ҶОЗИБАИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӣ

Бухорои шариф яке аз шаҳрҳои қадимитарини Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ёдгориҳои таърихӣ, мероси мадании он бо ҷозибаи нотакрори худ сайёҳони дуру наздикро кайҳост, ки ба худ мафтун кардааст.

Бухорои шариф яке аз шаҳрҳои қадимитарини Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ёдгориҳои таърихӣ, мероси мадании он бо ҷозибаи нотакрори худ сайёҳони дуру наздикро кайҳост, ки ба худ  мафтун кардааст. 829-то объектҳои мероси  маданӣ (аз ҳамин 714-то объектҳои давлатӣ 115-тоаш мулки хусусӣ, барои ҳамаи ин объектҳо ҳуҷҷатҳои кадастрӣ таҳия ёфта маълумотҳо ба низоми ахбори автоматонидашудаи кадастри давлатӣ шомил гаштааст) аз ҷумла 508-то ёдгории меъморӣ, 287-то осори археологӣ, 17-то намунаи санъати монументалӣ ва 17-то ҷойҳои ҷолиби диққати вилоят ба ҳимояи давлатӣ гирифта шудаанд.
Маълум аст, ки маркази  таърихии шаҳри Бухоро ба рӯйхати мероси мадании умумиҷаҳонии ЮНЕСКО даромадааст. Қалъаи қадимии Арк, мақбараи Исмоили Сомонӣ, маҷмӯъҳои Лабиҳавз, Пои Калон, ёдгории Чорманор, даҳҳо масҷиду мадрасаҳои мунаққаш, қасри тобистонаи «Ситораи Моҳи Хосса» ва ғайра диққати оламиёнро пайваста сӯйи худ мекашад. Беҳуда нест, ки ҳазорҳо сайёҳони ба Ӯзбекистон омада Бухорои шарифро нодида ба  ватани худ барнамегарданд. Соли 2020 бо мақсади ба 139-то расондани объектҳои таърихии меъморие, ки сайёҳон  онро зиёрат мекунанд, бинобар барномаи соли ҷории муассисаҳои давлатии «Хидмати дархостҳо оид ба сохтмон, таъмиру таҷдиди объектҳое, ки аз ҳисоби сармояҳои марказонидашуда бо маблағ таъмин мегарданд»-и назди Вазорати маданияти Ӯзбекистон, инчунин Департаменти  мероси мадании вазорат ҷараёни аз нав барқароркунии 12-то ёдгории меъмории вилоятамон оғоз ёфтааст. Бояд  таъкид намуд, ки барои эҳёи ин объектҳо, аз ҷумла, масҷидҳои Намозгоҳ, Равғангарон, Хӯҷа Калон, Хонақои Поён, Кунҷак, Қозикалон, мадрасаҳои Тошсарой, Кӯкалдош ва Чуқур маблағи зиёд ҷудо гардидааст. Садорати мероси мадании вилоят якҷоя бо ҳокимияти вилоят бо мақсади ҷалб намудани сармоядорони маҳаллию хориҷӣ бобати ба амал татбиқкунии лоиҳаҳои ҳифз, барқароркунӣ, эҳё ва истифодабарии самаранок аз онҳо ҳуҷҷатҳои 16-то объектҳои мероси маданиро таҳия намуда маълумоти ба онҳо дахлдорро ба воситаи ВАО ва шабакаҳои интернет эълон кард. Барои амалӣ гардондани ин лоиҳа, ки яклухтию асолат ва ҷозибанокии объект ба назар дошта шудааст, 65,6 миллиард сӯм маблағ (43,7 миллиард сӯм аз ҳисоби ташаббускорон, 2 l,9 миллиард сӯм аз ҳисоби кредит) харҷ гардида  ба вуҷуд овардани 295-то ҷойи  нави  корӣ пешбинӣ шудааст. Баъди амалӣ гардидани ин лоиҳа дар мадрасаҳои Ғозиён, Туркман, Ҳотами Ҳинду, Домулло Турсунҷон, Хӯҷа Қурбон, Раҳмонқул, корвонсаройи  Рашид, масҷидҳои Мирзо Усмон, Мир Иброҳим ва ғайра корхонаҳои гилембофӣ, кулолӣ, устохонаҳои кандакории чӯб, меҳмонхонаю чойхонаҳо  бо услуби миллӣ ва ғайра созмон меёбанд. Дар бораи «Маркази таърихии Бухоро» қарори 348-уми  ҳокими вилоят аз 27 июни соли 2019 қабул карда шуда, ҳудуди ҳифзшавандаи он (зонаи буферӣ, 339 гектар) таҳия ёфта барои муҳокима пешниҳод шудааст. Мувофиқи супориши сарвари давлат бобати ба рӯихати объектҳои Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани объектҳои «Роҳи абрешим», ки дар ҳудуди вилояти Бухоро воқеъ гардидаанд: маҷмӯъҳои «Чорбакр» ва Баҳоуддини Нақшбанд, манораи Вобканд, мақбараи «Чашмаи Аюб», объектҳои археологии Пойканд, Варахша, Вардонзе ҳуҷҷатҳои номзадии онҳо бо иштироки мутахассисони маҳаллию хориҷӣ таҳия гардид ва он панҷ моҳ муқаддам ба ҷойи дахлдор фиристода шуд.

Шерзод МАҲМУДОВ,
сардори Садорати мероси мадании вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: