КАФОЛАТИ ПЕШРАФТ, СУЛҲУ САЛОҲ, ҲАМДИЛӢ, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДӢ

Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоҳангӣ бо анъанаҳои бисёрасринаи халқи мо офарида шудааст ва асоси мустаҳками ҳаёти фаровон, тафаккури сиёсиву ҳуқуқии халқи мо, болоравии обрӯйи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ ба шумор меравад.

Бобати ба ҳуҷҷати халқӣ табдил додани Қонуни асосии мо, ки ба раванди «Инсон – ҷомеа – давлат» такя мекунад, мунтазам кор бурда мешавад. Зеро ин ҳадафи аввалияи ислоҳотест, ки дар Ӯзбекистони Нав татбиқ мегардад.
Тавре ки маълум аст, чанд моҳ муқаддам мувофиқи қарори муштараки палатаҳои Олий Маҷлис барои коркарди таклифҳо ва амалӣ намудани чорабиниҳои ташкилӣ бинобар ба Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид кардани тағйирот ва иловаҳо Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуда буд. 
Вобаста ба ин ва бо мақсади ба роҳ мондани низоми ҷамъоварӣ ва умумикунонии таклифҳои шаҳрвандон ва намояндагони ҷомеа, ҳамчунин пешниҳоди онҳо ба Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон» коркард шуда буд. Тамоми имкониятҳо барои ҷонибдории таклифҳо, аз ҷумла аз тариқи онлайн-платформаи «Менинг Конститутсиям» («Сарқонуни ман»), кол-марказ, почта, аз ҷумла почтаи электронӣ, ҳамчунин телеграм-боти махсус фароҳам оварда шуданд. 
Комиссияи конститутсионӣ фаъолияти худро дар се давра татбиқ менамояд. Дар давраи аввал таклифҳо бобати ворид кардани тағйирот ба Сарқонун қабул ва таҳлил карда шуданд. Дар муҳлати кӯтоҳ аз шаҳрвандон бештар аз 60 ҳазор таклиф расид. Дар давраи дуюм лоиҳаи Сарқонун аз ҷониби парлумон коркард ва аз нав таҷдиди назар гардида, ба муҳокимаи ҷомеа гузошта шуд. То 1 август пас аз ба муҳокима гузошта шудани лоиҳаи Қонуни коститутсионӣ аз ҷомеа беш аз 150 ҳазор таклиф расид. 
Дар давраи ниҳоӣ бобати қабули лоиҳаи қонун, ки дар натиҷаи муҳокимаи ҷамъиятӣ маъқул дониста шудааст, аз тариқи баргузор кардани раъйпурсӣ бинобар пешниҳоди Президент қарор қабул карда мешавад.
Бояд махсус таъкид кард, ки роҳбари давлати мо ба таҳлили ин ҷараён, саривақт муайян кардан ва аз байн бардоштани камбудиҳои мавҷуда эътибор дод. Аз ҷумла, Президент 20 июни соли равон бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ ҷамъомад баргузор намуд ва қайд кард, ки ислоҳоти мазкур ба боло бардоштани шаъну шарафи инсон хидмат мекунанд. Ғайр аз ин, дар маросими тантанавии бахшида ба 31-умин солгарди истиқлолияти мо низ масъалаи такмил додани Қонуни асосии мо баррасӣ гардид. 
Баробари ин лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид кардани тағйирот  ва иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон» коркард шуд. Ин лоиҳаи қонун аз 25 июни соли равон ба муҳокимаи ҷомеа пешниҳод гардид. Боиси зикр аст, ки ин ҷараёнҳо дар байни халқи мо рағбати зиёд пайдо кард. Бояд таъкид кард, ки дар пояи  таклиф ва хоҳишҳое, ки аз шаҳрвандон расиданд, муҳлати муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Асосӣ ду бор дароз карда шуд. Дар натиҷа лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ, ки ба 76 моддаи он бо оғоз аз дебочаи Сарқонуни мо тағйирот ворид мекунад, ташаккул ёфт, ҳамчунин 15 моддаи нав ва 1 боби нав ворид карда шуданд. 
Дар хотима месазад зикр сохт, ки Қонуни асосӣ ин симои миллат, тимсоли озодии халқ ба шумор меравад, бинобар ин дар роҳи такмил додани он набояд саросема шуд. Тавре ки Президенти мо изҳор дошт, Сарқонуни нав бояд асоси мустаҳками ҳуқуқӣ ва кафолати муътамади стратегияи дарозмуҳлати рушди мамлакати мо, пешрафти ояндаи он ва ҳаёти фаровони фардоинаи халқи моро таҷассум намояд. 

Эркинҷон МАҲМУДОВ, роҳбари раёсати адлияи шаҳри Қӯқанд.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: