Кадом дронҳоро ба Ӯзбекистон ворид кардан мумкин нест?

Агентии авиатсияи граждании назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ки квадрокоптери аз шаҳрванди Русия дар фурудгоҳи Бухоро мусодирашуда ва умуман ҳама гуна дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишинро ба Ӯзбекистон ворид кардан мумкин нест.

Шаҳрванди Федератсияи Русия М.В. Лиймар қоидаҳои воридот ва истифодабарии дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишинро дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон нодуруст маънидод кардааст.

Тибқи қонунгузории кишвар, тавре ки М.Лаймар тавзеҳ додааст, квадрокоптерҳои вазнаш аз 250 грамм зиёд бояд сабти ном шаванд. Бо вуҷуди ин, техникаи сайёҳ ҳамагӣ 249 грамм вазн дорад (инро хусусиятҳое, ки истеҳсолкунанда дар худи дрон чоп кардааст, тасдиқ мекунад) ва бинобар ин дастгоҳи парвозкунанда набояд таҳти амали ин қоида қарор гирад.

Агентии «Ўзавиация» хабар медиҳад, ки сарфи назар аз он ки вазни дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин аз 250 грам зиёд нест, дар таҷҳизот воситаи сабти сурату видео насб шудааст, ки онро аз сафи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини рухсатдодашуда хориҷ мекунад, ки барои онҳо барои ворид намудан ва истифода бурдан дар Ӯзбекистон иҷозатнома талаб карда намешавад. Мувофиқи Низом дар бораи тартиби истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар авиатсияи шаҳрвандӣ ва давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарори тасдиқшудаи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 31 августи соли 2016 № 287 таҳти модели бозичавии дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини вазнаш на зиёд аз 250 грамм аммо бе функсияи идоракунии автономии парвоз ва навигатсия, ки бо дастгоҳҳои фото-видео муҷаҳҳаз гардонда нашудааст, фаҳмида мешавад.  

Дар робита ба зиёд шудани талабот аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ ва намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва бо мақсади рушди туризми воридотӣ ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон № 322 аз 26.11.2014 дар  соли 2018 ислоҳ ворид карда шуд, ки он тартиби соддаи додани рухсатномаро барои вориди муваққатӣ ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода бурдани дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин барои омода намудани маводҳои фото ва видео оиди салоҳияти сайёҳии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла гурӯҳҳои эҷодии хориҷӣ бинобар шафоатномаи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии миллии "Ӯзбеккино" пешбинӣ менамояд.

Тартиби соддаи додани чунин рухсатномаҳо муроҷиати расмии шаҳрванди хороиҷиро ба яке аз вазорат ё идораи дар боло зикршуда тавассусти платформаи электронии Агентии "Узавиатсия" https://bla.uzcaa.uz/ барои гирифтани рухсат барои муваққатан ворид намудан ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар қаламрави Ӯзбекистон пешбинӣ менамояд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: