Ҷӯрабек МУРОДОВ: БИГУЗОР ДАР ДИЛИ ИНСОНҲО ҲАЙКАЛ ГУЗОШТА БОШАМ!

  • Ҷӯрабек МУРОДОВ:  БИГУЗОР ДАР ДИЛИ ИНСОНҲО ҲАЙКАЛ ГУЗОШТА БОШАМ!
  • Ҷӯрабек МУРОДОВ:  БИГУЗОР ДАР ДИЛИ ИНСОНҲО ҲАЙКАЛ ГУЗОШТА БОШАМ!

Ҳунарпеша ва шахсияте, ки санъат ва маданияти ним асри охири минтақаро бе ӯ тасаввур кардан номумкин аст, имрӯзҳо ба синни камоли 80 мерасад ва боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки табъи устоди ҳунар аз илҳому шавқи эҷод ва сарояндагӣ лабрез аст.

Оҳангу муҳтавои сӯҳбат ва гирудоре, ки устод доранд, аз ин бозгӯӣ мекунанд. Бо ҳунарманди номӣ, Артисти халқии Иттифоқи Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар остонаи  ҷашни калони зодрӯз мусоҳибае анҷом додем, ки ба мухлисони ҳофизи маъруф, ки аз ҷумлаи алоқамандони рӯзномаи «Овози тоҷик» доранд, ҳавола мегардад.
– Устод, пешопеш ҷашни Шуморо аз номи мухлисонатон, ки аз алоқамандони «Овози тоҷик» ҳастанд, табрик мегӯям.
Хонандагони рӯзномаи мо хуб медонанд, ки ҷашнатон ким-кай, инчунин дар Ӯзбекистон низ бо иштироки бевоситаи Шумо, сар шудааст. Солҳои охир зодрӯзи худро дар шаҳрҳои хориҷӣ ҷашн менамоед. Имсол бо чӣ нақшаву барномаҳои эҷодӣ онро пешвоз мегиред?
– Хеле ташаккури зиёд барои табрик. Умед мекунам, ки ба саломатӣ боз бо мухлисонам, аз ҷумлаи ходимони «Овози тоҷик» ба дидор бирасем.
Ман ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд – дар курсҳои сеюму чорум ба Тошканд ва умуман ба Ӯзбекистон равуо доштам. Ҳоло, ки шаст сол инҷониб дар саҳна ҳастам, ҳамеша ин рафтуомадро канда накардаам. Ва умуман гирем, аз соли 1965 даргоҳи «Овози тоҷик» ба дилу дидаи ман нишастааст. Фақат як муддати мадид ин робита қатъ гардид ва ҳоло Худоро шукр, ки ба иродаи неки ду роҳбар – муҳтарамон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев алоқаҳои анъанавии дӯстӣ дубора пойдор гардид, ки ба шарофати он мо тавонистем ба мухлисони муштоқ ва деринтизор дар ҷумҳурии бародарӣ бирасем.
Азбаски дар солҳои охир бинобар сабабҳои маълум домани гирдиҳамоиҳо маҳдуд гардида буд, мо дар рӯзи мавлуд бештар дар хориҷи кишвар мебудем. Имсол, насиб бошад, омодагӣ ба ҷашн хуб аст. Қарор аст, ки 23 декабр дар шаҳри Душанбе як консерти ҷашнӣ гузорем ва 24 декабр зодрӯзро истиқбол намоем. Пасон, баҳори соли оянда дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин барнома, дорем, ки ният ҳаст онро бо дӯстон ва мухлисону аҳли эҷоди ӯзбекистонӣ бо ҳам баргузор кунем, инчунин соли 2023 ба Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарӣ дорем.
– Шумо аз мухлис ва дӯстони деринаи «Овози тоҷик» ҳастед. Дар ҷашни 70-солагии он – соли 1994 дар Тошканд иштирок ҳам карда будед. Ёд дорам, ки пас аз чанд суруд тори худро дар ҳоле, ки аз дидагонатон ашк месиришт, як бор бӯсида, баъд ба ғилофаш ҷой кардед. Ин нишона аз чӣ буд...?
– Дуруст аст, ки соли 1994 дар Тошканд дар ҷашни 70-солагии «Овози тоҷик» ҳузур доштам. Воқеан дар он солҳои шадиду мураккаби Тоҷикистон дар Хуҷанд буду бош доштам ва бинобар даъват ба Тошканд рафта будам. Дар он ҷо баъзе аз мусофирони ҳамватанро дида, дилам сӯхт, аламам кард. Боз ман расми падару модарамро дар ғилофи торам ҳамеша нигоҳ медорам ва пеш аз саҳна ба рӯҳи покашон дуои нек мефиристаму аз арвоҳашон мадад мехоҳаму ашки шодӣ мерезам. 
Мутаассифона он лаҳзаҳо авзои замон, ки хеле ҳассос буду ҳоло, шукри Худованд, Тоҷикистони азизамон орому осуда аст, низ дар кайфиятамон соя андохта буд.  
– Ҷавонӣ барои аҳли ҳунар низ хеле давраи нозук ва ҳассос аст. Аз марги нобаҳангоми истеъдодҳои ҷавон Маҳмудҷон Воҳидов, Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Наргис Бандишоева ва ахиран Дамирбек Олимов фақат ангушти надомат мегазему халос. Шумо ҳам, ки давраи ҷавонӣ дидаед...?!
– Одамушшуаро Рӯдакӣ ҳазору сад сол пеш фармудаанд: Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар, Аз фироқи дӯстони пурҳунар. Сад афсӯс, ҳамаамон аз ин мутаассифем, аз дастамон дигар коре намеояд. Воқиан ҳамаи инҳое, ки номашонро зикр кардед, ғӯрамарг шудаанд. Тақдирро бинед, аксарияти онҳо дар ҳақиқат дар синни 33 вафот кардаанд – Ҳазрати Исо, Аҳмад Зоҳир, Дамирбек...
– Яке аз чунин ғӯрамаргҳо Кароматулло Қурбонов буд. Нимаҳои солҳои 90-ум дар яке аз сӯҳбатҳои хусусӣ бо таассуф гуфта будед: «Ҳатто Кароматуллои фаришта ҳам қурбон шуд». Ба чӣ далел калимаи «фаришта»-ро нисбати Кароматулло истифода карда будед?
– Кароматулло воқиан инсони боэҳтиром, боодоб, хушахлоқ ва ҳунарманди нотакрор ҳам буд. Дар ҳунар ва касби овозхонӣ одоби ҳамида хеле муҳим аст. Аз ин боис мисли Кароматулло ҳунарпешагони боистеъдод падидаи нодиранд. Бо ин далелҳо ман гуфтам, ки «Кароматуллои фаришта».
– Мухлисони деринаи Шумо дар Ӯзбекистон аз баъзе сурудаҳоятон бештар ёдоварӣ мекунанд. Хусусан аз «Дили модар» (шеъри Устод Турсунзода) пурсон мешаванд. Аз таърихи ин суруд қисса мекардед...
– Тамоми сурудҳои маро мухлисонам дӯст медоранд ва ҳамаашро қабул доранд. Як нуктаро ёдовар шудан кифоя аст, ки бузургии «Дили модар»-ро дарк кунем. Хабар доред, ки дар ин бора дар матбуот ва дигар расонаҳо бисёр навиштаву гуфта шуд. Аз ҷумла дар «Овози тоҷик» низ. Воқеа солҳои ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон рух дода буд. Гурӯҳе аз ҳарбиёнамон дар муҳосираи муҷоҳидон мемонад ва касе бо садои баланд «Дили модар»-ро бо дард ҷонгудозона мехонад, ки аз шунидани он муҷоҳидон тирпаррониро бас мекунанд ва ба ин васила ҷони 28 нафар сарбозамон дар амон мемонад. Фикр мекунам ин як мӯъҷизаи ҳамин суруд аст.  
– Мехоҳам дар бораи «маҳбуби дилҳо» – Устод Мирзо Турсунзода бипурсам. Шумо, ки бо Устод мисли падару писар будед, аз хоксориҳояшон зиёд ҳарф мезанед. Дар ин робита воқеае ба ёдам мерасад, ки аввалҳои солҳои навадум Шуморо дар Тошканд барои ташрифатон ба сифати раиси ҳаками ҷашнвораи Маданияти тоҷикони Ӯзбекистон пешвоз гирифта, дар намояндагии Тоҷикистон, аз сабаби гармии ҳаво, нафас рост карда будед. Ҳамон ҷо ба Шумо оби маъдан дароз кардам, ки аз ҷойи нишаст хеста истиконро қабул кардед...
Пас аз чанд вақт онро ба Шумо хотиррасон кардам ва гуфтам, ки «Оё то чунин дараҷа хоксорӣ барои шахсияте чун Шумо муҳим бошад?»
Дар ҷавоб гуфтед, ки «Тоҷибойҷон, шумо агар Устод Турсунзодаро медидед чӣ мегуфтед!» Ҳоло аз ин хислатҳои ҳамида ва ибратноки устодон қиссае мекардед...
– Аз бозе, ки таваллуд шудем, мешунавем, ки «аз хок омадем, ба хок меравем». Бубинед, аз Ҳазрати Рӯдакиву Мавлавӣ ҳама хоксор буданд ва фурутаниро тараннум мекарданд. Мо кистем – шогирдони майдатарини онҳо  ҳастем! Устод Мирзо Турсунзода воқиан хоксор буданд. Ман мушарраф шудаам, ки аз ин мактаби ҳаёти камтарин инсонҳо мисли Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов баҳраманд гардам. Ин шахсони бузург воқиан одамони хокӣ буданд.
Дар тамоми репертуарам дар тараннуми ин хислати ҳамидаи инсонӣ хеле суруд дорам ва онҳо ҳамеша мавриди писанди алоқамандони санъат мегарданд. Чӣ кибр, чӣ ғурур аст, ки ба халқи азизам хуш ояд?! Мо ҳама бояд хоксор бошем, зеро чӣ хуб гуфтааст Воизи Қазвинӣ:
Ҳеҷ кас аз шеваи афтодагӣ 
нуқсон накард,
Оқибат аз хоксорӣ дона ҳосил 
мешавад.
– Бо вуҷуди он ки чун марди давлатманд соҳиби чор писару чандин набераву абера ва эҳтимол чабера ҳам ҳастед, дар назари мардум ва мухлисонатон ҳанӯз як марди ҷавон маълум мешавед. Оё метавонед дар бораи оилаи калону муттафиқи худ барои хонандагони «Овози тоҷик» нақл кунед – бобои наберагон будан чӣ кайфияте дорад?
– Шумо хуб медонед, ки шиори ман «Бо Худо, бо халқ, бо худ» аст. Шукри Худост, ки ман ҳам чун як бандаи одӣ дар қатори халқам ҳастам. Аввал ба падару модар раҳмат, ки моро ба дунё оварданд, тарбия карданд, соҳиби ҳамсару фарзандон шудем. Ҳоло соҳиби давлати калон – набераву абераҳо ҳастем ва насиб бошад чаберадор ҳам мешавем. Оё аз ин давлати бузург ҳаст?! Ҳоло ҳар як набераву абераро дида, чӣ қадар хушҳол мешавем. Илоҳо ҳама бандаҳоро ба чунин рӯзҳо расонад!
– Ёд дорам, нимаҳои солҳои 80-ум, айёме, ки донишҷӯ будем, дар рӯзномаи дӯстдоштаи ҷавонон «Комсомоли Тоҷикистон» мусоҳибае бо Шумо чоп шуда буд. Дар он журналистон таманно карда буданд, ки халқи тоҷик дар садсолагиатон ба Шумо ҳайкал гузорад.
Фикр мекунам, ҳайкалро ба муносибати 80-солагӣ ҳам гузоштан мумкин. Оё чунин нест?
– Ҳоло умре, ки Худо насибам гардондааст ва ба синни 80 расида, 60-70 сол инҷониб дар хидмати халқ ҳастам, аз ҷумлаи олиму шоиру нависандагон,  мухлисону муҳаққиқон китобу мақолаҳои зиёде навиштаанд, ки дар онҳо орзуву ниятҳои фаровоне кардаанд. 
Аз хусуси ҳайкал бигӯям, ҳоло мебинед, ки дар баъзе ақсои дунё бо ҳайкалҳо чӣ бархурди номатлуб мекунанд. Худо кунад, ки дар дили инсонҳо ҳайкал гузошта бошем, ба он тарафаш Худо подшоҳ...

Сӯҳбаторо Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: