КАЛИМАҲОИ ВОМИИ АРАБӢ ВА «ВОВИ МАҶҲУЛ»

Вақте ки сухан дар хусуси садоноки «ӯ» (вови маҷҳул) меравад, ҳатман таърихи инкишофи сеҳазорсолаи забони меъёрии тоҷикӣ ба мадди назар меояд, зеро ки овози «ӯ» (вови маҷҳул) ифодакунандаи инкишофи таърихии яке аз садонокҳои забони тоҷикӣ мебошад.

Вақте ки сухан дар хусуси садоноки «ӯ» (вови маҷҳул) меравад, ҳатман таърихи инкишофи сеҳазорсолаи забони меъёрии тоҷикӣ ба мадди назар меояд, зеро ки овози «ӯ» (вови маҷҳул) ифодакунандаи инкишофи таърихии яке аз садонокҳои забони тоҷикӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои мутақаддими ба гурӯҳи забонҳои эронӣ мансуб буда, чор давраи инкишофи таърихиро дар бар мегирад: 1) Забони форсӣ-тоҷикии қадим ё худ забони порсии қадим (аз давраи бостонӣ то асрҳои VI-IV пеш аз милод амал кардааст); 2) Забони форсӣ-тоҷикии миёна (аз асрҳои IV-III пеш аз милод то асрҳои VII-VIII милодӣ давом кардааст); 3) Забони форсӣ-тоҷикии нав (давраи Фирдавсӣ) – забони адабии классикии тоҷик (аз асрҳои VIII-IX милодӣ то давраи Инқилоби Октябр мавриди  истифода қарор гирифтааст); 4) Забони адабии ҳозираи тоҷик (давраи баъд аз Инқилоби Октябрро дар бар мегирад, ки то имрӯз идома дорад).
Дар забони форсӣ-тоҷикии қадим 8 садонок (6 садоноки содда ва 2 садоноки мураккаб (дифтонг) мавҷуд буд. Овозҳои садоноки забони тоҷикӣ дар тӯли се ҳазор сол ба тағйироти миқдорию сифатӣ дучор гаштанд. Мо ин ҷо дар ин бора маълумоти муфассал намедиҳем, зеро ки дар яке аз мақолаҳо («Баъзе мулоҳизаҳо пиромуни теъдоди садонокҳо ва инкишофи таърихии онҳо») маълумоти васеъ оварда будем. Ин ҷо танҳо дар бораи яке аз садонокҳои мураккаб ё худ дифтонги аu (талаффузаш «ав») таваққуф менамоем.
Дифтонги аu дар забони форсӣ-тоҷикии қадим истифода шуда, ҳанӯз дар давраи забони форсӣ-тоҷикии миёна ба садоноки содда – монофтонги о’ («u»-и дароз) бадал шудааст. Ин садонок (o’) дар давраи форсӣ-тоҷикии нав (давраи Фирдавсӣ) бетағйир монда бошад ҳам, дар забони адабии ҳозираи тоҷик ба тағйироти сифатӣ дучор шуда, ба садоноки v (вови маҷҳул (ӯ) табдил ёфтааст. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик табдилёбии дифтонги аи (ав) ба монофтонги v (вови маҷҳул) идома дорад. Солҳои охир дар шакли «рӯшан», «рӯзан», «рӯған» талаффуз шудани калимаҳои равшан, равзан ва равған мисоли барҷастаи ин иддаост. Бадалшавии ҳиссаи «ав» дар калимаи «навбат» дар лаҳзаҳои забони тоҷикӣ ба назар мерасад: нӯбат – навбат. Дар он лаҳзаҳое, ки вови маҷҳул талаффуз намегардад, ин калима бо «у»-и дарози таърихӣ талаффуз шудааст: нубат ва нувот.
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик дар ин калима ҳоло ҳодисаи бадалшавӣ ба амал наомадааст (навбат).
Аз гуфтаҳои фавқуззикр маълум мегардад, ки бадалшавии дифтонги аu (ав) ба монофтонги ӯ (вови маҷҳул) на танҳо инкишофи таърихии садоноки «ӯ»-ро ифода мекунад, балки ин маънӣ ба инкишофи таърихии забони адабии ҳозираи тоҷик низ марбут аст. Масалан, калимаи «рӯз» дар забони форсӣ-тоҷикии қадим дар шакли «rаuса» (равча) талаффуз мешуд. Дар ин калима дифтонги аu (ав) ба монофтонги «ӯ» (вови маҷҳул) бадал шудааст. Пас, ин маъниро (бадалшавии дифтонги аu (ав)-ро ба монофтонги ӯ (вови маҷҳул) инкор кардан аз таърихи инкишофи яке аз садонокҳои забони  тоҷикӣ чашм пӯшидан аст.
Қайд бояд кард, ки вови маҷҳул (ӯ) танҳо ба калимаҳои забони форсӣ-тоҷикӣ мансуб аст. Аз ин рӯ, ин маъниро бо садонокҳои гурӯҳи забонҳои ғайрифорсӣ махлут кардан ғалати маҳз мебуд.
Забони арабӣ яке аз забонҳои мансуби гурӯҳи сомӣ буда, бо забони тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои мансуби гурӯҳи эронист, қаробате надорад. Ин ҷо гуфтан зарур аст, ки дар забони арабӣ 6 садонок (3 садоноки кӯтоҳ ва 3 садоноки дароз) мавҷуд аст. Дар навишт ба ҷойи садонокҳои кӯтоҳ ҳаракатҳо, яъне аломатҳо истифода мешаванд: забар (фатҳа) ба ҷойи «а», зер (касра) ба ҷойи «и» ва пеш (замма) ба ҷойи «у». Вале садонокҳои дароз бо ҳарфҳо: I (алиф) – а’, (йо) – и ва (вов) – у ифода мешаванд. Дар забони арабӣ ду дифтонг («ай» ва «ав») низ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Маълум аст, ки дар забони арабӣ ҳангоми қироат, хусусан дар вақти қироати «Қуръон», мувофиқи қоидаи таҷвид садонокҳои дарози калимаҳо мад кашида (дароз) талаффуз карда мешаванд. Дараҷаи дароз талаффуз шудани садонокҳо ҳангоми қироат якранг нест. Дараҷаи мад кашида талаффуз кардани садонокҳоро бо алиф нишон медиҳанд: аа, ааа, аааа. Ин хусусияти забони арабӣ ба забони тоҷикӣ хос нест. Аз ин рӯ, мад кашида талаффуз кардани овози «у»-и дарози забони арабиро бо садоноки «ӯ» (вови маҷҳул)-и забони тоҷикӣ ифода кардан ғалати маҳз аст. Қайд бояд кард, ки калимаҳои вомӣ ва азхудшавии онҳо дар забони вомгир ҳодисаи мураккаби забонӣ мебошад. Ҳангоми навишти калимаҳои вомӣ хусусиятҳои забони вомдеҳ ва вомгирро қатъи назар кардан дуруст нест.
Калимаҳои вомӣ дар забони вомгир ҳодисаи забонии азхудшавиро паси сар мекунанд. Дар ҷараёни азхудшавии калимаҳои вомӣ хусусиятҳои забони вомдеҳ ва вомгир дар мадди назар дошта мешавад. Мувофиқи талаби ин ҳодисаи забонӣ ба имлои баъзе калимаҳои вомии арабие, ки дар таркибашон садоноки дарози «у» доранду ба забони  тоҷикӣ ворид гаштаанд, назар андозем, дар забони адабии ҳозираи тоҷик бо садоноки «ӯ» (вови маҷҳул) навишта шудани онҳо ба чашм мерасад. Ба фикри мо, ин маънӣ андеша мепазирад.
Чи тавре ки ишора рафт, дар забони арабӣ садоноки ӯ (вови маҷҳул) вуҷуд надорад. Овози «у»-и дарози забони арабӣ (вов) дар забони адабиёти классикии тоҷик бо садоноки «у»-и дарози таърихӣ (вов) навишта шудааст, ки дуруст аст.
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик овози «у»-и дарози таърихӣ хусусияти фонематикии худро аз даст додааст.
Аз ин рӯ, дар забони адабии ҳозираи тоҷик овози «у»-и дарози таърихӣ ва «у»-и кӯтоҳи таърихӣ бо як «у» (вови маъруф) навишта мешавад. Ин буд, ки «у»-и дарози калимаҳои вомии арабӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик на бо вови маҷҳул (ӯ), балки тавассути вови маъруф (у) навишта мешуд, айни муддао мебуд. Вале калимаҳое, ки дар таркибашон «у»-и дарози арабӣ доранд ва дар забони адабиёти классикии тоҷик ҳам бо «у»-и дарози таърихӣ навишта шудаанд, ҳангоми бо ҳарфҳои кириллӣ ифода кардани онҳо ба ҷойи овози «у»-и дарози арабӣ вови маҷҳул истифода шудааст: арӯз, арӯс, маҷмӯа, мӯҷаз, мӯҷиб ва монанди инҳо.
Калимаҳои вомии арабие, ки садоноки дарози «у» дар ҳиҷои охирашон пеш аз ҳамсадоҳои ҳалқии «ҳ» ва «ъ» омадааст, низ дар шакли кириллӣ бо вови маҷҳул навишта шудаанд: макрӯҳ, манкӯҳ, маҷрӯҳ, рӯҳ; мавзӯъ, мамнӯъ, маҷмӯъ, руҷӯъ, шурӯъ ва амсоли инҳо.
Мутаассифона, баъзе калимаҳои вомии арабие, ки дар ҳиҷои аввалашон пеш аз ҳамсадоҳои ҳалқии «ҳ» ва «ъ» садоноки «у»-и кӯтоҳи арабӣ доранд ва дар забони адабиёти классикии тоҷик низ бо «у»-и кӯтоҳи таърихӣ навишта шудаанд, шакли кириллиашон иштибоҳан бо вови маҷҳул (ӯ) оварда шудааст: Зӯҳра, мӯҳлат, мӯҳтарам, мӯҳташам, мӯҳтасиб, мӯҳтоҷ, сӯҳбат, тӯҳмат,  тӯҳфа, шӯҳрат, шӯъба ва монанди инҳо.
Воҳидҳои луғавии фавқуззикри вомии арабӣ на бо вови маҷҳул (ӯ), балки бо вови маъруф (у) навишта мешуданд, айни муддао мебуд: аруз, арус, маҷмуа, муҷаз, муҷиб; Зуҳра, муҳлат, муҳтарам, муҳташам, муҳтасиб, муҳтоҷ, суҳбат, туҳмат, туҳфа, шуҳрат, руҳ, макруҳ, манкуҳ, таваҷҷуҳ, шуъла, шуъба, мавзуъ, мамнуъ, маҷмуъ, руҷуъ, шуруъ ва амсоли инҳо.
Дар вақти бо вови маъруф (у) навиштани калимаҳои вомии арабие, ки дар таркибашон садонокҳои дароз ва кӯтоҳи «у» доранд ва имлои онҳо дар забони адабиёти классикии тоҷик ҳам ба ин маънӣ мусоидат мекунад, як хусусияти асосии садонокҳои забони адабии ҳозираи тоҷик, яъне «у»-и дарози таърихӣ ва «у»-и кӯтоҳи таърихиро бо як «у» (вови маъруф) ифода кардан риоя мешавад. Ин маънӣ эҳтироми моро нисбат ба хусусияти садонокҳои забони вомдеҳ (забони арабӣ) ва забони вомгир (забони тоҷикӣ) нишон медиҳад.
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик дар калимаҳои вомии арабӣ ба ҷойи «у»-и дароз ва кӯтоҳи забони арабӣ навиштани «ӯ» (вови маҷҳул), ба фикри мо, дуруст нест, зеро ки ин маънӣ дар асл ба «у»-и дароз ва кӯтоҳи арабӣ сарборӣ кардани вови маҷҳул (ӯ) мебошад.
Мо дар боло дар хусуси имлои калимаҳои арабии вомие, ки дар таркибашон садонокҳои «у»-и дароз ва кӯтоҳ доранд, изҳори ақида намуда, имлои онҳоро дар забони адабии ҳозираи тоҷик ба диққати аҳли илму адаб расонидем. Агар ин иддао қобили қабул бошад, чӣ хуш, вагарна моро маъзур медоранд.

Малик КАБИРОВ,
номзади илми филология. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: