КАМ КАРДАНИ НОДОРӢ – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Бинобар маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ алҳол дар олам 736 миллион нафар дар ҳудуди нодорӣ зисту зиндагӣ мекунанд.

Бинобар маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ алҳол дар олам 736 миллион нафар дар ҳудуди нодорӣ зисту зиндагӣ мекунанд. Бахусус, ҳоло бинобар пандемияи коронавирус дар шароити карантин миқдори бекорон меафзояд, сатҳи ҳаёти аҳолӣ беш аз пеш коҳиш меёбад, ки боиси афзудани рақами болоӣ мегардад.
Дар кишвари мо барои коҳиш додани нодорӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки аъзои он дар минтақаҳо корҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ мебаранд. 
Ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, ба зиммаи сенаторон масъулияти бузург мегузоранд, тақозо менамоянд, ки онҳо дар маҳалҳо бештар бо мардум мулоқот кунанд. Бешубҳа, ҳамватанонамон аз мо барин соҳибкорон дар лоиҳаҳое, ки масъалаҳои коҳиш додани бекорӣ, таъмин сохтани ҷавонон бо шуғл ҳаллу фасл мешаванд, фаъолона иштирок карданро тақозо менамоянд. Бинобар ҳамин ҳам ба ҳафт нафар занони серфарзанди камтаъмин аз ноҳияҳои Қизилтепа, Нурато ва Конимехи вилояти Навоӣ ройгон мошинҳои дарздӯзӣ дода шуданд, ки  инкишоф додани шуғли ҳунармандиро таъмин менамояд. Дар ноҳияи Қизилтепа ба мақсади бо кор таъмин кардани  занон корхонаи замонавии бофандагии «Бӯстон» ташкил карда мешавад. 
Вомҳои кӯчак ва лизингҳои хурд, ки аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ пешкаш мегарданд, аз самтҳои асосии коҳиш додани нодорӣ ба шумор мераванд. Умуман нақши давлат дар рушди бозори хидматҳои каммолиявӣ бузург аст, ки дар бисёр кишварҳои хориҷӣ махсус таъкид карда мешавад. Ҳоли ҳозир талабот ба маблағҳои вомӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ омӯхта, бобати ҷудо кардани вомҳои камфоиза баҳри қисми бекори аҳолӣ кор бурда мешавад. Ба ҳудудҳои дахлдор вобаста карда шудани бонкҳои вилояти Навоӣ барои самарабахш ба роҳ мондани чунин корҳо имкониятҳо фаро меоваранд. 
Бинобар ақидаи ман, агар тамоми табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла соҳибкорон фаъолияти худро дар оянда дуруст ба роҳ монанд, мо ҳамҷиҳатона масъалаҳои коҳиш додани нодориро ҳаллу фасл карда метавонем.

Улуғбек ФАЙЗИЕВ, 
узви Сенати Олий Маҷлис, соҳибкор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: