КАЛИМАИ «ФАҲМОНДАДИҲӢ» ҚОЛАБИ МЕЪЁРӢ НЕСТ!

Калимаи мураккаби «фаҳмондадиҳӣ» дар забони форсӣ-тоҷикии классик ва форсии имрӯз ва дарии Афғонистон ба кор намеравад.

Калимаи мураккаби «фаҳмондадиҳӣ» дар забони форсӣ-тоҷикии классик ва форсии имрӯз ва дарии Афғонистон ба кор намеравад. Ин қолаб якҷо бо ин калима дар бархе аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ роиҷ буда, тақрибан пас аз солҳои 40-уми асри ХХ дар ифодаи калимаи русии «разъяснительный» дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (зери таҳрири А.П.Деҳотӣ ва Н.Н.Ершов. Москва – Сталинобод.1949) пас аз калимаи «шарҳдиҳӣ» оварда шудааст.
Калимаи русии «разъяснительный» дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (зери таҳрири М.Осимӣ, М.1985) бо калимаҳои «эзоҳотӣ» ва «тавзеҳӣ» маънӣ шуда, дар ин фарҳанг калимаи «фаҳмондадиҳӣ»  мавриди истифода қарор нагирифтааст.
Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (зери таҳрири С.Айнӣ, С.Р.Ализода, А.Исмоилзода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷон Юсуфӣ, Сталинобод, 1964) калимаи «разъяснительный» ба кор нарафтааст, аммо «разъяснение» ва феъли «разъяснить» аз ин фарҳанг то ба фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии баъдан нашргардида чунин маънӣ шудааст: разъяснение 1) равшанкунӣ, баёнкунӣ, эзоҳдиҳӣ; 2) равшаншавӣ, баёншавӣ, эзоҳшавӣ (ЛРТ, 1934); 1) баёнкунӣ, эзоҳдиҳӣ, шарҳдиҳӣ; 2) эзоҳ, эзоҳот, баёнот, шарҳ, шарҳу баён (ЛРТ,1985).
Ҳамчунон ки аз фарҳангҳои русӣ ба тоҷикӣ бар меояд, вожаи «фаҳмондадиҳӣ»танҳо дар «Луғати русӣ – тоҷикӣ»-и соли 1949 ба кор рафта, ки он ҳам дар ҷойи дувум пас аз вожаи «шарҳдиҳӣ» ва «фаҳмондадиҳӣ» баргардон кардаанд, дар интихоби ин ҳарду шакл муваффақ нашудаанд. Ҳам «шарҳдиҳӣ» ва ҳам «фаҳмондадиҳӣ» дар қолаби суннатии калимасозии забони меъёр сохта нашудаанд ва бо ин далел дар фарҳангномаҳои форсӣ дарҷ нагардидаанд. Дар суннати адабӣ дар баёни ин маъно калимаи «ташреҳӣ» ва ё «тавзеҳӣ» ба кор меравад, ки онро дар ибороте мисли «корҳои ташреҳӣ (тавзеҳӣ)» ва ё «фаъолиятҳои ташреҳотӣ (тавзеҳотӣ)» метавон мушоҳида кард.
Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 дар шарҳи «разъяснительный» бар ивази вожаи «фаҳмондадиҳӣ» аз вожаҳои «эзоҳотӣ» ва «тавзеҳӣ» истифода шуда, аммо дар фарҳангҳои русӣ ба форсӣ ин вожаи русӣ тавассути калимаҳои «тавзеҳ» ва «ташреҳ» маънӣ шудааст (Галунов Р.А. Русско – персидский словар, –М, 1937; Восканян Г.А. Русско – персидский словар,–М.1986).
Аз таърихи корбурди вожаи «фаҳмондадиҳӣ» дар фарҳангномаҳо метавон мушоҳида кард, ки ин мавҳум бори аввал дар «Луғати русӣ – тоҷикӣ»-и соли 1949 ба кор рафтааст. Аслан дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 шомил нагардидани вожаи «фаҳмондадиҳӣ» маънии аз забони меъёр хориҷ шудани онро дошта, ин мавҳум дар забони адабии меъёр набояд мавриди истифода қарор дода мешуд. Аммо вожаи мазкур ҳатто дар асноди расмӣ то ба имрӯз дар шарҳи вожаи русии «разъяснительный» корбурди фаровон дорад ва то имрӯз дар мавриди чигунагии ин қолаб дар забони тоҷикӣ натиҷагирӣ нашудааст.
Қолаби «фаҳмондадиҳӣ» дар пояи забони гуфторӣ ба забони тоҷикӣ ворид гардида ва он дар пажӯҳишҳои илмӣ аз роҳи муқоисавӣ дақиқан ошкор гардидааст. Дар робита ба ин метавон аз натиҷагириҳои илмии донишманди шинохта, профессор В.С. Расторгуева дар мавриди қолабҳои феъли ҳоли замони гузашта бо замимаи гурӯҳе аз феълҳои содда, аз қабили giriftan, dodan, istodan, shishtan, gashtan, shudan, mondan, baromadan, raftan, firistodan, partoftan, didan дар шакли тасрифӣ ёдовар шуд. Мавсуф дар ин бора чунин овардааст: «Таджикские сложно-деепричастные глаголы соответственно идентичны по характеру образования узбекским сложным формам глагола, выражаюшим характер протекания действия, которые некоторые ученые называют узбекскими видами глагола. В первой части этих сложных образований в обеих языках представлен основной глагол в форме деепричастия прошедшего времени (тадж. rafta, xonda, узб.кетиб, ӯқиб), во второй части – глагол-модификатор в спрягаемой форме, сообшающий всему сочетанию различные дополнительные смысловые оттенки, преимушественно видовые. Каждый глагол-модификатор таджикского языка имеет в узбекском языке свой двойник, частично или полностью совпадаюший  с ним по своему основному лексическому значению и по тому смысловому оттенку, который он придает всему сложному глагольному образованию в целом». (Расторгуева 1964, 133).
В.С.Расторгуева дар ҳамин ҷо аз корбурди даҳ феъл дар ин қолаб дар забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ёд карда, аз ҷумла дар мавриди қолаби мазкур бо феъли dodan чунин менависад: «Таджикскому глаголу-модификатору dodan «давать», показываюшему, что субъект совершает действие, предназначенное для кого-то другого, соответствует узбекский глагол-модификатор бермоқ «давать»; ср.тадж. хонда додан «прочитать для кого-нибудь» и равное ему по назначению узб. ӯқиб бермоқ; тадж. navista (navista, navisonda) dodan «записать для кого-нибудь» (Расторгуева 1964, 133).
Вожаи мураккаби «фаҳмондадиҳӣ» аз ҳамин қолаби феъли таркибии «фаҳмонда додан» (феъли асосӣ дар шакли феъли ҳоли фаҳмонда, аз масдари фаҳмондан ва феъли додан) низ маълум аст. Ба таври мисол ришвадиҳӣ (аз ришва додан), пулдиҳӣ (аз пул додан), рушддиҳӣ (аз рушд додан) ва ғайра. Ин қолабҳо танҳо дар шаклгирии ҷузъи дувум шабеҳи ҳамдигар буда, аммо аз нигоҳи меъёри ташкили ҷузъҳо тафовут доранд.
Бо овардани ин далоил метавон ба ин натиҷа расид, ки қолаби «фаҳмондадиҳӣ» ва таркиби «фаҳмонда додан» аз нигоҳи муҳтаво ва сохтор дар равиши вожасозӣ ба ҳеҷ далел қобили истифода буда наметавонад ва ин қолаб дар забони меъёр собиқаи корбурд надорад. Аз ин рӯ, калимаи «разъяснительный» дар тоҷикӣ бояд ба воситаи вожаҳои «тавзеҳотӣ», «эзоҳӣ»ва ё «ташреҳӣ» баргардон ва ё маънӣ шавад.

Додихудо САЙМИДДИНОВ,  
доктори илмҳои филологӣ, профессор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: