Ҷопон ба Ӯзбекистон беподош ба маблағи беш аз 6 миллион доллар контейнерҳои тиббии сайёр медиҳад

2 июли соли 2024 вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хатори Такашӣ ба нотаҳои мубодилаи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ба маблағи 3 миллиард йен (6,3 миллион доллар), ки дар доираи кумаки беподоши Ҳукумати Ҷопон амалӣ мегардад, имзо карданд.

Ҳамин тариқ ба Ӯзбекистон 4 контейнери иловагии тиббии сайёр, ки бо сканерҳо барои томографияи компутерӣ, таҷҳизоти рентгенӣ муҷаҳҳаз гардонда, имкони расондани ёрии самарабахши тиббиро бо баромадан ба саросари кишвар фароҳам меорад, дода мешавад.

Ҷонибҳо пайравии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, аз он ҷумла беҳдошти дастрасӣ ба хидматҳои баландсифати тиббӣ дар Ӯзбекистон изҳор карданд.

Сканерҳои томографияи компутерӣ барои ташхиси як қатор бемориҳо беназиранд. Контейнери тиббии сайёрро дар ҳар нуқта, аз ҷумла дар ҳолатҳои фавқулодда ҷойгир кардан мукин аст. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: