатҳи маънавияту маърифат нест? Хонандаи закӣ  гуфтанаш мумкин, ки «калонҳои гузар, мӯйсафедон, зиёӣ ва маърифатпарварон ба куҷо менигаранд?». Ҷавоб тайёр: даҳони хӯрда – шарманда!
Оё барои тадбире, ки ҳамагӣ 2-3 соат давом мекунад, даҳҳо миллион сӯм маблағро сарф кардан дуруст аст?! Оё моро уболи нозу неъмат намегирад? Хуб, баъзе шахсҳо дар хориҷа бо роҳҳои гуногун маблағ ёфта, «ман аз фалонӣ кам не» гуфта, онро беғам сарф мекунанд. Мардуми миёнаҳолу оилаҳои камбизоат чӣ кор кунанд?! Бечора «аз қатор намонам» гуфта, то гардан ба қарз ғӯтида, маърака мегузаронад. Баъд дар оила аз норасоӣ ҷанҷолу хархаша, баҳсу мунозира ва оқибат судбозӣ оғоз меёбад, ки натиҷааш вайрон шудани оила мегардад.
Хӯш, ба ин кӣ гунаҳкор? Албатта мо – иштирокчиёни базм, фаъолони гузар, пешвоёну фаъолон!
Сад сол қабл аз ин маърифатпарвари машҳур Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар маҷаллаи «Оина» (соли 1915, шумораи 13) бо сӯзу гудоз навишта буд, ки «дар мо ду иллат ҳаст – тӯй ва маросими дафн, ки рӯзгорамонро хароб мекунад». 
Сипас, дар матбуоти даврӣ боз бисёр мақолаҳои танқидӣ чоп шуданд, тавассути «Оинаи нилгун» ва радио нисбати исрофгарӣ суҳбатҳои «мизи мудаввар» ташкил гардиданд. Вале оё онҳо ягон натиҷа доданд? Пас аз ин ҳама  чӣ тағйир ёфт?
Дуруст, муддао аз тӯй – хурсандӣ ва хайру эҳсон аст. Дар маъракаҳо аминҳои гузар, мӯйсафедон даст ба дуо бардошта «ёфтаатон ба тӯй сарф шавад» мегӯянд. Аммо мо, аз чӣ бошад, на бахту саодат ва ояндаи фарзанду набераҳо, балки чӣ тавр гузаронидани тӯйро фикр мекунем ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳем.
– Бо тақозои вазифа дар маъракаҳо иштирок мекунам, – мегӯяд имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд ҳоҷӣ Мустафоқул Меликзода. – Ҳамеша доир ба зиёни исрофкорӣ ва худситоӣ ҳарф мезанам, аммо суханҳои мо, пешвоёни дин ба баъзеҳо хуш намеояд ва аз қабили «пушти ману табари қассоб» рафтор мекунанд.
Масалан, дар дини мо ба гузаронидани маросимҳои «бегоҳи панҷшанбе», «бист», «чил», «оши сол», «пул додан», «матоъ ва чойи хушк тақсим кардан» чизе гуфта нашудааст. Мо дар баъзе маъракаву маросимҳои дафн ба рӯйи миз зеҳн монда, ҳайрон мешавем, ки ин маросими мотам аст ё тӯй? Боз 100-200 нафар ва аз он зиёд мардум ширкат меварзанд. Хушбахтона, барои танзими тӯю маъракаҳо қарори муштараки шӯрои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ гардид, ки айни муддао аст. Умед дорем, ки барои ба амал татбиқ намудани қарори мазкур назорати ҷамоатӣ пурзӯр мегардад.
Воқеан, ҳоло масъалаи ба танзим даровардани маъракаҳоро мардум ба таври васеъ муҳокима мекунанд. Қобили зикр аст, ки аксари шаҳрвандон ин  қарорро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. 
Ба фикри мо, ин дафъа қонун қатъӣ аст ва иҷрои он низ қатъиян назорат карда мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: