Агар дар табиат чангу ғубор намебуд, умри инсон дароз мегардид, – фармудааст пири ҳакимони машриқзамин Ибни Сино. Бешубҳа, рушду камол ва сиҳҳату саломатии инсон ба табиат иртибот дорад.
Имрӯз, ҳарчанд истеҳсолот рушд ёфта, тарзи зиндагии мардум пеш рафтаву маънавият ва маърифат ташаккул ёфтааст, баъзан, мутаассифона, муносибати носолим ба табиат ва муҳити зист ба назар мерасад. Мардум ба тозагии муҳиту атроф бефарқ шуда, сабабгори нопокию нотозагии он мегарданд.
– Бо мақсади пешгирӣ намудани ин иллат аз ҷониби Идораи маркази мониторингии онлайн ва диспетчерии Вазорати ҳифзи табиат, экология ва тағйирёбии иқлим дар маҳаллаҳои вилояти Навоӣ 14 камераи назоратии онлайн гузошта шуданд. Онҳо дар маҳаллаҳои Тинчлик, Ёшлик, Фаровони шаҳри Навоӣ, Наврӯз, Баҳори шаҳри Зарафшон, Йӯлчилар, Айтим, Истиқлоли ноҳияи Учқудуқ ва Янгиариқ, Янгиҳаёт, Наврӯзи ноҳияи Кармана ҷойгузин карда шудаанд. Камераҳо атрофи худро дар ҳудуди 360 дараҷа фаро мегиранд, шахсон ва мошинҳоеро, ки партовро дар ҷойҳои мамнӯъ мегузоранд, ба тасвир мебардоранд, ин шахсон ва мошинҳо аз ҷониби базаи ахбори идораи ШКД муайян карда мешаванд, – мегӯяд роҳбари хидмати матбуоти Идораи ҳифзи табиат, экология ва тағйирёбии иқлими вилоят Зубайда Душанова. – Сипас нозирони идора ба хонаҳои шаҳрвандони зараррасон рафта, дар бораи қонунвайронкунии онҳо огоҳӣ медиҳанд, дар мавриди такроран рух додани ҳодиса баённомаи маъмурӣ пур карда, чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҷарима барои шаҳрвандони оддӣ 1-3 ва барои мансабдорон 10-20 баробари андозаи асосии ҳисоб муайян шудааст.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.