ҶОНИ ДУБОРА

Гулмоҳие дар лаби дарё аз об берун монда буд. Маълум, ки борони сели шаби гузашта борида, ки то ҳол давом дошт, оби дарёро лойқаю пургард кардааст. Гулмоҳиро ҳар лаҳза марг таҳдид мекард.

Аз ин рӯ, худашро як навъ ҷамъу ҷӯр карда, тарафи соҳил ҳаракат намуд. Ҳадаф аз вартаи марг наҷот ҷустан буд. Лек сад афсӯс, ки дар соҳил низ вазъият хуб набуд. Лойи аз кӯҳпораҳо борони сел шустаоварда ҳама ҷоро хароб карда буд. Дарёи лойолуд бо садои баланд ба пеш ҳаракат мекард. Гӯё аз ноомади кор дарё гиря дошт.

Мисли ин буд, ки соҳил низ аз вазъияти номусоид ва ғайричашмдошт бе овоз гиря мекард. Соҳил ба дарёи пуртуғёну пурлой нигоҳ карда гуфт:

– Дигар маро таҳаммули шунидани фарёди ту намондааст. Дилам реш-реш мешавад. Ором шав, ором.

– Эй соҳили мурод, чӣ сон ором шавам? Нолаву фарёди худро фурӯ бурда наметавонам. Ҷигарам оташ мегирад. Ғайриихтиёр аз тангнои тан хурӯшон берун меҷаҳад. Зебоӣ ва тароват аз ман рафт... Растанӣ ва гулу буттаҳое, ки як вақтҳо маскани зебоипарастон буд, ҳама дар дами марганд. Гулмоҳиҳо дар пеши чашмам мурда истодаанд. Ман чӣ хел ором шавам? Ман ҳам дар оғӯши орзуҳои хеш зистан мехоҳам ва бо дӯстонам дар бораи зебоӣ, муҳаббат ва зиндагӣ суҳбат кардан мехоҳам. Ақаллан як лаҳза... Ин рӯзи сиёҳи маро бубин. Чӣ хел таҳаммули ин рӯзи шумро кунам? Корҳои нотамом, замини ташналаб ва армонӣ дар қафо доштам! Мехостам бо дӯстонам корҳоямро ба сомон расонам. Имрӯз мебинӣ, нобуд мешавам. Ба пеш рафтани ман дигар маъно надорад. Ман дигар нобуд мешавам, аз оби зулолам низ нишоне намонду ҷойи онро оби лойи пургард гирифт...

Дар ҳақиқат ҳазорҳо моҳӣ ва дигар ҳайвонҳои зери об мурда дар соҳил дар ҳолати хоб қарор доштанд. Рӯйи обро дарахту буттаҳое пӯшида буданд, ки як вақтҳо соҳилро бо сабзу хуррамиашон оро медоданд. Маълум буд, ки аллакай баъди як-ду рӯз ба хушкшавӣ оғоз мекунанд ва оқибаташон як хокандоз хокистар хоҳад буд... Ин чӣ рӯзи маҳшар, ки ба сари дарёву моҳӣ ва растанию гулбуттаҳои лаби соҳил омада буд?

Гулмоҳӣ нафасҳои охиринро канда-канда мекашиду зери лаб ҳасраткунон чизе мегуфт, лек сад афсӯс, ки сухани ӯро касе намешунид. Кушода мешуд даҳонаш, баланд намешуд суханаш... Соҳил, ки ин воқеаи даҳшатборро ба пуррагӣ шоҳид буд, мехост ақаллан ба гулмоҳӣ дасти мадад дароз кунад, лек имкон надошт. Соҳил тамоми нируяшро ҷамъ намуда, ашкашро поккунон ба сухан оғоз намуд.

– Эҳ шоҳи моҳиҳо, таҷассумгари ишқу зебоӣ! Оваҳ, ба ман даҳон мекушоӣ, намедонам чӣ мегӯӣ?

Гулмоҳӣ даҳонашро кушода пӯшидан гирифт. Маълум буд, ки имдодталабона чизе мегӯяд. Соҳил худашро бахшида наметавонист, ки охирин гулмоҳиро аз даст медиҳад. Аз Худованд илтиҷо намуд... Эй Яздони пок, мӯъҷизаҳоят беҳисобанд. Ин воқеаи хунбори ба сари дарё ва дӯстонаш моҳию растанию гулу себарга омадаро бартараф кун ва моҳичаро ҷони дубора бахш...

Дар ҳамин вақт боди мусоиде вазиду абрпораҳои сиёҳи девмонандро пароканда кард. Шиддати борон оҳиста-оҳиста паст шуд. Рутубати ҳаво тоза шуда, аз паси абрпораҳо чашми офтоби оламоро намудор гашт. Мисли ин ки тимсоҳ офтобро фурӯ набурда, аз даҳонаш бароварда партофта бошад, ба назар хастаҳол мерасид. Сел низ ором шуда, гӯё аз дасти бадӣ чизе намеояд, биёед оштӣ мешавем мегуфта бошад, аз вайронкорӣ даст кашид. Оби зулол дарёро пур карда, шодикунон мехост ин хушхабарро аввал ба соҳил гӯяд. Бо ҳамин мақсад, вақте зуд ба лаби соҳил омад ва муждагониро ба дӯсташ мегуфт, чашмаш ба гулмоҳӣ афтод. Моҳӣ нафасҳои вопасинро мекашид. Дигар умеди зинда монданро надошт. Дарё зуд аз оби зулолаш ба сару рӯйи гулмоҳӣ пошид. Моҳӣ аз оби зулол серӣ нӯшид ва Худованд гӯё ҷони дубора бахшид, хазида хушҳол худро ба дили дарё зад. Соҳил ва дарё хушҳол ва қаноатмандона ба ҳам нигаристанд.

Саодат Сангинова.

Вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: