Камол НАСРУЛЛО

ДУ СУТУНИ ЯК ХОНА

Пайванди як имонем, фарзанди мусалмонем,
Не ӯзбеку не тоҷик, парвардаи як нонем.

Ду дидаи як рӯем, ду соҳили як ҷӯем,
Ду устуни як хона, ду сӯи як айвонем.

Ҳамсояву ҳамқисмат, ҳамхонаву ҳамисмат,
Омехта чун ҳастӣ дар як тану як ҷонем.

Ҳамсояву ҳамхонем, ҳамсурату ҳамсонем,
Ду боли як умеди шаҳбози парафшонем.

Эй кош миёни мо шӯри туву ман н-афтад,
Аз ишқу вафо сарсабз чун боғ гул афшонем.

Бигзор ба ҳам бошем ду дасти ба ҳам пайванд,
Ду мисраи як байти ҳамдарду ҳаминонем.

Бигзор шавад шодоб имрӯз дарахти меҳр,
Эй ишқ, ту дарё шав, мо нахли ниёгонем!

Мирзо РУСТАМЗОДА

ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Чун гӯшту нохун, пайванду наздик,
Бо ҷону бо хун ӯзбеку тоҷик.
Ҳамсояву хеш, ҳамдину ҳамкеш,
Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик.
 
Чун шоху барги сарсабзи як гул,
Дар як либосу расму таомул.
Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик, 
Омехта бо ҳам монанди маҳлул.
 
Бобост тоҷик, бибист ӯзбек,
Бобост ӯзбек, бибист тоҷик.
Оре, ки ӯзбек бошад Навоӣ,
Сад дарсад, аммо Фонист тоҷик.
 
З-он обу хоке ҳар ду сиришта,
Покизаву пок мисли фаришта.
Мирзо Улуғбек олими ду халқ,
Баҳри ду миллат Айнӣ навишта.
 
Чун дӯстии Ҷомӣ, Навоӣ, 
Поку муаттар обу ҳавое.
Як об нӯшанд, як ҷома пӯшанд,
Рақсанду бозанд бо як навое.
 
Тоҷику ӯзбек – ошиқу маъшуқ,
Чун дастаҳои ганҷина сандуқ.
Дар шодию ғам, дар суру мотам,
Мӯнису ғамхор, бар ҳам тасаддуқ.
 
Пайванд бо ҳам он гуна гашта,
Бо риштаҳои нозуку борик.
Гоҳо ба ҳайрат пурсанд аз ҳам:
– Мебахшӣ, ҷӯра, ӯзбекӣ, тоҷик?
 
Чун гӯшту нохун пайванду наздик,
Бо ҷону бо хун ӯзбеку тоҷик.
Халқе дигар нест ин гуна ҳамдил,
Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: