Мафҳуми «каҷбинӣ»-ро дар тамоми луғатҳои тафсирии мардуми олам аз давраҳои куҳан то кунун пайдо кардан ғайриимкон аст.
Лекин одамони каҷбинӣ дар зиндагӣ бисёранд. Барои занҳои каҷбинӣ кор саҳл осонтар аст, зеро бо василаи ҷарроҳӣ бинии каҷи худро дуруст мекунанд. Мардон бошанд, бо бинии каҷи худ муросо карда, як умр дар ёди рост кардани он нестанд. Лекин аҷоибии табиат дар он аст, ки одатан каҷбиниҳо дар зиндагӣ каҷбин намешаванд. Онҳо одатан ростгӯ, ростқавл ва самимӣ буда, аз дурӯғгӯйӣ ҳазар мекунанд. Дар бисёрии мавридҳо каҷбинигӣ ҳусну ҷамоли занонро дучанд мекунад. Мутафаккир, шоир ва нависандаи немиси асри ХIХ Генрих Ҳейне нақл мекунад, ки як табиби ҷарроҳ ва номдори Олмон духтаре дошт бениҳоят хушрӯ, соҳибҷамол ва гулбадан, вале бинии андаке каҷ дошт. Ҷарроҳ хост бинии каҷи духтарашро ба василаи ҷарроҳӣ дуруст кунад, то ки тезтар ба шавҳар баромада тавонад. Табиби ҷарроҳ ҳамин хел ҳам кард. Бинии каҷи духтарашро рост кард. Хулосаи кор ҳамин шуд, ки баъди ҷарроҳии бинии духтараш, зебоӣ, ҳусни ӯ мисли он, ки бухор шуда бошад, нопадид гашт. «Наход зебу латофати духтарам дар бинии каҷи ӯ буд», фикр кард ҷарроҳ. Ӯ аз кораш хеле ҳам шикастадил шуд ва афсус хӯрд, ки қудрати бинии духтарашро ба ҳолати пешина баргардонданро надорад.
Ман ин ҳикоятро барои он овардам, ки баъзе духтарони имрӯз ҳусни табиии худро нодида мегиранд, ки барои онҳо табиат ато кардааст ва онро бо василаҳои гуногуни ҷар-роҳӣ нобуд месозанд. Масалан, бо роҳи ҷарроҳӣ лабони худро ғунда (ғафс) мекунанд, чашмони танги худро васеъ, синаи худро барҷастатар мекунанд ва ғайра. Гуфтаҳоям маънои онро надоранд, ки занҳои мо аз ҷарроҳии пластик даст кашанд ва баъзе нуқсҳои физикии худро ислоҳ накунанд. Ман гуфтаниям, ки духтарони мо зебоии табиии худро набояд қурбони зебоии сунъӣ, хунук ва сард кунанд. Ҳар як зан мувофиқи синну солаш, хусусияти индивидуалиаш, ҳувияташ зебост ва ҳаёти мардон ва ҷомеаро пурра мекунанд. Масалан, бузургони фарҳанги мо ба мисли Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ ва ғайра дар чашмони танги чиниён олам-олам зебоиро дида тавонистаанду онро васф кардаанд, аммо мо дар худ бузургии табиатро дида наметавонем. Нависандаи бузурги рус Гогол навишта буд, ки ман на ба каҷбинӣ будани одамон механдам, балки ба каҷ будани рафтору кирдорашон.
Хулоса, зебоии табиӣ аз ҳамаи арзишҳо волотар аст ва ҳаргуна мудохилаи ғайримудаббирона ва далелҳои сохтаю беасос ба қоидаю қавонини табиат барои инсон хеле гарон меафтад.
Ҳ. ҚУРБОНМАМАДОВ,
ш.ТОШКАНД.