Дар маҷаллаи сайёҳии Ҳиндустон «Business of Travel Trade-BOTT» бахшида ба шаҳри бостонии Самарқанд ва ҳамкориҳои ӯзбекистниву ҳиндустонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мақолае чоп шуд.
«Ҳамкориҳои бисёрҷанбаву бисёрсоҳаи байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон таърихи амиқ доранд. Ду мамлакатро ҳамкориву шарикиҳои деринаву аз имтиҳони замон бомуваффақият гузашта дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, маърифат, варзиш, маданият ва илмҳои гуманитарӣ ба ҳам мепайванданд, – қайд мегардад дар маҷалла. – Дар ин қатор соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории тарафайн тафриқа дорад».
Муаллифи мақола менависад, ки Ӯзбекистон аз паҳн кардани иқтидори ғанӣ ва фарогири сайёҳии худ ба Ҳиндустон манфиатдор мебошад, дар ин бобат ба сайёҳони ҳинду маълумоти гуногунро оид ба маданият ва анъанаҳои ғановатманди мамлакат, ҷойҳое, ки диданӣ мебошанд, ҳамчунин маълумотро доир ба шаҳрҳои куҳану ҳамешаҷавони Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива, Андиҷон, Фарғона ва Намангон пешниҳод менамояд.
«Дар ин бобат сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Деҳлӣ ба сифати пули байни ду мамлакат хидмат мекунад, вай дар ширкатҳои маркетингӣ иштирок намуда, маҷмӯи нави сайёҳиро пешниҳод ва барои харидорони тамоми ҳудуди Ҳиндустон чорабиниҳои рекламавӣ баргузор месозад», – менависад хабарнигори «Business of Travel Trade-BOTT».
Сипас эътибори хонандагони маҷалла ба пойтахти молиявии Ҳиндустон – шаҳри Мумбай ҷалб карда мешавад, ки роуд-шоуи васеъмиқёс дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон мебошад. Бинобар ақидаи нашрия муаррифии мазкур боз як мисоли равшани ҳамкориҳои қарини байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон дар соҳаи сайёҳӣ гардид, ки ду кишвари бузургро муттаҳид намуда, онҳоро беш аз пеш наздик мекунад, ба сокинони Ҳиндустон имкон медиҳад, ки дар бораи Ӯзбекистон маълумоти бештар дошта бошанд, аз эътирофи воқеӣ ва ҷаҳонии меҳмоннавозии вай хабардор шаванд.
Муаллифи мақолаи «Самарқанд: пойтахти ҷаҳонии сайёҳии маданӣ» нақл мекунад: «Дар қалби Ӯзбекистони шарқиву марказӣ шаҳре ҷойгузин мебошад, ки вай дар бораи тамаддуни гузаштаи таърихӣ ҳикоя мекунад, дар ин ҷо ҳар як кӯча шаҳодати дигаргуниҳои вақту замон мебошанд. Хуш омадед, ба Самарқанд, ба шаҳре, ки шоҳиди зиндаи таърихи беш аз дуҳазорсолаи ғановатманд ва қаробати фарҳангҳо ба шумор меравад».
Журналист саъй менамояд, ки нируи оҳанрабоии шаҳри куҳанро дарк кунад, аз ин рӯ ба ақидаи зерин меояд: «Ҷозибаи Самарқанд дар муъҷизаҳои таърихии он – ҳамоҳангии масҷид, мадраса ва мақбараҳои зебои вай мебошад. Дар маркази шаҳр иншооти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО – Регистон қарор дорад, ки замоне майдони сераҳолӣ, бозоргоҳҳо, корвонсаройҳо ва инъикоси шаҳомати ҳокимон буд. Регистон моҳиятан таърихи ғановатманди Самарқандро таҷассум менамояд, аз зоирон даъват месозад, ки ба даврони гузаштаи ин шаҳри ғайриоддӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд».
Вай ба сайёҳон маслиҳат медиҳад, ки дар кӯчаҳои танги Самарқанд саёҳат кунанд, намунаҳои асроромези шаҳри куҳанро дар ҳар як кунҷу канори онҳо – аз мадрасаи муҳташами Бибихонум то муъҷизаи бемонанд – расадхонаи Улуғбек, муҳити сокини маънавии маҷмӯи Хӯҷа Аҳрор ва Афросиёби куҳану мафтункорро бо чашмони худ бубинанд. «Ба мақбараи ҷолиби Амир Темур дида дӯзед, зеро ки он бо мероси нотакрори шахсияти таърихӣ алоқаманд аст. Ҳар як қадами шумо бозёфте аз ин китоби зиндаи таърих хоҳад буд», таъкид мешавад дар нашрия.
Дар мақола ёдгориҳои меъмории Самарқанд, бозори серодаму серғавғои Сиёб, дуконҳои хурди тамоми шаҳр, коргоҳҳое, ки ҳунармандон ёдгориҳои зеборо, аз ҷумла матоъҳои дастибофи маҳаллӣ ва асбобу ускунаҳои кулолиро меофаранд. Ресторанҳои шаҳр макони таббохӣ номида шудаанд, ки дар онҳо намунаи таомҳои милливу байналхалқӣ ба ҳам ҳамоҳангӣ пайдо кардаанд.
«Самарқанд таърихи зиндаи фарҳанг аст, вай тақозо мекунад, ки аз он танҳо бо ёдгориҳо не, балки бо як пораи хотираи нек бозгардед. Бо гунбадҳои нилгуни он, кӯчаҳои каҷу килеби шаҳр хайрухуш карда, дарк менамоед, ки ҷаззобияти Самарқанд ҳамчун акси садои абадии саёҳат ба қалби таърихи назаррабои Ӯзбекистон бо шумо боқӣ мемонад», – хулоса мекунад муаллифи мақола.
АИ «Дунё»,
шаҳри ДЕҲЛӢ.