ҶОРӢ НАМУДАНИ ТИК ШАФФОФИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ СУДҲОРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД

Дар тӯли ҳазорсолаҳо фаъолияти судҳо дигар шуд, шакл ва тартиботи он такмил ёфт, аммо моҳият ва ҳадафи ин шохаи ҳукумат бетағйир монд.

Дар тӯли ҳазорсолаҳо фаъолияти судҳо дигар шуд, шакл ва тартиботи он такмил ёфт, аммо моҳият ва ҳадафи ин шохаи ҳукумат бетағйир монд. Ин саъй ба ҳифзи  ҳуқуқҳои қонунии инсон ва ноил гардидан ба суди одил аст.
Мутаассифона, дар таърих ҳолатҳои вайрон кардани тамоюлҳои асосии ҳукми суд зиёд ба мушоҳида мерасанд. Барои бартараф намудани мушкилоти чандинасраи мақомоти судӣ манбаъ ва системаҳои нави иттилоотӣ таҳия гардиданд, ки аллакай дар кишварҳое чун Олмон, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия ва Эстония татбиқ карда шуданд.
Барои ворид кардани чунин технологияҳо ба низоми  суди мамлакати мо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои рақамисозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ» аз 4 сентябри соли 2020 қабул шуд. Ҳуҷҷати мазкур ба ҳавасмандгардонии либерализатсияи институти муроҷиати шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ ба судҳо оид ба  ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ,  баланд бардоштани сатҳи адолати судӣ, инчунин таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти судҳо дар маҷмӯъ тавассути истифодаи дастовардҳои замонавии илмӣ нигаронда  шудааст.
То имрӯз ба фаъолияти судҳои ватанӣ низоми муроҷиати фосилавӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ бо истифодаи алоқаи видеоконфронс, тақсимоти автоматии парвандаҳо байни судяҳо, нашри қарорҳои суд дар Интернет,  интиқоли ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷрои ҳатмӣ дар шакли электронӣ аллакай ҷорӣ карда шудаанд.
Марҳилаи навбатии рақамисозии фаъолияти мақомоти судӣ васеъ гардондани намудҳои хидматҳои интерактивии электронӣ, ки аз ҷониби судҳо ба шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳод мегарданд, таъмини  назорати онлайнии ҷараёни баррасии ҳар як муроҷиат, фароҳам овардани имконияти истифодаи озод аз хидматҳои интерактивӣ дар биноҳои судиро пешбинӣ менамояд.
Минбаъд васеъ гардондани  мубодилаи тарафайни электронии маълумот бо вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳо барои таъмини қабули фаврии иттилооти ба татбиқи адолат дар судҳо зарур низ самти афзалиятнок интихоб гардид.
Барномаҳои махсуси иттилоотӣ ба таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти ҷомеаи судӣ мусоидат намуда, имконияти фосилавӣ иштирок намудан дар ҷаласаҳои судӣ, аз ҷумла тавассути  воситаҳои мобилӣ ва дигар шаклҳои ҳамкории электрониро фароҳам меорад. Онҳо, инчунин, шароит фароҳам меоранд, ки ҷонибҳо қарорҳои судро онлайн гиранд.
Бо қарор Барномаи рақамисозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ дар солҳои 2020-2023 тасдиқ шудааст, ки сабти мурофиаҳои судиро дар ҳамаи судҳо тавассути сабти аудиоӣ дар асоси дархости тарафҳо оид ба парванда ва розигии раисикунанда, инчунин ташаккули протоколҳои мурофиаҳои судӣ бо истифода аз ин низом пешбинӣ менамояд. Ин тартиб аз 1 январи соли 2021 оғоз мешавад. Барои фароҳам овардани қулайӣ ба иштирокчиёни мурофиаҳои судӣ аз 1 октябри соли 2021 ба онҳо ройгон SMS-хабарҳо бо маълумот дар бораи вақт ва ҷои мурофиаи суд фиристода мешаванд.
Дар доираи барнома то 1 июли соли 2022 тақрибан 10 хидмати нави интерактивӣ таҳия ва ба кор дароварда мешавад. Навоварӣ танҳо бо фаъолияти судҳо маҳдуд намешавад. Ҳамин тавр, аз 1 январи соли 2023 пешниҳод ва қабули парвандаҳо ба Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли электронӣ сурат мегирад.
Мувофиқи «харитаи роҳ»-и оид ба ҳамгироии низоми иттилоотии судҳо бо системаҳои иттилоотии мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ тасдиқшуда низоми иттилоотии 28 мақомот ва ташкилот ба системаи иттилоотии Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зина ба зина пайваста мешавад. Дар натиҷаи чунин ҳамгироӣ судҳо дар раванди баррасии парвандаи муайян метавонанд маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро бевосита аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар шакли электронӣ гиранд.
Барои ташкили механизме, ки имкони ба шакли электронӣ пешниҳод намудани  даъворо фароҳам меорад, аз 1 январи соли 2022 ба фаъолияти судҳо Маҷмӯи низоми иттилоотии «Адолат»  ҷорӣ карда хоҳад шуд. Он дорои як қатор хусусиятҳои нав мебошад. Аз ҷумла, тавассути василаи худ, шахсони манфиатдор метавонанд ҷараёни баррасии даъво, ариза ва шикоятҳоро онлайн назорат кунанд. Система ба таври автоматӣ ҳуҷҷатҳои судро ташаккул медиҳад.
Низоми судии Ӯзбекистон наметавонад танҳо аз роҳи вусъати ҳайати судяҳо ва дастгоҳи судҳо такмил ёбад, бояд сифатан пеш равад. Васеъ истифода бурдан аз технологияҳои иттилоотӣ яке аз чунин самтҳо ба ҳисоб меравад.

Роман БОНДАРЧУК,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: