КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС БА ҲАМАИ СОҲАҲО ЛОЗИМАНД

Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механиконии хоҷагии қишлоқи Тошканд – Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ бобати омодакунии мутахассисони хоҷагии қишлоқ таҷрибаи калони таърихӣ дорад.

Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механиконии хоҷагии қишлоқи Тошканд – Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ бобати омодакунии мутахассисони хоҷагии қишлоқ таҷрибаи калони таърихӣ дорад.
Дар мамлакатамон қариб як аср аст, ки (аз соли 1922) дар ин самт кадрҳо омода карда мешаванд. Хатмкунандагони донишкада, ки соли 1934 ташкил ёфтааст, дар бунёдкориҳои кишвар ҳиссаи худро гузоштаанд, аз ҷумла, дар азхудкунии даштҳои Ҷиззах ва паҳноҳои ҳавзаи Қашқадарё ҷонбозиҳо нишон додаанд.
Туфайли меҳнати онҳо даштҳои хушку холӣ ба заминҳои ҳосилхез табдил ёфт, дар чунин минтақаҳо деҳаву шаҳракҳои замонавӣ қад афрохтанд.
Омодасозии кадрҳои босалоҳият яке аз вазифаҳои муҳим мебошад, ки дар ин бобат ҳар як муассисаи таълими олӣ метавонад аз имкониятҳои фароҳамоварда истифода бурда, дигаргуниҳои зиёдро ба амал татбиқ намояд.
Омодакунии кадрҳои босалоҳият таҳти назорати доимии сарвари давлат қарор гирифтааст. Ҷамъомади видеоселекторие, ки 16 июни соли ҷорӣ Президент Шавкат Мирзиёев баргузор намуд, ба масъалаҳои долузарби муассисаҳои таълими олӣ бахшида шуд. Дар ҷамъомад масъалаҳои такмили ҷараёни таълим дар асоси талабҳои иқтисодиёти бозаргонӣ, вобаста кардани он бо истеҳсолот, ки ба донишҷӯён имконияти азхудкунии соҳаро бештар фароҳам меорад, баланд бардоштани салоҳияти илмии муассисаҳои таълими олӣ, рушди ахбор ва технологияи инноватсионӣ, кам кардани коғазбозӣ ва дар соҳа якбора барҳам додани расмиятпарастӣ ва ришвахӯрӣ муҳокима карда шуд.
Пӯшида нест, ки рушди ҳар соҳа, аз ҷумла, хоҷагии об ба рушди техника ва технологияи баландихтисос вобаста аст. Вохӯрии роҳбари давлат бо фаъолони Академияи улум, тағйироте, ки дар соҳаи таълим ва таҳқиқотҳо ба вуқӯъ омад, олимон, омӯзгоронро нисбат ба кори худ дилгарм сохт, онҳо дастгирии давлату ҳокимиятро бори дигар эҳсос намуданд.
Ба фикрам, дар соҳаи таълим бояд ду масъалаи муҳим ҳаллу фасл гардад, ки ин ҳам барои ҷамъият ва ҳам барои зиёиён муҳим мебошад:
якум, тавре ки дар боло қайд кардем, мубориза бар зидди ҳамаи намудҳои ришвахӯрӣ. Решакан кардани ришвахӯрӣ, ки дар ҷамъияти мо ба тарзи одат қарор гирифтааст, машаққати зиёдро талаб мекунад. 
Дар донишкадаи мо бар зидди ин иллат таҳти назорати доимии роҳбари собиқи он Ӯктам Умурзоқов (равонаш шод бод!) муборизаи қотеъона бурда шуд ва дар натиҷа, ҷамоаи донишкадаамон хуб дарк намуд, ки ин ҷинояти «хуфта» имрӯз ё фардо ошкор мешавад.
Дуюм, пурзӯр гардондани мавқеи иҷтимоии таркиби профессор-омӯзгорон, баланд бардоштани музди меҳнати онҳо, ки ин ба мукофот ва пардохтҳо низ дахл дорад, аз ҷумла, навовариҳо дар соҳаи илм, ихтироот, маводи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфуз, патент ва ғайра. Ин ҳама иқдоми муассир дар таҳкими нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҷолибияти ин касб буд.
30 июли соли ҷорӣ фармони роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои боз ҳам васеъ гардонидани имкониятҳои таълим дар муассисаҳои таълими олӣ» имзо гардид. Дар фармон дар назар дошта шудааст, ки барои донишҷӯёне, ки дар гурӯҳҳои рӯзонаи бакалавриат ё магистратура дар асоси шартномаи пулакӣ таҳсил мегиранд, низоми нави воми таълимӣ ҷорӣ карда шавад. Қисми асосии вом аз моҳи ҳафтуми баъди хатми расмии муддати таҳсил дар давоми ҳафт сол баргардонда мешавад. Барои воми таълимии фарзандони оилаҳое, ки ба «рӯйхати ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» дохил шудаанд, амалиёти гаравгонӣ ва кафолатнокӣ бекор карда шуд.
Фармон дастгирии донишҷӯёни боистеъдодро дар назар дорад. Агар донишҷӯ курси аввалро бо баҳоҳои «аъло» хатм кунад, аз курси дуюм аз ҳисоби буҷа таҳсилро давом медиҳад. Бо назардошти натиҷаи курсҳои минбаъда ва тамоми таҳсил метавонад вомро пеш аз мӯҳлат баргардонад.
Тавре ки дар ҷамъомади видеоселекторӣ қайд шуд, омодакунии кадрҳои босалоҳият ба ҷараёни фаъолияти кафедраҳои муассисаҳои таълими олӣ низ вобаста аст. Тартиб додани нақшаи хониш, ба амал татбиқ намудани барномаҳои хониш, интихоби тарзи намуди таълим ба зиммаи шӯрои идоракунии мактабҳои олӣ супурда мешавад.
Сифати таълим ба савияи омӯзгор вобаста аст. Нақши омӯзгор дар ҷараёни таълим бояд арзишманд ва босазо бошад.
Самарабахшии фаъолияту кори омӯзгор аз иқтидори омӯзгории ӯ бармеояд. Барои ин ихтисоси кадрҳои педагогиро мунтазам баланд бардоштан лозим аст. Агар муаллим таҷрибаи чандинсолаи педагогӣ дошта бошаду дарсро дар андозаҳои кӯҳна гузаронад, донишҷӯёни имрӯза ӯро қабул намекунанд.
Омӯзгори имрӯза ғайр аз хубу аъло донистани ихтисоси худ технологияи иттилоотӣ, забонҳои хориҷиро низ бояд азхуд намояд.
Такмили нақшаи солонаи хониши самтҳои бакалаврӣ ва магистратурӣ низ муҳим аст. Ҳар як фанне, ки дар як ё якчанд соли хониш омӯзонида мешавад, бояд мувофиқи талаби замон бошад.
Маълум, ки нақшаи солонаи хониш аз тарафи якчанд омӯзгор тартиб дода шуда, онро роҳбар расман тасдиқ менамуд. Ҳоло бошад, вақти он расидааст, ки мазмуну моҳият, мақсад ва аҳамияти ҳар як маърӯза ва машғулоти амалӣ омӯхта шавад.
Мустаҳкамсозии базаи моддиву техникии кафедраҳо низ зарур аст. Мегӯянд, ки ғояҳо дар шуури инсон пайдо мешаванд ва дар лабораторияҳо ба амал бароварда мешаванд. Хуб мебуд, ки лабораторияҳои таълимию илмӣ муттаҳид карда шаванд, ки баъдтар аз онҳо олимони ботаҷрибаву боиқтидор ба вуҷуд меоянд.
Магистрантҳои имрӯза кадрҳои боиқтидори илмии оянда мебошанд. Агар маҳорати тадқиқоти илмии онҳо вақти донишҷӯӣ ташаккул ёбад, дар оянда онҳо ба муҳити илмӣ ба осонӣ мутобиқ мешаванд.
Рақамисозии ҷараёни таълим низ яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад, ки дар инҷо дар як вақт кор бояд дар ду самти бо ҳам алоқаманд: таҷҳизонидани кафедраҳо бо технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани салоҳияти омӯзгорон дар робита бо педагогикаи рақамӣ ташкил карда шавад. Технологияи замонавӣ ва паҳншавии Интернет имкон медиҳад, ки ин корро зуд, самаранок ва бо харҷи кам анҷом диҳанд. Донишҷӯён аз минтақаҳои гуногун ба маърӯзаҳои  омӯзгорони баландихтисос дастрасӣ дошта бошанд, бо мутахассисон муколамаи касбӣ гузаронанд.
Ин норасоии муаллимони баландихтисосро то андозае пурра мекунад. Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани ихтисоси онҳо имкониятҳои калон фароҳам меорад.
Масалан, муҳандиси об ё муҳандис-механик, ки дар ягон минтақаи даштӣ ё кӯҳистон кор мекунад, метавонад ихтисоси худро баланд бардорад, ҳамкоронро ба ин ҷалб кунад ва ба ин васила ба мутахассиси баландмалака табдил ёбад.
Ба сифати хулоса бояд таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии кадрҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ба дараҷаи мувофиқ баргузор кардани олимпиадаҳои фаннӣ метавонад ин мушкилотро то ҳадди имкон ҳаллу фасл намояд, ки ин низ бояд ба зиммаи кафедраҳо супурда шавад. Такмили ҷараёни ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳо низ зарур аст. Донишҷӯёни ғолиб бояд ба магистратура ё докторантура бо имтиёз дохил шаванд. Бо ҳамин роҳ донишҷӯёни боиқтидореро, ки потенсиали илмии кишварамон мебошанд, дастгирӣ менамоем.

Ойбек ОРИФҶОНОВ,
мудири кафедраи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд – Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ,
доктори илмҳои техникӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: