«КАЙ БУВАД ДУР АЗ ВАТАН ҶОЕ МУСОФИРРО ҚАРОР...»

Дар адабиёт ибораҳои «шоири классик», «нависандаи классик» маъмул аст.

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (Маскав, нашриёти «Редакция народов СССР», 1983) мураттибон вожаи «классик»-ро чунин шарҳ додаанд: «Классик - классик (ходими забардаст ва аз тарафи умум эътирофгардидаи илм, адабиёт, санъат)». 
Бо назардошти ин таъриф, ҳаммеҳани мо Сайидои Насафӣ (чаҳорсад сол қабл дар Насаф – Қаршии имрӯза ба дунё омадааст) низ аз ҷониби адабиётшиносон ба сифати шоири классик пазируфта шудааст. 
Бузургӣ ва забардастии шоироне мисли Сайидо дар муҳтаво, зебоӣ ва мондагории сухани ҳамешасабзи онҳост. Бешак, шеъри пурбадеъе, ки аз дарди халқ маншаъ гирифтааст, ба умри рӯҳонии гӯяндааш меафзояд. Инак, беш аз чаҳор сада аст, ки шеъри Сайидои Насафӣ вирди забонҳост. Вақте девони ғазалиёти ин намояндаи сабки ҳиндии миёнаро варақ мезанед, ба абёте дучор меоед, ки суханони  ҳикматомези халқро ба ёд меоваранд. Гӯё шоир ҳамаро аз халқ гирифта ба халқ баргардондааст. Одатан, пирони рӯзгордида дар мавриди насиҳат ба фарзанд мегӯянд: «Ризқу рӯзӣ бе меҳнат ба даст намеояд». Сайидо бо истифода аз санъати ташбеҳу ташхис ин гуфтаро бад-ин тарз тақвият бахшидааст:
Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу санги осиё зи пайи обу дона рафт.
Дар ин байт ифодаи «чу санги осиё аз пайи обу дона рафтан» бо санъати ташбеҳу ташхис оро ёфтааст, ки маҳсули мушоҳидаи шоир аз зиндагист. Санги осиё барои дарёфти ризқ (санъати ташхис) аз пайи обу дона меравад (давр мезанад).
Мардум мегӯянд, ки «Ростӣ (ҳақиқат) хам мешавад, дуқад мегардад, вале намешиканад», яъне, заволнопазир аст. Сайидо ба ин маънӣ, бо истифода за санъати истиора, фармудааст:
Ростиро набувад  ҳеч заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Сарв (истиораи ростӣ) – дарахте, ки рост мерӯяд, хушк шавад ҳам аз байн намеравад, асо мегардад. Ва пирон ба он (ростӣ) такя мекунанд. Бале, инсон дар ду айёми умр – овони кӯдакӣ ва даврони пиронсолӣ рост мегӯяд ва ба ростӣ, чун ба асо, такя мекунад. Беҳуда намегӯянд, ки агар ҳақиқатро донистан хоҳӣ, аз кӯдак пурс. Ва аксарияти инсонҳо дар пиронсолӣ натиҷа  мегиранд, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст, биноан, ба ростӣ (асо) рӯ меоваранд.
Дар мисоли зерин низ як мушоҳидаи зиндагӣ: «хорро бо сӯзан (истиора) аз по берун кардан» ба ҷолибияти байт афзудааст:
Рафиқ аз каф манеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад,
Туро сӯзан ба даст афтод, хор аз по бурун афтад.
Рафиқони покният агар ба кӯмаки якдигар шитобанд, душмани бадният ба мурод намерасад. Дӯстон мисли сӯзан душман – хори ба по халидаро берун  мекунанд. Русҳо мегӯянд: «Не имей сто рублей, а имей сто друзей» («На сад сӯм, балки сад дӯст дошта бош»), ки бо ин даъвати Сайидо – «рафиқ аз каф манеҳ» ҳамоҳанг аст.
Чандест, ки дар кишвари мо Қонун  «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» амал мекунад. Магарам дар замони Сайидо низ пора дода, пора мегирифтаанд, ки ӯ фармудааст:
Нафси саркаш оқибат андохт моро дар бало.
Кард охир кори худро душмани ширини мо.
Дар ин мисол «душмани ширин» истиораи «нафси саркаш» мебошад. Воқеан,  пора «душмани ширин» аст, ки тамаъкорро оқибат ба доми бало меандозад. Дар суҳбатҳо, вақте доир ба ин иллат, ки ҷамъиятро аз тараққиёт бозмедорад, сухан меравад, баъзеҳо аз таърих мисолҳо оварда, собит намуданӣ мешаванд, ки онро наметавон батамом решакан кард. Шояд онҳо дуруст мегӯянд, аммо 70 - 80 фоиз решакан гардидани он ҳам як дастоварди бузург аст. Барои ин, бояд насли наврасро дар оила ва мактабҳо на дар рӯҳи танхоҳӣ, балки ватанхоҳӣ  тарбия кард... Ба ҳамин маънӣ байти дигаре:
Нафси саркаш мулки танро медиҳад охир ба бод,
Ҳокими золим диёри хеш вайрон мекунад.
Сайидо дар ин шоҳбайт фикри қатъии худро: «нафси саркаш (гапношунав) мамлакати танро оқибат ба бод медиҳад», бо як мисоли ҳаётӣ: «ҳокими золим диёри худро вайрон мекунад» тақвият бахшидааст. Таҷрибаи зиндагӣ дар замони мо ҳам нишон дода истодааст, ки баъзе ҳокимони худбин, ба ивази пора, «кадрҳоро ҷо ба ҷо» гузошта, ноҳияву вилоятҳоро хароб мекунанд. Вале агар дақиқ санҷида шавад, аксарияти кадрҳои онҳо сазовори вазифа нест. Натиҷаи «ҷобаҷогузории кадрҳо» ин аст, ки «ҳокимони золим» дар ин дунёи серӯза айши худро меронанду косаи мардуми оддӣ сафед намешавад.
Ба фикрам, саъати киноя ва то ҷое тазод, ба ҷолибияти байти зерин афзудааст:
Посихотирдорӣ, ай оина, аз мо ёд гир,      
Айбҳои халқ мебинему мепӯшем мо.
Пайдост, ки дар рӯ ба рӯйи оина қарор гиред, бе ҳеч рӯйихотир, ҳамаи айбҳоятонро менамояд. Биноан, мани шоир ба оина рӯ оварда мегӯяд, ки: «Эй оина, ту посихотирдорӣ – рӯйихотир кардани мардумро аз мо ёд гир. Ту айбҳои мардумро дидаву ошкор месозӣ, мо бошем, мепӯшем». Ба андешаи мо, қаҳрамони лирикӣ басе хостааст, ки мардум мисли оина айбҳои якдигарро беозор бинамоянд. Тавре ки Саъдӣ фармудааст. «Дӯст он бошад, ки айби ёрашро, ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд».    
Пешинагон аҳли маърифат, орифон ва донишмандонро аҳли дил номидаанд. Бино ба натиҷагириҳои Сайидо суҳбати дунёпарастон барои аҳли дил офат (зиён, зараровар) аст. Байт:
Аҳли дилро суҳбати дунёпарастон офат аст,
Кисаи зар душмани ҷон аст дар паҳлӯ маро.
Шоир дар ин намуна фикрашро бо як мисоли ҳаётӣ: «Кисаи пури зар дар паҳлӯ душмани ҷон аст, зеро аз эҳтимол дур нест, ки дузд одамро кушта,  зарро бирабояд» собит намудааст. Яъне сарвати маънавӣ бо сарвати моддӣ созиш намекунад. Воқеан, дар гирдиҳамоиҳо шоҳиди он гардидаем, ки китобхонӣ ё шарҳи абёти шоирони классик аз ҷониби донишмандон барои дунёпарастон хушоянд нест, ё пинак мераванд, ё суҳбатро тарк мегӯянд. Дар навбати худ, вақте ҳарисони моли дунё бо худнамоӣ сухан аз дороиҳояшон ба миён меоваранд, табъи аҳли маърифат хира мегардад.
Дар мисолҳои болоӣ дидем, ки фикри худро тавассути санъатҳои бадеӣ бо ҳодисаҳое, ки дар ҳаёт ё табиат рӯй медиҳанд, тақвият бахшидан ё собит намудан, аз хусусияти умдаи сабки ҳиндӣ аст. Байти зерин низ бад-ин шева хаёлбандӣ шудааст: 
Кай бувад дур аз ватан ҷое мусофирро қарор,
Дар чаман аз чашми шабнам хоби роҳат бурдаанд.
Ин ҷо дар сатри аввал як фикри оддӣ: «мусофир (инсон) дур аз Ватан сабру қарорашро гум мекунад, ба нороҳатиҳо мувоҷеҳ мешавад», ифода ёфтааст. Вале дар сатри дуюм шоир бо истифода аз санъати истиораю ташхис ва ҳодисае, ки дар табиат рӯй медиҳад, ба қимати ин фикри оддӣ меафзояд. Шабнам истиораи мусофир буда, аз чашми он рафтани хоби роҳат санъати ташхис мебошад. Қонуни табиат аст, ки шабнам – мусофир аз арш ба рӯйи баргу гул фуруд меояд ва пас аз муддате, бар асари гармии офтоб, боз ба ватан – арш бармегардад, яъне, бухор мешавад. Вале шабнам дар чаман, ки дар тасаввурҳо ҷойи осоишу фароғат мебошад, шабона хоби роҳат надорад, то тулӯи офтоб бедор аст, зеро дур аз ватан – арши аъло афтодааст. Дар ин байт эҳсоси меҳанпарастии  мани шоир, ки хоси инсони комил мебошад, ифода ёфтааст.
Фикр мекунем, ки бо шарҳи абёти болоӣ (ин гуна байтҳои шоир зиёданд) то ҷое бузургии шоирро ба хонанда ошно намудем. Итминони комил дорем, ки то одаму олам боқист, абёти мондагори Сайидои Насафӣ барои насли оянда хидмат хоҳанд кард.

А. СУБҲОНОВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: