КАЛУШҲО

Сироҷиддин САЙЙИД

Будааст ин қадар сахт,
Эй модарам,болишҳот.
Нарафт аз пеши чашмам,
Модари ҷон, калушҳот.

Калушҳо дар остона,
Мисле як ҷуфти абгор.
Ба чашми дунё тобанд
Гунаҳкору гунаҳдор.

Зиҳам ман агарчи, даст
Ҳам рӯяш пазмоншавон.
Он калушон дар даҳлез
Бихобанд андӯҳкашон.

Бар калушҳо, валекин,
Ҳамааш гӯё аён.
Дард аз модар чун пурсам,
Ҳоли ӯ дорам пинҳон?    

Гарчи лолу безабон,
Хомӯшанду беозор.
Аз дарду ҳиҷрони ман,
Онҳо гӯё хабардор.

Аз оби чашми модар,
Шаванд он болишҳо нам.
Дар назари ман шабҳо,
Гирянд он калушҳо ҳам.

Онҳо ҳам гӯё маро,
Фикркунон дармонанд.
Аз бахту бебахтиам,
Қиссаҳо ҳамехонанд.

Девори пазмониҳо,
Фурӯ рафта зи борон.
Онҳо ҳам чун модарам,
Ба роҳи ман нигорон.

Наандӯхтам мол, аммо,
Ба ташнагон сой додам.
Як дил маро буду лек,
Ман онро ҳам бой додам.

Дар ин дунё,ниҳоят,
Донам як ҳикмат шояд.
Калушҳо бар рӯ молон
Гирякуниам ояд.

Калушҳои модарам...
З-онҳо умронаам қарз.
Патакҳо молон ба чашм,
Гар бимирам биарзад!

Тарҷумаи 
Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: