... Каъба чӣ равӣ? Бирав дилеро дарёб

Бирав дилеро дарёб

Дар мамлакатамон қадри инсон, таъмин намудани манфиат ва ҳуқуқи он яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ба шумор меравад. Дар қатори дигарон ба ногироҳо низ аз ҷониби ҳукумат ғамхорӣ ва эътибор зоҳир гардида, баҳри ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ фаъол ҷалб намудани онҳо чораву тадбирҳои муҳим андешида мешавад.
Дар Ӯзбекистон қариб 1 миллион нафар ногиро зиндагӣ мекунанд. То имрӯз баҳри дастгирии ин тоифа шахсон як қатор сохторҳо, аз ҷумла, Ҷамъияти ногироҳои Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи ногироҳо, Ҷамъияти нобиноҳо, Ҷамъияти ношунавоён фаъолият намуда, босамар кор мебаранд. Аз ҳама муҳимаш, ин табақаи аҳолӣ, ки бо тақозои тақдир ногиро шудаанд, аз меҳр, саховат ва эътибори идораҳои давлатӣ дар канор намонда, онҳо бо меҳнат ва қобилияташон на танҳо дар зиндагӣ мавқеи худро ёфтаанд, балки бо сабр, матонат ва шукронаи худ ба бисёриҳо ибрат шуда истодаанд. 
Соли равон бо ташаббуси роҳбари давлат ду баробар зиёд намудани марказҳои реабилитатсионӣ ва протезӣ, васеъ намудани 10-то чунин маркази минтақавӣ ва бо ҷиҳозҳои зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз намудани онҳо ба нақша гирифта шудааст. 
Роҳбари давлат дар баромади худ бахшида ба Рӯзи ногироҳо гуфта буд: “Бо боварии комил мегӯям, ки барои он ки шумо худро танҳо ҳис накунед, барои он ки илму ҳунар, касби дилхоҳ омӯзед, бо варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шавед, баҳри таъмини эҳтиёҷоти мадании шумо тамоми имкониятҳоро сафарбар менамоем”.
Алҳол дар гӯшаву канори кишвар тантанаҳои солинавӣ идома доранд. Бо ташаббуси ҳокимияти шаҳри Тошканд ва Ҷамъияти ногироҳои ноҳияи Яккасаройи шаҳр дар толори бошукӯҳи меҳмонхонаи “Ӯзбекистон” чорабинии идона бахшида ба Соли нав баргузор шуд. Дар он намояндагони  ҳокимият, ҷамъияти ногироҳои ноҳияву шаҳр, оилаҳои ногиродошта, оилаҳои эҳтиёҷманд ва серфарзанд иштирок намуданд.
– Духтарам ногирои модарзодӣ мебошад. Ба синни 27 даромад. Агар солим мебуд, ёри меҳрубон, модари ғамхор, бонуи хонадонаш мешуд. Ба тақдир тан дода, ӯро нигоҳубин мекунам. Ба ҳукумат, ба Президент ҳазорҳо ташаккур мегӯям, ки ба шахсони дилшикаставу эҳтиёҷманд ғамхорӣ ва кумаки инсонпарварона нишон медиҳад. Ҷамъияти ногироҳои ноҳияи Яккасарой, ки роҳбари он Зулфия Ёқубова мебошад, дар қатори дигар оилаҳои ногиродошта ба аёдати духтари ман низ мешитобад. Яке аз фаъолони ҷамъият Сайёра Саидзода мебошад, ки бо чунин корҳои инсонпарваронааш ба дили ҳар як маълул оромӣ мебахшад. Соли нав ба ҳар як хонадон оромиву осудагӣ, файзу баракот ато намояд. Умари Хайём  фармудааст:
Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад,
Каъба чӣ равӣ? Бирав дилеро дарёб, 
–  гуфт собиқ корманди рӯзномаи “Овози тоҷик” Маҳбуба Дадобоева.
Ба чорабинӣ Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Матлуба Дадобоева ва дигар санъаткорон бо суруду таронаҳои дилнишини худ шукӯҳи тоза бахшиданд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.              

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: