Ҷопон бар зидди буҳрони демографӣ ҳафтаи кории чоррӯзаро ҷорӣ мекунад

Токио роҳи нави мубориза бо буҳрони демографиро интихоб кардааст –ҳафтаи кории чоррӯзаро озмуда мебинад. Ин қарор дар пасманзари вазъи рӯ ба камшавии сатҳи таваллуд дар Ҷопон қабул шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар яке аз шаҳрҳои бузургтарини кордеҳи кишвар – Токио, кормандон иҷозат доранд, ки танҳо чор рӯз дар ҳафта кор кунанд. Ин навовариҳо ба коҳиши фишор ба занон ва баланд бардоштани сатҳи таваллуд дар кишвар равона шудаанд.

Дар доираи ин ислоҳот, кормандон на танҳо ҳақ доранд, ки чор рӯз дар ҳафта кор кунанд, балки метавонанд барои нигоҳубини кӯдакон қисман рухсатӣ гиранд. Ин ташаббус имкони кӯтоҳ кардани рӯзи кориро то ду соат фароҳам меорад, ки барои волидайн хеле муҳим аст.

«Мо корро ба тавре мутобиқ мекунем, ки занон барои ҳомиладорӣ ё нигоҳубини кӯдакон маҷбур нашаванд, ки карераи худро қурбон кунанд», - гуфт губернатори Токио Юрико Коикэ.

Тибқи маълумотҳо, сатҳи таваллуд дар Ҷопон ҳашт сол пайиҳам коҳиш меёбад. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 350 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 дарсад камтар аст.

Қайд шудааст, ки ҳукумати Ҷопон даҳсолаҳо аст, ки барои афзоиши таваллуд чораҳо меандешад: субсидияҳо барои боғчаҳо, рухсатиҳо барои нигоҳубини кӯдакон ва ҳатто таътилҳои махсус барои шиносоӣ ва издивоҷ. Аммо самараи онҳо хеле ночиз боқӣ мондааст, зеро бори вазнини корӣ ба занон ва фарҳанги меҳнат тағйир наёфтааст.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки кӯтоҳ кардани ҳафтаи корӣ метавонад тақсими баробари вазифаҳои хонагӣ ва беҳбуди тарзи зиндагиро таъмин кунад. Таҷрибаҳо дар шаш кишвар нишон додаанд, ки мардон бо фарзандони худ бештар вақт мегузаронанд ва дар корҳои хона фаъолтар иштирок мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: