«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР САМАРҚАНД

Як гурӯҳ эҷодкорони нашрияи расмии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо сарварии сардабир Қурбоналӣ Раҳмонзода аз шаҳри Самарқанд дидан карданд.

– Сипосгузор ҳастем аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, марди хирадманду фозил, дурандешу некхоҳ, муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки пас аз солҳои тӯлонӣ дару дарвозаҳои ду кишварро ба рӯйи якдигар боз намуданд, – гуфт Қ.Раҳмонзода. – Аз истиқболи гарм хеле сарфароз ҳастем.
– Чанде пеш мо, як гурӯҳ аҳли фарҳанги Самарқанд дар тантанаҳои наврӯзӣ, ки дар шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон доир гардида буд, ширкат варзида, бо сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардем, – иброз дошт раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов. – Имрӯз аз истиқболи ҳамкасб, ҳамқалам ва ҳамзабонони худ дар шаҳри ҳамешаҷавони Самарқанд мамнунем.
Бояд тазаккур дод, ки меҳмонон тӯли ду рӯз на танҳо аз ёдгориҳои меъмории Самарқанд, инчунин аз Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ, Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкин, идораи рӯзномаи “Овози Самарқанд” дидан карданд.
Пас аз вохӯриҳои дилнишину дилошӯб ва хотирмон байни дастаҳои рӯзномаҳои “Овози Самарқанд” ва «Ҷумҳурият» дар варзишгоҳи марказии деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар қувваозмоӣ меҳмонон бо ҳисоби 5:6 пирӯз шуданд.
Баъдан меҳмонон роҳи Бухорои Шарифро пеш гирифтанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: