КАЛИДИ МОШИНҲО СУПУРДА ШУДАНД

Дар соли нави милодӣ ҳамаи шуъбаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби мошинҳои нави хидматӣ шуданд.

Дар маросими  тақдими калиди мошинҳои тамғаҳои «Cobalt» ва «Gentra» ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев  гуфт, ки ҳукумат сол аз сол ба беҳтар кардани шароити муассисаҳои тандурустӣ аҳамияти вижа медиҳад.
– Ин мошинҳо мувофиқи супориши Президенти мамлакат ба шумо тақдим мегардад. Ҳадаф аз ҳамин иборат аст, ки расонидани хизмати тиббӣ дар саросари  кунҷу канори шаҳру деҳоти вилоят беҳбуд ёбад. Бешак, баъд аз ин мушкили пизишконе, ки дар хидмати мардуми минтақаҳои марзӣ  ва деҳаҳои дурдасти вилоят мебошанд, рафъ хоҳад гардид, – изҳор кард Шӯҳрат Ғаниев.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки тайи касби истиқлоли  кишвар ҳудудан ҳафтод фармону қарорҳои содиргардидаи Президент ва ҳукумат маҳз ба беҳбуди шароити соҳаи тандурустӣ ва таъмини он бо таҷҳизоту дастгоҳҳои наву замонавӣ нигаронида шудаанд. Гузашта аз ин, эътибор ба ходимони соҳаи тиб, афзоиши музди онҳо низ дар меҳвари эътибор қарор гирифтааст.
– Вазифаи асосии мо барқарор намудани саломатии одамони бемор  мебошад. Мо, новобаста аз вақт ва шароити кор, бояд вазифаамонро ҳамеша сарбаландона анҷом диҳем ва баҳри барқарории саломатии одамон донишу маҳорат ва таҷрибаамонро дареғ надорем. Дар айни ҳол мо,  ходимони муассисаҳои тиббӣ  барои фароҳам овардани чунин шароиту имкониятҳо ба Президент ва ҳукумат   ибрози миннатдорӣ мекунем, – мегӯяд сардори садорати тандурустии вилоят Одилҷон Умаров.  
– Дар солҳои охир бемористонҳо, поликлиникаҳои марказӣ ва минтақавии таҳти тасарруфи шуъбаи тандурустии ноҳияи мо беш аз пеш муҷаҳҳаз ва бо дастгоҳҳои тиббии замонавӣ таъмин мегарданд. Аз ҷумла, як бинои нав сохтаву муҷаҳҳаз гардид, ки барои шуъбаи кӯдакони бемористони марказии ноҳия ихтисос дода шуд. Чанд мошини ёрии таъҷилӣ низ дар хизмати мардуми рустоҳои ноҳия қарор доранд. Тақдими ин мошини нав низ аз мо тақозо менамояд, ки сифати хидмати тиббиро беш аз пеш беҳбуд бахшем ва мардумро аз кори худ розӣ гардонем, – иброз дошт мудири шуъбаи тандурустии ноҳияи Сӯх Икромҷон Аҳмадов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори  
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: