Ҷопон дар ҷаҳон аввалин автобус-поездро ба роҳ монд

Дар шаҳри Кайои префектураи Токушимаи Ҷопон дар ҷазираи Сикоку дар ҷаҳон нахустин қатора ва автобуси гибрид ба кор даромад, ки метавонад ҳам дар роҳи нақлиёти автомобилӣ ва ҳам дар релс ҳаракат кунад, менависад нашри «The Japan Times».

Воситаи ҳаракати  дуреҷимаи DMV ба автобусе монанд аст, ки дар пеш чархҳои роҳи оҳани кашидашаванда дорад. Вақте ки ин нақлиёт ба роҳи оҳан меояд, ронанда чархҳои роҳи оҳанро мефурорад, ки ин 15 сонияро дарбар мегирад. Чархҳои пеши автомобилӣ баланд шуда, ба рельс намерасанд, дар ҳоле ки чархҳои қафои автомобил дар рельс ҳаракат мекунанд, менависад “Rg. ru”.

Мошини дизелии DMV метавонад 21 мусофирро ғунҷоиш диҳад, суръати ҳаракат дар роҳи оҳан 60 км/соат ва дар шоҳроҳ тақрибан 100 км/соат мебошад.

Барои коркарди DMV тақрибан даҳ сол лозим шуд, изҳор намуд ҳангоми муаррифии мошини нав Шигэки Миура, мэри Кайо, ки ҳамзамон президенти ширкати “Asia Coast Railway Co.” мебошад, ки ба коркарди DMV маблағгузорӣ кардааст.

Таҳиягарон ва мақомоти префектура умедворанд, ки воситаи нақлиёти нав сайёҳонро ҷалб мекунад, инчунин сафари пиронсолонро осон мекунад, зеро он метавонад ҳам дар шоҳроҳ ва ҳам дар роҳи оҳан истифода шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: