Корхонаи «Paxtakor Gold Textile» дар шаҳри Пахтакор воқеъ аст ва ба таъсиси он як сол пур шудааст.
Корхонаи «Paxtakor Gold Textile» дар шаҳри Пахтакор воқеъ аст ва ба таъсиси он як сол пур шудааст. Тавре ки ба мо ҷонишини шуъбаи истеҳсолот Ҳасан Худоёров иттилоъ дод, дар корхона 150 нафар меҳнат мекунанд. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 12-13 тонна калоба истеҳсол карда мешавад ва ба хориҷи кишвар содир мегардад.
Коргарон асосан ҷавононанд. Бо сару либоси корӣ таъмин гардидаанд. Назар ба гуфти масъули бахши кадрҳои корхона Озода Раимқулова, дар ин ҷо корҳо дар чор баст ҷараён доранд. Ҳар як баст аз сӣ нафар иборат аст. Коргарони ҳар як баст бо навбат зимни фосилаи ивазшавии бастҳо ду рӯз истироҳат мекунанд.
— Ҳоло агар лоиҳаи ташкил намудани истеҳсоли наху ришта ва калоба бо арзиши 23 миллион доллари амрикоӣ (аз ин 9 миллион доллараш маблағи бонк, 14 миллион доллар сармояи хориҷист) ҷараён дорад, барои амалӣ намудани марҳилаи дуюм, яъне лоиҳаи истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ бо ҳаҷми 24 миллион евро дар корхонаи «Paxtakor Teks» ва пиёда сохтани лоиҳаи рангдиҳии маҳсулот, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар «Paxtakor Gold Textile» кор мебаранд, – мегӯяд ҷонишини мудири шуъбаи сармоя ва савдои хориҷии ҳокимияти ноҳияи Пахтакор Фарҳод Ҳайдаров. – Дар он сурат боз барои 500-600 нафар ҷои нави корӣ ба вуҷуд меояд.
Бо як сухан, кор дар корхона дар авҷ аст.
Анорбой НАЗАРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Ҷиззах.