Тирамоҳи соли 1932 дар оилаи истиқоматкунандаи шаҳри Самарқанд – амаки Бақо меҳмони нав ба дунё омад.
Ба навзод бо як олам орзую ҳавас Муқим ном ниҳоданд.
Падару модар ба тарбияи ӯ эътибори калон доданд. Бисёр мехостанд, ки Муқимҷон дар оянда инсони соҳибмаърифат бошад. Вақте 7 сола шуд, вайро ба мактабе, ки аз хонаашон он қадар дур набуд, доданд.
Муқимҷон дар мактаб яке аз аълохонҳо буд. Ба азхуд кардани илмҳои гуманитарӣ, забон ва адабиёти тоҷику ӯзбек, таърих, география, алгебра, физика ва геометрия саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Вақте номаи камолро ба даст гирифт, матлабашро ба волидайн изҳор кард. Гуфт, ки муаллим мешавад. Баъди дуои падару модарро гирифтан, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Тошканд супурд.
Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашта, сазовори номи донишҷӯ гардид. Ҷавони ба илм ташна сабақи ҳар як устодро пухта меомӯхт, дар семинарҳо фаъол иштирок мекард, асрори касб меомӯхт.
Баъди хатми донишкада, бино ба роҳхат ба вилояти Самарқанд омад. Шуъбаи таълими халқи вилоят Муқим Бақоевро барои кор ба ихтиёри таълими халқи ноҳияи Самарқанд фиристод. Шуъбаи таълими халқи ноҳия ӯро директори мактаб таъин кард.
Ҳамин тавр фаъолияти омӯзгории Муқим Бақоев оғоз ёфт. Ӯ барои омӯхтани асосҳои илм ба фарзанди мардум камари ҳиммат баст. Дертар бо роҳхати собиқ кумитаи комсомоли ноҳияи Самарқанд кору фаъолияташро дар низоми корҳои дохилии вилояти Самарқанд идома дод. Баъди чанд муддат маъмурияти идораи корҳои дохилии вилоят лозим донист, ки Бақоев дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Каттақӯрғон ба сифати инспектори профилактика кору фаъолияташро давом диҳад. Ин кор барои ӯ имтиҳон буд.
Дар ҳудуде, ки ӯ бояд фаъолият нишон медод, кумитаи маҳаллаи ба номи Умар Норов, истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Каттақӯрғон, дуто мактаб, комбинати гӯшт ва дигар корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буданд. Муқимҷон осоиштагии мардумро таъмин кард, пеши қонуншиканиҳоро гирифт, ҷинояткорӣ хеле коҳиш ёфт, аз санҷиш сарбаландона гузашт.
Муқим Бақоев, дар баробари таъмини осоиштагии мардум, хабару мақола ва шеър низ менавишт. Хабару мақола ва шеърҳояш дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ӯзбекистони сурх»(ҳоло «Овози тоҷик»), маҷаллаи «Садои Шарқ» рӯйи чопро медиданд. Аҳолии ҳудуд ӯро эҳтиром мекарданд, вай ба дили пиру барно роҳ ёфта тавонист.
Аз он ки дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуд ба туфайли ҳалолӣ ва матонату мардонагии ӯ ҷинояткорӣ коҳиш ёфт, Муқим Бақоевро барои кор ба шуъбаи муборизаи зидди ғорати моликияти сотсиалистӣ ва ҳаннотӣ гузаронданд.
Ӯ барои сазовори боварӣ гардидан бар зидди ҳаннотон ва ғоратгарони мулки ҷамъиятӣ беамон мубориза бурд. Қаламаш низ кор мекард. Мақолаҳои танқидиаш ба сифати мухбири ҷамоатӣ чоп мешуданд, дар навиштаҳояш ниқоб аз рӯйи ҳаннотону фиребгарон мегирифт, онҳоро фош мекард. Дар ин кор донишҳои ҳуқуқӣ ва малакааш ёрдам медод. Дертар ба афсари ҳуқуқшинос вазифаи пурмасъули дигареро пешниҳод намуданд. Вай дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Каттақӯрғон ба сифати муфаттиш кор сар кард.
Дар ин вазифа низ чун ҳуқуқшиноси касбӣ кору фаъолият нишон дод. Мӯшикофона, бо исботу далелҳо айби ҷинояткоронро ёфта ба гарданашон мемонд, адолати иҷтимоиро барқарор менамуд.
Дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Каттақӯрғон вақте ходимони соҳа устоди худ Муқим Бақоевро бо самимияти тамом ба ёд меоваранд, дар симои ӯ ҳамеша адолат, инсони поку ҳалол ва мухбири фаъоли ҷамъиятиро мебинанд.
Сад дареғ, ки марги бемаҳал чекисти соҳибтаҷрибаро соли 1989 аз байни ҳамкасбон бурд.
Ғайрат ШУКУРОВ,
журналисти собиқадор.