Ҷорӣ кардани механизмҳои бозорӣ ба соҳаи ғаллапарварӣ идома дода мешавад

  • Ҷорӣ кардани механизмҳои бозорӣ ба соҳаи ғаллапарварӣ идома дода мешавад
  • Ҷорӣ кардани механизмҳои бозорӣ ба соҳаи ғаллапарварӣ идома дода мешавад
  • Ҷорӣ кардани механизмҳои бозорӣ ба соҳаи ғаллапарварӣ идома дода мешавад
  • Ҷорӣ кардани механизмҳои бозорӣ ба соҳаи ғаллапарварӣ идома дода мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев 11 май бахшида ба марҳалаи муҳими ислоҳот дар ғаллапарварӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Вақтҳои охир дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи маводи ғизоӣ бо суръат боло меравад. Нархи 1 тонна гандум дар биржаҳои байналмилалӣ аз аввали сол афзоиши 30 фоизаро нишон дода,  аз 400 доллар гузашт.

Барои ба даст овардани устувории нарх зарурати ҷорӣ кардани механизмҳои бозаргонӣ дар соҳаи ғалла ба миён омад. Вобаста ба ин, дар ҷаласа масъалаҳои зиёд намудани пешниҳод дар бозор аз ҳисоби таъмини манфиатнокии фермерон, баланд бардоштани ҳосилнокӣ баррасӣ шуданд.

Солҳои охир дар минтақаҳо зиёда аз 160 корхонаи калони хусусии нонпазӣ бо иқтидори тақрибан 3 миллион тонна ба истифода дода шуд. Соли гузашта дар кишвар ҳудуди 3,5 миллион тонна орд истеҳсол шудааст, ки 54 дарсади он ба корхонаҳои хусусии ғалла рост меояд.

Дар ҷаласа нокомии 43 корхонаи ғаллаи ширкати “Ӯздонмаҳсулот” дар шароити нави бозор зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Истифодаи бесамари иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин то ҳол ба мушоҳида расидани ҳодисаҳои дуздӣ дар корхонаҳои давлатии ғалла қайд гардид.

Қайд гардид, ки низоми пештараи фаъолияти корхонаҳои давлатии ғалла на ба ғаллапарварон ва на ба корхонаҳои коркард фоида меорад.

Қайд карда шуд, ки вақти гузоштани қадами муҳими навбатии қабули қарори деринтизори мардум ва фермерони Ӯзбекистон – тадриҷан бекор кардани фармоиши давлатии ҷамъоварии ҳосил ва ташкили бозори воқеии ғалла расидааст.

Сарвари давлат гуфт, ки аз 1-уми июн пас аз анҷоми корҳои зарурии ташкилӣ ҳангоми хариду фурӯши ғалла аз ҷониби давлат гузаштан ба нархҳои бозорӣ сурат мегирад.

Давлат барои фермерон ва кластерҳо ҷиҳати ба биржа баровардани ғалла тамоми шароитро фароҳам меорад. Нархи як тонна гандуми барои эҳтиёҷоти давлат харидашуда аз 1 миллиону 550 ҳазор сӯми соли гузашта барои ҳосили имсола ба 3 миллион сӯм зиёд карда мешавад.

1 миллиону 783 ҳазор тонна гандуми аз ҳисоби Хазинаи хоҷагии қишлоқ харидашуда дар асоси эҳтиёҷот ба биржа гузошта мешавад. Дар баробари ин ба фермерон аз рӯи нархҳои миёнае, ки дар биржа дар моҳҳои июл-август ташаккул ёфтаанд, фарқи мусбат дода мешавад. Имсол давлат ба ин мақсадҳо бештар аз 6 триллион сӯм ҷудо мекунад.

Илова бар ин, 500 ҳазор тонна гандум, ки дар ихтиёри деҳқонон боқӣ мемонад, барои нигаҳдории муваққатии корхонаҳои нонпазӣ қабул карда шуда, аз 1 июли соли ҷорӣ бори нахуст фермерҳо ва кластерҳо метавонанд мустақилона онро бо нархи бозор ба фуруш гузоранд. Дар баробари ин давлат хароҷоти нигаҳдории муваққатии 500 ҳазор тонна гандуми зикршударо ба зимма мегирад. Фермерон инчунин аз пардохтҳои биржавӣ барои ҳосили ғаллаи соли 2022 озод карда хоҳанд шуд.

Сарвари давлат ба шахсони масъул дастур дод, ки дар биржа қайди фермерон ва кластерҳоеро, ки ғалла ҷамъоварӣ мекунанд,  ташкил намуда, ба онҳо брокерҳо вобаста намуда, ба савдои биржа омӯзонида шаванд.

Барои ҳосили имсолаи ғалла 7,6 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Барои он ки тартиби нав пурра, одилона ва шаффоф кор кунад, ҳар як сӯм сари вақт ва пурра ба фермеру кластерҳо расида, низоми назорати ҳамарӯза барои пешгирии болоравии нарх ва камчинии маҳсулот ҷорӣ карда мешавад.

– Соҳибони аслии ғалла фермерону кластерҳо мебошанд, – гуфт сарвари давлат. – Минбаъд бо баҳонаи иҷро нашудани план дар ноҳия, зарурияти хӯрока барои чорвопарварӣ, мурғпарварӣ ва моҳипарварӣ аз деҳқонон кашида гирифтани ғалла қатъиян манъ карда мешавад. Дар ҳаракати ғаллае, ки тавассути биржа фурӯхта мешавад, маҳдудият ҷорӣ нахоҳад шуд, – гуфт сарвари давлат.

Барои сарпур гардондани маблағи гардони «Ўздонмаҳсулот» ва корхонаҳои хусусӣ захираҳо ба миқдори 800 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.  

Президент дастур дод, ки шумораи корхонаҳои замонавӣ, ихчам ва каммасрафи орд зиёд карда, майдонҳои кишти ғалла васеъ ва ҳосилнокии он баланд бардошта, низоми ҷуброни хароҷоти нақлиёт барои интиқоли орд ва маҳсулоти орд ба деҳаҳои дурдаст ҷорӣ карда шавад. Ба ҳокимони вилоятҳо ҷиҳати пешгирии камчинӣ дар бозор ва таъмини устувории нархҳо тавассути ворид намудани орд ва маҳсулоти ордӣ аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар масъулияти шахсӣ гузошта шуд.

Хусусигардонии корхонаҳои маҳсулоти нонӣ низ суръат мегирад. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки то 1 август саҳмияҳои давлатии 20 корхонаи ғалларо ба фурӯш гузоранд.

Ба рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дохил карда шуданд.

Дар моҳҳои март-майи соли ҷорӣ бар асари боришоти шадид дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Намангон, Самарқанд, Сурхондарё, Сирдарё ва Тошканд ҳудуди 15 маротиба обхезӣ ва лағзиши шадид ба амал омад. Дар натиҷа 9 нафар ба ҳалокат расиданд. 245 хона, 19 купрӯк вайрон шуд, зиёда аз 450 cap чорво нобуд шуд.

Гуфта шуд, ки ин ҳам аз он аст, ки дар минтақаҳое, ки хатари обхезӣ ва ярч зиёд аст, солҳои тӯлонӣ сохтмони хараҷумараҷӣ ва обёрии бесарусомонӣ сурат гирифтааст.

Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки дар ҷойҳое, ки дарёву рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ ҷорӣ мешаванд, ситодҳои шабонарӯзӣ таъсис дода, шумораи дастаҳои наҷотдиҳӣ зиёд карда шуда, вазъи омодагии соҳили дарёҳо, обанборҳо ва иншооти аз обхезӣ муҳофизатшаванда ба ҳолатҳои фавқулодда омӯхта шуда, сокинон аз минтақаҳои хатарнок ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: