ҶОЗИБАИ СУРУД

Бо тақозои вазифа ба Мактаби мақоми Бухоро омада, ба навиштаҷоти гуногуни толори воқеъ чашм медавондам.

Бо тақозои вазифа ба Мактаби мақоми Бухоро омада, ба навиштаҷоти гуногуни толори воқеъ чашм медавондам. Ногоҳ садои форами оҳанг ба гӯш расида маро гӯё як лаҳза сеҳр кард. Аз паси он овози пурҷозибае баланд шуд:
Ҷоно, ту будӣ, дардима 
дармон,
Ҳар дам қилураман жонимни 
қурбон...
Аҷиб. Ин ҳамон овозе буд, ки чанд даҳсола муқаддам ба воситаи радио танин андохта, дилҳоро ба ҷӯш меовард. Беихтиёр, сӯи овоз қадам ниҳодам. Ба ростӣ ин овоз замоне ба дилҳо роҳ ёфта, мо — ҷавононро беихтиёр сӯи худ мекашид ва водор месохт, ки қоили зебоии нотакрори забони модарӣ шавем:
Ин дили ҷӯшони ман аз баҳри 
олам шеърталаб,...
Куйлагим келди юракдан 
ӯзбеку тожикчалаб.
Солҳои зиёд мо аз ин овоз ва суруду таронаҳои ба дил наздик, ки хумораш дар дил маъво дошт, хеле дур шуда будем. Ниҳоят, вай аз нав зинда шуда, дил боз сӯи ин овоз такопӯ дорад. «Соҳиби ин овози пурафсун сарояндаи хушадо Мавлуда Самандарова аст». Инро аз дил гузаронида беихтиёр ба дари рӯ ба рӯям ангушт задам. Муаллима, ки машғулияти навбатиашро бо шогирдаш ба поён мерасонд, бандаро самимона қабул кард. Баъди лаҳзае ӯ аз мақсадам огоҳ гардида ба шогирдаш супориш ва иҷозати рафтан дод. Ҳамин тариқ, мулоқоти мо бо вай ба амал омад.
62 сол муқаддам дар хонадони ронандаи санъатдӯсти шаҳри Бухоро Абдувосеъ Самандаров хурсандӣ рух дод. Ҳамсараш Робия Содиқова фарзанди сеюми оила – духтараки ситорагармро ба дунё овард. Аз пою қадами мубораки духтарчаи дӯстрӯ муҳити хонадон пурфайз гардид. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 17-уми ба номи Ҳамза истеъдоди ӯ дар соҳаи санъат зоҳир гардид. Суруду таронаҳои вай тадбиру ҷамъомадҳои мактабро зеб медоданд. Ҷамоаи таълимгоҳ он гоҳ, аллакай, дарк карда буданд, ки Мавлудаи наврас рӯзе ба булбули хушхони боғи санъати диёраш табдил ёфта, бо созу овози худ дилҳоро тасхир менамояд. Ҳамин тариқ, М. Самандарова баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар шуъбаи мусиқии Омӯзишгоҳи педагогии таълими томактабии Бухоро давом дода, баъди чор сол онро хатм кард. Фаъолияти меҳнатии вай соли 1980 дар боғчаи бачагонаи рақами 23 оғоз ёфт. Ӯ дар он ҷо ба наврасон оҳангу суруд омӯхт. Дар айни замон бо мақсади такмили дониши худ ба шуъбаи ғоибонаи суруд ва мусиқии Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро дохил шуд. Таҳсили таълимгоҳи олӣ  поён ёфту санъаткори пуртаҷрибаро ба коллеҷи санъати Бухоро ба номи Мухтор Ашрафӣ ба кор гирифтанд. Вай даҳ соли расо он ҷо фаъолият нишон дода, баъд даҳ соли дигар дар коллеҷи маданият кор кард. Ҳоло бошад, ҳамчун устоди сурудхонии анъанавии  Мактаби ихтисосонидашудаи мақоми Бухоро ба мақомхонони оянда асрори ҳунар меомӯзад.
Аввалин суруде, ки Мавлуда Самандароваро ҳамчун овозхони боистеъдод ба мухлисони сершумор муаррифӣ кард, ин «Ширу шакар» (шеъри Мукаррама Ғаффорова, оҳанги Ӯлмас Расулов) буд.Агар гӯем, ки вай дар соли1976 бо ин сурудаш мулки дилҳоро фатҳ  намуд, муболиға нахоҳем кард.Пас аз як сол роҳбари дастаи мақомхонони «Сайқал» Ӯ. Расулов М. Самандароваро барои кор ба ҷамоааш таклиф намуд. Ҳамин минвол ҳамкории эҷодии ду санъаткор бо ҳам равнақ ёфт. Сурудҳои яке аз дигаре пурҷозибаноктари овозхон «Тингла булбул», «Асра қизил гулингни», «Ман садқа», «Сархонаи ҷавонӣ», «Сархонаи забонӣ», «Нозанин» маҳсули он солҳост.
Гуфтан ҷоиз аст, ки солҳои минбаъда М. Самандарова дар як қатор озмунҳои эҷодӣ ва ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвонҳои «Санъатам-саодатам», «Мо аз Бухоро», «Ӯзбекистон месарояд» иштирок намуда, бо савту сурудҳои пурҷозибааш байни мардум шӯҳратёр гардид.
Ҳамкории эҷодӣ, дӯстӣ бо устоди санъат Ӯлмас Расулов, ҳаммаслакию якдигарфаҳмӣ дар давоми солҳо ниҳоят тақдири эшонро бо ҳам пайваст. Онҳо ҳоло соҳиби ду писару як духтар ва ҳашт набера мебошанд. Нахустфарзанд Ӯктамҷон Расулов низ пайрави касби падару модар, корманди Донишкадаи маданияти Тошканд, устоди танбӯр аст. Умедҷон Расулов — коргардони овози телевизиони «Бухоро». Нозимахон – пазанда. Набераҳояшон (фарзандони Ӯктамҷон) низ дар омӯзишгоҳи мусиқии Тошканд ба номи Успенский асрори ҳунар меомӯзанд. Ду моҳ муқаддам аҳли хонадон 70-солагии сарвари сулола Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Ӯлмас Расуловро якҷо бо аҳли ҳунар ҷашн гирифтанд.
Таҳти раҳнамоӣ ва ғамхориҳои ду ҳунарманди асил Ӯлмас Расулов ва Мавлуда Самандарова бисёр ҷавонони болаёқат ба олами ҳунарҳои зебо қадам ниҳода дар ин соҳа пайроҳаи хешро ёфтанд.
– Замоне барномаҳои консертии устодони нотакрори санъати мардумии Бухоро Тӯҳфахон Пинхасова ва Олияхон Ҳасановаро дида оламгир будани ин ҳунарро дарк карда будам.Шукри беҳад, ки ҳоло ба пайравони муносиби ин санъати воло ҳақи устодӣ дорам. Ғолибмурод Бозоров, Фирӯза Очилова, Рухсорахон, Зарифа Зарипова, Шаҳина Отамуродова, Шаҳзод Баҳриддинов, Мадина Раҳимова, Мақсуда Ҷабборова аз ҷумлаи онҳо мебошанд, – мегӯяд М. Самандарова.
– Таҳти ғамхориҳои беандозаи сарвари давлат дар мамлакатамон созмон ёфтани мактабҳои ихтисосонидашудаи савту сурудҳои анъанавӣ ва роҳандозии ҷашнвораю чорабиниҳои сершумори байналхалқӣ барои рушду такмилёбӣ ва дастраси умум гаштани мероси маънавиамон хидмат мекунад. Шубҳае нест, ки аз байни ҷавонони имрӯза давомдиҳандагони муносиби  анъанаи ниёгон – соҳибистеъдодҳои нодир ба воя мерасанд, – илова намуд вай.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: