ҶОНҲО ФИДОИ МАРДУМОНИ НЕКНОМ БОД

Ҳар як шахс дар зиндагӣ ба андозаи ақлу хирад, фазилату дониш, одамиву одамгариаш сазовори обрӯ, соҳиби мақому мартаба мегардад ва дар хотираҳо нақш мебандад.

Дар замири мо намеғунҷад ба ғайр аз дӯст кас, 
Ҳарду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас.
Ҳар як шахс дар зиндагӣ ба андозаи ақлу хирад, фазилату дониш, одамиву одамгариаш сазовори обрӯ, соҳиби мақому мартаба мегардад ва дар хотираҳо нақш мебандад. Одамони нек шабеҳи мушканд, ки аз худ бӯйи хуш афканда, дилҳоро тасхир месозанд. Муносибати хубу забони ширини онҳо ба атрофиён болу пар, оромиву осудагӣ мебахшад. 
Забоншинос ва муҳаққиқ,номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳамроқул Бердиқулов аз зумраи шахсоне буд, ки бо амал, рафтор ва хоксориаш дар умқи  дили бисёр шогирдон ва ҳамкорон маскан гузидаанд. Муносибати самимӣ ва дӯстонааш дар дарс, кӯча ва кор моро дар ҳайрат мегузошт. Дар ҳар ҷо бо ҳар кас ба шеваву усул ва муносибати махсус дар суҳбат мешуд. Дар шахсияти вай одамгарӣ, қадрдонӣ, масъулиятшиносӣ, накӯкорӣ барин хислатҳои ҳамида муҷассам буданд. Ҳамроқул Бердиқулов олими донишманд ва шахси ботамкин буд.
Ӯ 9 июли соли 1954 дар деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳи худ гирифт. Қобилияти худодод, меҳру муҳаббат ба илм ва саъю талоши пайваста Ҳамроқул Бердиқуловро ба фатҳи қуллаҳои илм ҳидоят намуданд. Ӯ солҳои 1972-1976 дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи педагогии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил кард. Пас аз хатми донишкада солҳои 1976-1977 дар мактаби миёнаи рақами 3-юми деҳаи Арабхона аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Руҷӯъ ба илм ӯро водор сохт, ки соли 1978 боз ба факултети хатмкардааш баргардад. Сараввал дар вазифаи лаборанти кафедраи забони тоҷикӣ ва баъдан ба ҳайси муаллими ҳамин кафедра кор кард. Аз пайи кори илмӣ шуд. Олими ҷавон пайваста бо таълим дар пажӯҳиши масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик ширкат варзида, паси ҳам мақолаҳои илмӣ интишор намуд. Кӯшишу ғайрати олими ҷавонро олимони шинохтаи ин даргоҳи илм пай бурда, пешниҳод карданд, ки бо мавзӯи мушаххас машғул шавад. Шиносоӣ бо доктори илмҳои филологӣ, профессор Насриддин Шарофов самти пажӯҳиш ва таҳқиқи ӯро муайян сохт. Соли 1990 бо роҳнамоиву  ҳидояти ин устоди бузург мавзӯи таҳқиқ, рисолаи илмии Ҳ. Бердиқулов «Лексикаи чорводории водии Зарафшон» тасдиқ гардиду унвонҷӯ ба таҳлилу тадқиқи амиқу густурдаи ин масъалаи муҳими забошиносии тоҷик – лексикаи шевашиносии чорводорӣ машғул шуд. Ӯ дар муддати кӯтоҳ ба мағзи мавзӯи интихобкардаи худ ворид гардид. Вай ба пажӯҳиши ду мавзӯи муҳим: ҷамъбасти илмии шеваи шимолӣ ва луғати мухтасари лаҳҷаҳои шимолӣ камар баст. Мақсади асосӣ он буд, ки лаҳҷашиносии тоҷик ва тамоюли онро ба самти нави тадқиқ равона созад. Бояд қайд кард, ки бо машварату раҳнамоии устодаш, профессор Н. Шарофов усули тадқиқи яклухт ва муназзами гурӯҳи лаҳҷаҳои тоҷикони водии Зарафшонро муайян кард. Дар  ҷараёни фаъолият намунаи дастовардҳояш дар маҷаллаву маҷмӯаҳои гуногуни илмии ватанию хориҷӣ ба нашр расиданд. Аз ҷумла, «Истеъмоли калимаҳои арабӣ дар шеваҳои шимолӣ», «Истилоҳҳои хосса дар лаҳҷаҳои гурӯҳҳои шеваҳои шимолӣ», «Ибораҳои махсуси лаҳҷавӣ дар шеваҳои шимолӣ», «Истеъмоли калимаҳои ӯзбекӣ дар шеваи ноҳияи «Косонсой»-и вилояти Намангон», «Вазъи истеъмоли калимаҳои шевагӣ дар асарҳои Айнӣ» ва ғайра. 
Ҳ. Бердиқулов бо маълумоти ниҳоят мухтасари асарҳои лаҳҷашиносӣ доир ба шеваи шимолӣ қонеъ нашуда, тайи чанд сол мунтазам дар экспедитсияҳои лаҳҷашиносӣ ширкат варзида, аз минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла Бухоро, Қаршӣ (Кеш), Косонсой, Фарғона ва ғайра маводи фаровоне ҷамъ овард. Дар натиҷаи ин саъю ҳаракат ва суботкорӣ «Луғати мухтасари шеваи гурӯҳҳои шимолӣ» рӯйи кор омад.
Ҳамроқул Бердиқулов ба нооромиҳои ҷанги бародаркушии Тоҷикистон нигоҳ накарда, соли 1993 дар Душанбе рисолаи номзодии худро дифоъ намуд. Бояд гуфт, ки Ҳамроқул Бердиқулов забоншиноси пурмаҳсул буд. Ӯро бинобар корҳои илмию тадқиқотиаш нафақат дар ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди мамлакат низ хуб мешинохтанд. Мавсуф муаллифи зиёда аз 130 номгӯйи асару мақолаҳои илмию методӣ мебошад, ки минбаъд дар рушди забоншиносии тоҷик чун сарчашмаи илмӣ истифода гардидаанд. Дар ин самт аз ҷониби муҳаққиқ зиёда аз шаш рисолаву асарҳои калонҳаҷми илмӣ интишор шуданд. «Лексикаи чорводории водии Зарафшон» (монография), »Луғати мухтасари лексикаи чорводорӣ», «Намунаҳои назму насри форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХХ», «Забон ва услуби Савдо», «Шевашиносии тоҷик», «Назарияи забоншиносӣ» ва ғайра аз ин зумра мебошанд. Устод Бердиқулов якҷо бо фаъолияти илмиву педагогӣ вазифаҳои мухталифи ҷамъиятӣ, аз ҷумла декани факултаи филологияи тоҷик (1996-2001 ва 2006-2007), ҷонишини декан оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатӣ (2003-2006), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик(солҳои 2012- 2016)-ро низ дар ӯҳда дошт. Фаъолияти педагогиаш доираи васеи бахшҳои забоншиносиро фаро мегирифт. Ӯ дар шуъбаи бакалавриат аз фанҳои «Шевашиносии тоҷик», «Назарияи забоншиносӣ» дар шуъбаи магистратура аз фанҳои «Масъалаҳои назарияи забоншиносӣ», «Этимология» дарс мегуфт. Мавсуф барои хидматҳояш дар роҳи пуршебу фарози илм бо унвони ифтихории «Аъ-лочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (1996), нишони сарисинагии «15-солагии истиқлоли Ӯзбекистон» (2006) қадрдонӣ шудааст. Устод Ҳамроқул Бердиқулов соли 2020 аз олам даргузашт. 
Имрӯз самараи заҳматҳои тӯлонии устод дар симои шогирдонаш, ки дар соҳаҳои мухталифи ҷамъиятӣ фаъолият доранд, падидор мешавад.
Ӯ дар дили мо – ҳамкорон, дӯстон ва шогирдон чун шахси хоксору меҳрубон, поктинат, фидокор, ростқавлу ташаббускори дорои хиради баланд ва донишманди варзида боқӣ мондааст. Мо аз он ифтихор дорем, ки пайрав ва давомдиҳандаи кори ӯ ҳастем. Имрӯз ӯ дар байни мо нест, вале амалу хотироти некаш ҳамеша бо мост. 
Мард намирад ба 
марг, марг аз ӯ 
номҷӯст,
Ном чу ҷовид шуд, 
мурданаш осон 
куҷост? 

Абдуваҳҳоб ВОҲИДОВ
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: