Вақте ки оиди дӯстию бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик ҳарф мезанем, аввало муносибати дӯстонаи бузургони илми калом Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба назар мерасад.
Онҳо якҷоя эҷод карда, ҳурмати якдигарро пос доштаанд. Ҷомӣ ба Навоӣ дар эҷоду фаъолияташ ҳамчун устод, дар ҳаёт бошад, бародари наздикаш буд. Навоӣ Ҷомиро «муршиду устоду пир манға» гуфта эътироф кардааст.
Баъд аз вафоти Ҷомӣ Навоӣ бахшида ба устоди худ «Хамсат ул-мутаҳаййирин» ном асарашро таълиф намуд. Чунин якдилӣ, якдигарфаҳмӣ ва дӯстии ин ду халқи бародар асрҳо инҷониб давом мекунад. Бо ташаббуси президентҳои ду кишвар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ки солиёни дароз монеаҳои зиёд доштанд, кушода шуданд. Апаю хоҳар, бародар, хешу пайвандон ба дидорбинии якдигар шитофтанд.
Аз фурсат истифода бурда, ман ҳам бо як нафар дӯстам ба дидорбинии додарам роҳи Тоҷикистонро пеш гирифтем. Додарам мактаби миёнаи рақами 22-юми ноҳияи Қибрайро хатм намуда, таҳсилро дар Харков идома дод ва тақдир ӯро ба Тоҷикистон пайваст.
Аз гузаргоҳи сарҳади Бекобод бе ягон монеа гузаштем ва саёҳати мо ба Тоҷикистони ҳамсоя оғоз ёфт. Дар ҳар қадам дигаргунӣ, ободӣ, бунёдкорӣ. Меҳрубонию ширинсуханӣ ва меҳмондӯстии онҳо рӯҳияи моро болида сохт. Мо шоҳиди он гаштем, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷабҳаҳо муваффақиятҳои бузург ба даст омадаанд ва мо аз ин бениҳоят хурсанд шудем, чунки ҳамсоя тинҷ, ту тинҷ гуфтаанд. Халқи тоҷик низ аз барқарории муносибатҳоямон ниҳоят шоду мамнун, чунки аз қадимулайём халқи тоҷику ӯзбек чун гӯшту нохун аз ҳам ҷудо нашуда, ҳаёт ба сар бурдаанд.
Соли ҷорӣ омаду рафти роҳбарон, ҳунарнамоии санъаткорон, ҳунармандон, намоиши кинофилмҳо, мубодилаи афкори шоиру нависандагон, зиёиёни ду кишвар, бешак, ба мустаҳкам ва бардавомии дӯстию бародарии ду халқ хизмат мекунад, ки ин ҳама маро чун устоди мактаби мусиқӣ ва ҳунар шод месозад.
Алишери Навоӣ барҳақ фармудааст:
Ҷумла бадан, ҷумлаи
аъзо яке,
Сурати навъию ҳаюло яке.
Н. ЗОЙИРОВ,
муаллими мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 28-уми ноҳияи
Қибрайи вилояти Тошканд.