ҶӮЯНДА ЁБАНДА АСТ

Бонувони сухангӯ

Дилрабо Назарова дар расонаҳои ахбори Самарқанд яке аз чеҳраҳои шинохта ва соҳибтаҷриба ба шумор меравад. Ҳар гоҳ мо ин бонуи сухандони ҳозирҷавоб, хандонрӯро тавассути «оинаи нилгун» бинем, боварӣ ҳосил мекунем, ки барномаи аҷоиб чашмдори тамошобинон аст. 
Воқеан, қаҳрамони лавҳаи мо ҳам роҳи душвори ҳаётро тай намуда, ба муроди дил расидааст. Зеро, «ба ҳар коре,ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад». 
Ӯ аз айёми бачагӣ ба хондану ровигӣ ҳаваси зиёде дошт. Дар панҷ ё шашсолагии ӯ тӯйи арӯсии амакаш баргузор гардид. Бо ҳамин муносибат мебоист ҷиянҳо табрик гӯянд. Ду хоҳарак – Шаҳло ва Дилрабо барои табрик гуфтан шеър азёд карданд. Дар базми никоҳӣ баранда ба онҳо навбат дод. Шаҳлои мактабхон хост аввал микрофонро гираду шеърро хонад, шармида ва бо истиҳола чизе гуфтанӣ буд, ки  Дилрабои чаққону чолок микрофонро рабуда, шеърро хонд. Ин нахустин баромади ӯ дар назди омма буд, ки шояд аз аввалин имтиҳон сарбаландона гузашт. Сипас, солҳои таҳсил дар мактаби рақами 12 ва 68-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё гузаронидани тамоми анҷуману шабнишиниҳо ба зиммаи ӯ гузошта шуд. Омӯзгори  беҳтарини фанни забону адабиёти тоҷики ноҳия Иноят Ҷӯраева кӯшиш ба харҷ медод, ки шогирди соҳибистеъдодаш сухандону сухансанҷи номдор шавад. Вай барои ба муроди дил расидан аз ашъори алломаҳои форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Шайх Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шоирони муосири тоҷик намунаҳо ёфта медод.
Дилрабо Назарова дар чанд олимпиадаи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ғолиб гардида, соли 1999 ба таври имтиёзнок ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Дар мактаби олӣ аз устодони меҳрубонаш бисёр чизҳоро омӯхт. Маҳз солҳои донишҷӯӣ дар шуъбаи тоҷикии ширкати симо ва садои Самарқанд (СТВ) такмили ихтисос намуд. Пас аз соҳиби дипломи аъло шудан, дар зодгоҳ фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ давом дод, вале дилбохтагӣ ба касби журналистӣ ва ровигӣ ӯро  боз ба шаҳри бостонӣ овард. Имрӯзҳо ҳамчун хабарнигори шабакаи СТВ ва муҳаррири бахши «Ориён» фаъолият мебарад.
– Боиси хушнудист, ки пас аз ба идораи телевизиони Самарқанд омадан дар дасти сухандону сухансанҷи пухтакор ва дилсӯз Шаҳло Аҳророва тарбия ёфтам, – мегӯяд Дилрабо, – аз устоди хушбаёни фидокорам, ки тӯли солҳо дар шабакаи «оинаи нилгун» фаъолияти худро идома медиҳад, бисёр чизҳоро омӯхтам. Рости гап, маданияти баланд, вусъати доираи васеи дониш, гуфтор ва рафтори боназокати ӯ касро мафтун месозад. Муҳимаш, дар дилҳо майли пайваста суҳбати дилнишину самимӣ оростан, аз донишу таҷрибаи пурфайзу пурсаховат баҳравар шуданро илқо мекунад.
 Боз як мактаби бузурги ман барномаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи телевизиони Тоҷикистон  ва Ӯзбекистон аст. «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» мегӯянд, ки ҳақ аст. Қабл аз таҳияи ин ё он барнома албатта аз ҳамкорон маслиҳат мепурсам. Охир бузургон насиҳат кардаанд:
Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат накӯ н-ояд. 

Назар ба ақидаи наттоқи телевизиони Самарқанд Шаҳло Аҳророва фазилатҳои хоссаи Дилрабо дар сайқал додани истеъдоди хеш ва пайдо кардани шоҳроҳаш аст. Зеро баъди ба мавҷи ҳаво баромадани барномаи ӯ мухлисон ба мо занг зада, арзи сипос менамоянд.
Ҳар гоҳе, ки дар Самарқанд анҷумани фарҳангӣ ва ғайра баргузор гардад, Дилрабо, албатта, гузориши хеле олиҷаноб таҳия мекунад.
Ин бонуи ҳунар ва доништалаб мутолиаи китобро дӯст медорад. Ана барои ҳамин худ рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Бинобар ҳамин, ман бо ифтихор мегӯям, ки «турфа шогирде, ки ба ҳайрат гузорад устодро»...
Дарвоқеъ, Дилрабо Назарова ба наздикӣ таҳти роҳбарии профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов таҳти мавзӯи «Таҳлили қиёсии достонҳои «Субҳат-ул-аброр»-и  Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Ҳайрат-ул-аброр»-и  Алишери Навоӣ» рисолаи илмиашро ҳимоя намуда, дараҷаи доктори фалсафа оид ба илмҳои филологиро дарёфт намуд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамроҳии ҳамсараш Шералӣ Саидов  фарзандонаш Фариза, Довуд, Фараҳноз ва Дониёрҷонро ба замона муносиб таълиму тарбия дода, ҳамон саргарми фаъолияти журналистӣ аст. 
Аммо таъкид кардан ҷоиз аст, ки ҳар як касб душворӣ дорад, ки барои бартараф кардани он маҳорат, дониш ва меҳнат лозим. Бинобар ҳамин тележурналист шудан осон нест. Қаҳрамони лавҳаи мо Дилрабо Назарова мегӯяд, ки агар одам дар ҷавонӣ душворӣ надида бошад, дар оянда ба муроди дил расидан амри муҳол.
– Вале муаммои аввалин забони адабӣ, – фикрашро қувват медиҳад мусоҳиби мо, – дуюм аз калимаҳои забонзад баромадан. Сонӣ, суҳбати озод, сода, фаҳмо лозим. Боз як пешравӣ барои журналисти бо микрофон мусаллаҳ – пайдо кардани шавқу ҳаваси суҳбат бо саволҳои аҷибу ғайричашмдошт. Ва фаромӯш набояд кард, ки «ҷӯянда ёбанда аст».

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: