Ӯзбекистони мустақилу офтобрӯя бо табиати нотакрор ва боғу гулу гулгаштҳояш ном баровардааст.
Барои ободонӣ аз ҷониби ҳукумат пайваста ғамхорӣ зоҳир мешаваду аз ҷониби аҳолии меҳнатпарвари мо низ корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Барои боз ҳам ободу фаровон намудани диёрамон 30 декабри соли 2021 “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам бештар тезонидани корҳои кабудизоркунӣ ва босамар ташкил намудани муҳофизати дарахтон дар Ӯзбекистон” Фармони Президент қабул гардида, мувофиқи ин фармон барои зиёд намудани дарахтзорҳо лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” ҷорӣ гардида буд.
Дар айни замон дар сартосари мамлакатамон доир ба ниҳолшинонӣ тадбирҳои “40 рӯзи муҳим” гузаронида мешавад, ки дар натиҷаи ин бисёр маконҳои нообод ободу муҳит ранги дигар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа бояд 75 миллион ниҳолҳои меванок ва манзаравӣ шинонида шавад. Боз супориш дода шудааст, ки ба 500 ҳазор хонадони камбизоати кишвар 10 бехӣ ниҳоли меванок ройгон дода шавад. Дар вилояти Сурхондарё шинонидани ниҳолҳо аз рӯи тавсияи мутахассисони хоҷагии қишлоқ амалӣ мегардад.
Дар доираи лоиҳаи умуммиллии “Макони сабз” ва “40 рӯзи муҳим”, ки аз 20 октябр оғоз шуду то 1 декабр идома меёбад, ҷамоаи Донишгоҳи давлатии Тирмиз низ пеши худ мақсад гузоштаанд барои кабудизоркунӣ, муҳофизат намудани гулу буттаҳо ва дарахтони ҳудудашон камари ҳиммат баста, баҳри ободонии маскани таълим саҳмгузор шаванд. Дар ин роҳ донишҷӯёни хайрхоҳ ва ҳама хидматчиёну ходимони илмӣ ҷалб гардидаанд. Онҳо бо роҳи ҳашар заминҳоро нарму побел месозанд, намудҳои гуногуни арча ва дигар дарахтони манзаравӣ мешинонанд. Ҷамоа ба нақша гирифтааст, ки дар тӯли 40 рӯзи пешбинишуда 3400 ниҳоли меванок ва манзаравӣ шинонида, парвариш намоянд.
3 ноябр дар литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии Тирмиз бо иштирок ва ташаббуси Кумитаи экология ва муҳофизати табиати ҷумҳурӣ, Саридораи экология ва муҳофизати табиати вилоят, ҷамъияти “Нуронӣ”-и вилоят дар доираи лоиҳаи зикршуда ҳашари умумӣ ташкил гардида, аксар майдонҳои гирду атрофи ин маскани илм кабудизор кунонида шуд. Дар оғози тадбир раиси кумита Нарзулло Обломуродов, ректори донишгоҳ, профессор Авазҷон Мараҳимов, нурониёни рӯзгордида ва мутахассисони соҳа ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти ниҳолҳои сабз дар тозагии муҳит ва муҳофизати табиат, барқарории экология, дар куҷо, кай ва чӣ навъ шинонидани ниҳолҳо батафсил ҳарф заданд. Баъд ҳама – ҷавону пир, зану мард ба ниҳолшинонӣ пардохтанд. Донишҷӯёни хайрхоҳи донишгоҳ дар ҳудуди литсей зиёда аз 300 ниҳоли меванок ва манзаравӣ шинониданд, ки лоиқ ба таҳсин аст. Ин гуна корҳои хайр дар доираи лоиҳа минбаъд ҳам дар донишгоҳ давом хоҳад кард.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.