ҶОПОН ДАР ФИНАЛ

Дар доираи аввалини бозии нимфинали Ҷоми Осиё дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Эрон барои пирӯзӣ талош варзиданд.

Дар ин сабқати муҳим омад ҷониби «самурайҳои кабуд» буд, онҳо тавонистанд шогирдони Карлос Кейрушро бо ҳисоби калон — 3:0 шикаст дода, ба финал роҳхат гиранд. 
Бояд гуфт, ки дар ин бозии пуршиддат ба футболбозони эронӣ бо вуҷуди саъю кӯшишҳои зиёд пирӯзӣ даст надод. 3 голи беҷавобе, ки дар қисми дуюми бозӣ аз ҷониби бозингарони ҷопонӣ ба дарвозаи дастаи мунтахаби Эрон зада шуд, ғалабаи бечунучарои шогирдони Хажиме Мориясуро таъмин кард.  
Тавре ки маълум аст, дар давраи чорякфинали мусобиқа Австралия аз дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда бошад, Қатар дастаи Куриёи Ҷанубиро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, ба нимфинал роҳхат гирифта буд. Вай дар нимфинал бо дастаи мизбонон Аморати Муттаҳидаи Араб рӯ ба рӯ шуд ва... 
РОБЕРТО КАРЛОС ДАР ТОШКАНД
Футболбози афсонавии бразилиягӣ Роберто Карлос ба шаҳри Тошканд омад. Дар нишасти матбуотие, ки баргузор гардид, дар бораи ӯ маълумоти муфассал дода шуд. 
Таъкид гардид, ки ситораи футболи ҷаҳон Роберто Карлос пас аз вохӯрӣ бо роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар майдони сунъии АФӮ барои футболбозони наврас мастер-класс гузаронд. Вай ҳамчунин, барои бачаҳои  шаҳр ва вилояти Тошканд дарси маҳорат намоиш дод. Баъди он якҷо бо ситораҳои собиқадори футбол ва мини-футболи кишвар дар сафи футболбозони собиқи дастаи «Пахтакор» ва ҷамоаи мунтахаби Ӯзбекистон дар ду қисм бозӣ кард. Чемпиони ҷаҳон мувофиқи барнома ба Хонаи меҳрубонии ба номи А.Хлебушкина ташриф оварда, бо тарбиятгирандагон вохӯрд ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурд. 

М. ҚОДИРЗОДА.

ТАЛОШИ ШОҲМОТБОЗОНИ ҶАВОН

Дар мактаби таълими умумии рақами 7-уми шаҳри Гулистон мусобиқаи шоҳмотбозони ҷамоаҳои ҷавони мактабҳои шаҳр баргузор гардид.  Дар мусобиқа аз 18 мактаби тобеи шуъбаи таълими халқи шаҳр довталабон иштирок карданд. 
Дар он ҷамоаи шоҳмотбозони мактаби таълими умумии рақами 16-уми шаҳр ғолиб омад.  Шарафи мактаби номбурдаро хонандагон Нафиса Отабоева,  Рухшона Абдуллоева,  Зуҳриддин Тағоймуродов ва Лоиқ Боқиевҳо ҳимоя карданд. 
Ҷойи дуюм ба ҷамоаи шоҳмотбозони мактаби рақами 11-ум,  ҷойи сеюм ба ҷамоаи мактаби рақами 15-ум насиб гардид. 
Мувофиқи натиҷаи бозӣ ҷамоае, ки дар миқёси шаҳр пирӯзиро ба даст овард, ба давраи вилоятии мусобиқа роҳхат гирифт.
 
Турсунбой ХОЛЙИГИТОВ,  
омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 16-уми шаҳри Гулистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: