КАЛИДИ ДАРИ МАЪНИҲО

Китобиёт

Агар ба таърихи фарҳангнигорӣ назар афканем, хоҳем дид, ки аксарияти фарҳангҳоро шоирон ва донишмандони бо сухан ошно, бо назардошти ниёзи мардум, тартиб додаанд. Мисолан, ба ин маънӣ мураттиби «Фарҳанги зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» нигоштааст: «Дар маҳофили шоҳномахонӣ дӯстон дархост намуданд, ки вожаҳои қадимӣ ва мушкилфаҳмро шарҳ диҳам. Ин кор сурат гирифт ва сабаби ба маънӣ фурӯ рафтани аҳбоб гардид».
Дар урфият мегӯянд, ки як сухан 366 паҳлӯ дорад. Хусусан, дарки мазмуну моҳияти шеъри шоирони қадим осон нест. Зеро классикони мо дар ифода намудани афкору андеша ва авотифи худ аз санъатҳои бадеӣ, мисли маҷоз, киноя, истиора, ташбеҳ, талмеҳ... фаровон истифода бурдаанд.
Шоири бузурги ӯзбек, устод Эркин Воҳидов арза доштааст, ки сӣ фоизи таркиби луғавии забони ӯзбекиро вожаҳои форсӣ ташкил медиҳанд.
Ин натиҷаи он аст, ки халқҳои ӯзбеку тоҷик тӯли қарнҳои зиёд паҳлӯи ҳам ба сар бурда, ба ғановати урфу одат ва фарҳанги якдигар афзудаанд. 
Чанде қабл китоби «Киноя ва маҷоз луғати» («Фарҳанги кинояву маҷоз»)-и Абдулаҳад Азизов ва Амонулло Валихоновҳо, ки аз тариқи нашриёти «Муҳаррир нашриёти»-и пойтахт чоп шудааст, ба дастам афтод. Онро Искандар Мадғозиев ба чоп омода кардааст.
Ба назари инҷониб тартиб додани фарҳанги оддӣ, ки тафсири маънои луғавии калимаҳоро тақозо дорад, он қадар душвор нест. Вале луғати кинояву маҷозро ҳамонҳое тартиб дода метавонанд, ки бо санъати сухан ошноӣ дошта бошанд.
Равоншодҳо Абдулаҳад Азизов (1900-1970) ва Амонулло Валихонов (1923-1986)-и андиҷонӣ ҳар ду бо шеър сарукор доштаанд. Яке бо тахаллуси Анисӣ, дигаре Боқирӣ шеър гуфтаанд. Камина натиҷа гирифтам, ки мураттибон аз нозукиҳои забони форсӣ (тоҷикӣ) хуб бархурдор будаанд.
Дар фарҳанги мазкур, бино ба алифбои арабӣ 700-то вожаву ибораҳои молики маънои маҷозӣ ва киноявӣ бо мисолҳо – абёти Алишер Навоӣ, Атоӣ, Заҳириддин Бобур, Фузулӣ, Нишотӣ, Увайсӣ, Амир Умархон, Нодира, Муҳаййир, Мирӣ, Маҳҷур, Ғафур Ғулом, Улфат, ки аксарияташон шоири зуллисонайн (бо забонҳои туркию форсӣ шеър гуфтаанд) будаанд, мавриди шарҳу тафсир қарор гирифтаанд ва қариб ҳафтод фоизашон вожаву ибораҳои форсӣ-тоҷикиянд.
Инак, барои ба рағбати хонанда афзудан, намунае чанд аз шарҳу тафсири ин ду олиму шоири нуктасанҷ меоварем.
Вақте хонандаи оддӣ дар шеъри қадимиён ба ибораҳои «оби зиндагонӣ» ва «оби ҳайвон» рӯ ба рӯ меояд, намефаҳмад, ки онҳо ба кадом маънӣ омадаанд. Мураттибон ибораи мазкурро дар фарҳанги мавриди назар бо овардани байте аз Алишер Навоӣ чунин шарҳ додаанд:
1. Оби зиндагонӣ – оби ҳаёт; киноя аз лаби маъшуқ.
Жон топибон улки ӯпса они,
Мундин дебон оби зиндагонӣ.
Тарҷумааш:
Бибӯсад ҳар кӣ он ёбад равоне,
Ту гӯӣ бошад оби зиндагонӣ.
2. Атласи афлок – атласи фалакҳо; киноя аз осмон.
Рахтки баззоз териб ранг-ранг,
Атласи афлок киби танг-танг.
Тарҷумааш:
Рахт, ки баззоз бичид ранг-ранг,
Атласи афлок барин танг-танг.
(Алишер Навоӣ).

3. Чапғалат – киноя аз чап додан.
Жон нечук қутқарайин, ваҳки, ажал бӯлди шаҳид,
Тиғи тезу чашми чапғалатандозингдан.
Тарҷумааш:
Чӣ сон ҷонро раҳо созам, шаҳид гардид аҷал ин дам,
Зи теғи тезу чашми чапғалатандоз дар як он.
(Нодира).
Дар фарҳанг калимаҳои туркӣ-ӯзбекӣ низ шарҳ дода шудаанд. Мисол:
Сомон(коҳ) – киноя аз ранги зарди ошиқ.
Гоҳи бу сомонда шӯъла, гаҳ дуд,
Андин тутибон жаҳонни каҳдуд.
***
Гаҳ шӯъла дар ин каҳу гаҳе дуд,
Пур гашт ҳама ҷаҳон зи каҳдуд.
                              (Алишер Навоӣ).
Хулоса, «Киноя ва мажоз луғати» («Фарҳанги кинояву маҷоз») барои адабиётшиносон, донишҷӯён ва алоқамандони шеъри шоирони қадим ёвари беминнат аст, метавон гуфт, калидест барои боз кардани қулфи дари мазмуну маънои таълифоти пешинагон.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: