КАЙ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ БАРҚАРОР МЕГАРДАД?

Масъалае, ки перомуни он баҳс оростаем, муаммои нав нест.

Солҳост, ки ин масъала мавриди баҳси равшанфикрони нуратоӣ мебошад. 21 феврали соли 1990 “”Нурота ё Нурато” ном мақолаи муаллифи ин сатрҳо дар рӯзномаи “Овози тоҷик” нашр гардида буд.Тарҷумаи мақолаи номбурдаро дар газетаи ноҳиявии Нурато “Илғор чорвадор” (ҳоло “Нурнома”) чоп намуданд. Ғайри чашмдошт, мақола боиси баҳсҳои зиёд гардид.Таваҷҷуҳи мардум ба омӯзиши таърих, ба вижа, ба омӯзиши таърихи қадимаи диёр хеле афзуд. Дар ин замина сафи таърихнигорон низ ба маротиб афзуд. Аз омӯзгори оддӣ то докторони илмҳои биологиву ҷуғрофияи иқтисодӣ ба навиштан ва интишори мақолаву рисолаҳои таърихӣ шурӯъ намуданд. Мақолаю рисолаҳои Р. Қодиров, С. Мустафоев, К. Аҳмадқулов, Б. Мирзоев, Ш. Исмоилзода, Р. Аҳмадов, Ҳ. Ғуломов, Б. Амонов, С. Умрзоқов, О. Умрзоқов, С. Бӯлдиева дар омӯзиши таърихи Нурато саҳм гирифтанд.
Аксарияти ин муҳаққиқон (К. Аҳмадқулов, Б. Мирзоев, Б. Амонов, С. ва О. Умрзоқовҳо) сарчашмаҳои хаттии таърихиро таҳриф намуда, “Нурота” будани номи шаҳрро  “собит” намудан хостаанд.
Донишманди хуби забонҳои тоҷикиву арабӣ, ки аз қаротуркманҳои маҳаллӣ мебошад, боз ҳам бештар ба таҳрифи сарчашмаҳои таърихӣ роҳ дод.(Ниг. дар ин хусус: Ӯ. Раҳмон. “Таърихнигорӣ, ё худ чанд қайд дар ҳошияи як китоб”, “Ховар”, аз 1-15 декабри соли 2017). Бе ҳеҷ гуна асос собит дорад, ки кӯҳаншаҳри ҳамешаҷавон “Нурато” ё “Нурота” не, балки Нурото аст. 

“Кашфиёт”-и нав дар илми таърихнигорӣ

Ш. Исмоилзода ва Р. Аҳмадов роҳи миёнаро пеш гирифтаанд. Ба андешаи онҳо истилоҳоти “Нурато” ва ”Нурота” муродиф буда, истифодаи ҳарду  истилоҳ иштибоҳ нест.
Аз ин баҳси доманадор камина низ дар канор намондаам. Чанд нигоштаам дар саҳифаҳои расонаҳои ахбори оммавӣ интишор ёфт. 
Дар заминаи сарчашмаҳои хаттии таърихӣ ва забони зиндаи мардуми маҳаллӣ собит намудаам, ки шаҳри кӯҳанбунёд “Нурота” ё  “Нурото” не, “Нурато” ном дошта, бояд номи таърихии он барқарор гардад. Тадқиқотҳо собит намудаанд (инро ҳамаи муҳаққиқон эътироф доранд, вале аз чӣ бошад ба таҳрифи ҳақиқати таърихӣ даст мезананд?!), ки то соли 1940 дар ягон сарчашма – чӣ ба забони форсӣ, чӣ туркӣ бо истилоҳи “Нурота ”дучор намегардем.
Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта таваҷҷуҳи мардум ба омӯзиши таърихи гузаштаи мардуми хеш хеле афзуд. Дар навиштаҷоти пештоқи кӯчаву биноҳо, сайрхати автобусҳо, навиштаҷоти рӯйи расму табақҳо “Нурато” менавиштагӣ шуданд...
Боре ба қабули ҳокими вақти ноҳияи Нурато Зойир Нуриддинов даромадам. Марди ҳалиму ботамкин, донишманд буд ӯ. Худ, ки нуратоӣ буд, аз таърихи гузаштаи зодгоҳ ифтихор дошт. Пешниҳоди каминаро оиди тағйир додани номи шаҳру ноҳия хуб пазируфт. Дар ҳузури камина аъзоёни комиссияи ҳокимият доири забон ва истилоҳотро даъват намуд. Шахсиятҳои шинохтаву номдори ноҳия Очил Наврӯзов, Каримтош Аҳмадқулов, Эркин Исмоилов, Шавкат Исмоилзода ва чанд нафари дигар ҳозир гардиданд. Он ҳама воқеияти таърихӣ доштани “Нурато”-ро якдилона эътироф намуда, дар бораи тағир додани “Нурота” ба “Нурато” қарори дахлдор қабул намуданд. Сад афсус, Зойир Нуриддиновро умр вафо накард... Он қарор рӯйи коғаз монд.
Чанде қабл бо муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ Лазизҷон Бозоров вохӯрдам. Нақли аҷиб кард. Гуфт, ки муаммои тағйир додани номи шаҳру ноҳия аз нав рӯйи кор омадааст. Ин масъаларо намояндагони ноҳия дар ҷаласаи худ муҳокима намуда, дар бораи ба “Нурато” табдил додани номи “Нурота” қарор қабул намуда, депутатҳо якдилона тасдиқ намудаанд. Вале аз  “боло” хабару дараке нест. Л. Бозоров хоҳиш намуд, ки ин масъаларо боз як маротиба аз тариқи “Овози тоҷик” пешкаш намоям.
Инак, бо ин ният андешаҳои худро дар заминаи сарчашмаҳои хаттии таърихӣ ва забони зиндаи мардуми маҳаллӣ дар чанд сатр рӯйи коғаз оварданиям.
Номи шаҳр дар сарчашмаҳои хаттии таърихӣ дар ду шакл – “Нур” ва “Нурато” дучор меояд. “Нурато” калимаи мураккаб буда, аз ду реша “нур” ва “ато” иборат аст. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба тариқи зер шарҳ ёфтааст: 
Нур(а) – рӯшноӣ, равшанӣ, зиё, 
фурӯғ.
Абр шуд наққоши Чину бод шуд 
аттори Рум,
Боғ шуд айвони нуру роғ шуд 
дарёи Ганг.
(Манучеҳрӣ).
“Ато” (а) – бахшиш, инъом
Гарчӣ ато дар ҳама ҷо дилкаш аст,
Ҳар чӣ ба ҳинҷор бувад, 
он хуш аст.
 (Амир Хусрав).
“Нурота” низ аз ду калима – “нур” ва ”ота” иборат буда, “ота” ба забони тоҷикӣ маънои падарро ифода мекунад. Нурота ном гирифтани шаҳрро аксар муҳаққиқон ба шайх Абулҳасани Нурӣ марбут медонанд. Гӯё ба эҳтироми ӯ Нурро “Нурота” гуфтаанд.
Дар ҳақиқат, мақбараи Шайх Абулҳасани Нурӣ  назди Чашмаи Нурато воқеъ буда, дар он санге бо навиштаҷоти тоҷикӣ (форсӣ) гузошта шуда буд. (Ниг. Дар ин хусус: Ӯ, Раҳмон. “Абулҳасани Нурӣ”, “Овози тоҷик”, 20 феврали соли 2012). Таассуфовар аст, имрӯз он катибаи таърихиро бо сангаш рабуда, ҷойи он катибае ба забони арабӣ гузоштаанд. Бо исрор қайд менамоем, ки он шахс Нур ном надошта, бино ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ дар “Нафаҳот-ул-унс...”  “Шайх Абулҳасан Нурӣ аз табақаи сония аст, номи вай Аҳмад бинни Муҳаммад аст”. Пас Нур маҳалли зист аст, на номи шахси таърихӣ. Ва таърих бисёр маводе дорад, ки шахсиятҳои таърихӣ пас аз ному насаби худ маҳалли зист ва ё зодгоҳро ба он зам намудаанд. Мисолан: Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Суюндик Мустафои Нуратоӣ ва ҳоказо.
Истилоҳоти “Нурато” ва ”Нурота”(“Нурото”) бо ҳам иртибот надоранд, муродиф ҳам намебошанд. Рост аст, ҳама падарро эҳтиром дорад, вале ба дараҷаи илоҳӣ расонидан шак овардан ба Офаридгор аст. Табиат ва неъматҳои он бахшоиши Худо будаанду мебошанд. Аз ин рӯ, номи ҳар ҷо, ки дар таркиби худ истилоҳи “ато” дорад, зиёратгоҳ аст, мардум ба он ҷо эътимоду эътиқод доранд. 
Нураторо дар сарчашмаҳои таърихӣ чун шаҳри муборак таъриф додаанд. Дар “Таърихи Муллозода” (Аҳмад Бухорӣ. Тошканд, “Янги аср авлоди” 2009) мехонем: “Сайид Аҳмад дар “Қандия” овардааст, 80 маротиб дар манбаъҳо дарёфтам, ки фармудаанд: “Мовароуннаҳр се шаҳри муборак дорад. Инҳо Бухоро, Самарқанд ва Нур мебошанд”.
Анис ибни Малик ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с.а.в.) фармудаанд: ”Дар он сӯйи Ҷайҳун се шаҳри мубораки нурангез ҳаст. Он ҷоро Бухоро, Самарқанд ва Нур номанд”. (Саҳ. 84).
Дар ҳақиқат, таваҷҷуҳи мардум чӣ дар дохили кишвар, чӣ хориҷ аз он ба Нурато меафзояд. Мардум эътимоду эътиқод доранд, ки:
Ҳар кас, ки ба Нур ояд бар суд,
Аз оташи дӯзах тани ӯ 
озод шавад.
Гар ғусл кунад ба оби 
Чашма як бор,
Резад гунаҳаш, аз гунаҳ 
дур шавад.
Чашма шукӯҳу шӯҳрати Нураторо натанҳо саросари кишвар, балки берун аз марзи он беш аз пеш афзун мегардонад. Чашма атои Худо аст. Оби он гоҳ-гоҳе нур афканад ва аз ин он ҷоро Нурато гӯянд. Моҳҳои май-июни соли 2004 ҳазорон нафар зиёратчиён ба нурангезии Чашмаи Нурато шоҳид шудаанд. 
Дар ҳамаи сарчашмаҳои хаттии таърихии то солҳои 40-уми  асри гузашта номи шаҳр Нур ва ё Нурато зикр ёфтааст. Дар ягон манбаъ ба истилоҳоти “Нурота” ва ё “Нурото” чӣ ба туркӣ ва ё чӣ ба форсӣ дучор наомадем. Ба номгӯи манобеи хаттии таърихӣ эътибор намоед: “Дар баёни вилояти Нур ва Чашмаи он”, “Рисолаи ҳазрати Нурато”,”Рисола дар баёни шаҳри Нурато”, “Ал-мусаммо ба рисолаи ҳазрати Нурато”. Беҳтар аст, дар ин хусус нигаред ба “Табаррук нурли Нурота” ном китоби Суюндик Мустафо Нуротоӣ (Тошканд, “Турон замин зиё”, 2015), ки дар ҳамаи манобеи истифодагардида номи шаҳр Нур ва Нурато омадааст. Аммо муаллиф ба ин ҳама аз паси панҷа нигоҳ намуда, шаҳрро Нурота ном бурдааст.
Бешубҳа, дар замири ривоятҳо ҳақиқат ниҳон аст. Нисбати пайдоиши шаҳр дар байни мардум ривоятҳои зиёд машҳуранд. Ва дар ҳамаи ривоятҳо номи шаҳр Нурато зикр ёфтааст. 
Нурота не, Нурато будани номи шаҳрро байтҳои тахтасангу косаву табақи солҳои пешин низ исбот мекунад. (Истам Ғазғоний. “Тошдаги дуо, байт, ғазал, ҳикматлар”. “Илғор чорвадор”, аз 18 октябри соли 1991).
Забони мардуми шаҳри Нурато ва деҳоти атрофи он  (Мазор, Деҳи Баланд ва Ғазғон) муҳимтарин сарчашма мебошад, номи шаҳр дар шакли “Нурато” хеле маъмул мавриди истифода қарор дорад.
Бинои боҳашам бе пойдевори мустаҳкам бунёд намешавад, бунёд шуд дер намепояд. Тадқиқи таърихи ниёгон беомӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ имкон надорад. Роҳ додан ба таҳрифи манобеи таърихӣ беадолатӣ ва носипосӣ ба мероси гузаштагон бувад. 
Надонистани манбаъву дастхатҳо дар омӯзиши таърихи Нурато хеле соя меандозад. Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Нурато ба кори хайр даст задааст. Агар ин масъала ҳалли эҷобии худро пайдо мекард, нур болои нур мегардид, чаро ки:
Замини Нур зи хулди барин 
нишон дорад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
таърихшинос.

Ноҳияи Нуратои вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: