Ҷозибаи зиндагӣ

Хатмкардаи Донишкадаи театрӣ ва рассомии Тошканд узви Иттиҳоди эҷодии рассомони Ӯзбекистон, наққоши соҳибистеъдод Ривкат Азиханов соли 1951 дар шаҳраки Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ба дунё омадааст.

Чанд сол бо нашриёти «Ӯзбекистон», «Ғафур Ғулом» ва «Ӯқитувчи» ҳамкорӣ дошт. Дар коллеҷи ҷумҳуриявии  ба номи  Бенков аз рӯйи ихтисос ба наққошони ҷавон дарс додааст. Наққошиҳояш дар намоишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ ба маъраз гузошта шудаанд.
Ба қарибӣ дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт наққошиҳои мусаввир таҳти номи «Ҷозибаи ҳаёт» ба маъраз гузошта шуданд.  Наққошиҳои Ривкат Азиханов асосан аз тасвирҳо иборатанд. Дар тасвирҳои ба маъразгузоштаи мусаввир олами ботинӣ ва ҳолатҳои рӯҳии ҳамзамонони ӯ тасвир ёфтаанд. Дар наққошиҳои ӯ ҳисси хотирҷамъӣ бартарият дорад.
Дар намоишгоҳ осори бо усули графика офаридаи наққош бештар ба назар мерасад. Дар ин гуна асарҳо фалсафаи дунёи фонӣ бо забони бадеӣ талқин ёфтаанд. Дар баъзе маврид дар офаридаҳои мусаввир зери ханда ҳақиқати талх нуҳуфта аст.
Намунаҳои эҷоди ӯ «Дар атрофи Каттақӯрғон», «Канали оби обанбори Каттақӯрғон», «Обанбори Каттақӯрғон», «Дар боғи ботаника», «Дар Чорбоғ», «Тобистони Чрбоғ», «Зимистони Тошканд», «Оғози тирамоҳ», «Шафақ», «Шаби маҳтобӣ»... ба бинанда натанҳо завқ мебахшанд, балки ӯро ба андеша низ водор мекунанд, ки табиатро чӣ гуна бояд ҳифз намуд...
Дар байни нигораҳо лавҳаҳои тасвирии наққош низ ба назар мерасанд, ки аз рӯйи китобҳои М. Шолохов, В. Гюго ва дигар нависандагон кашида шудаанд. Дар ин гуна асраҳои графикӣ дуздӣ, шӯрапуштӣ, бюроркратизм барин иллатҳои ҳаёт инъикос ёфтаанд.

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: