Ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров бо вакилони ширкати «Hugo Boss» вохӯрд.
Дар мулоқот ба соҳибкорони хориҷӣ дар бораи рушди муттасили саноати бофандагии вилоят, дар бораи он ки алҳол танҳо дар вилояти Намангон беш аз 1,5 ҳазор корхонаҳои бофандагӣ амал мекунанд, 85 фоизи пахтакорӣ ба низоми кластер гузаштааст, барои дар соли оянда ба 100 фоиз расондани ин нишондиҳанда кор бурда мешавад, маълумот дода шуд.
– Агар то ба қарибӣ содироти маҳсулоти бофандагӣ танҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ амалӣ мегардид, солҳои охир аллакай кишварҳои Аврупо низ фаро гирифта шуданд, маҳсулоти бофандагӣ ба кишварҳои он тарафи уқёнус низ расонда дода мешаванд, – гуфт ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.
Намояндагони ширкати «Hugo Boss» Константин Соер ва Семих Демир бо мубодилаи моли солона дар ҳаҷми 3 миллиард доллар дар бораи он ки татбиқсозии лоиҳаи оид ба истеҳсоли камзӯлҳо таҳти тамғаи мазкур дар ҳамкорӣ бо корхонаи «Люкс плюс сервис»-и шаҳри Намангон ба роҳ монда шудааст, маълумот доданд. Онҳо ҳамчунин дар бораи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва пешомадҳои лоиҳаи мазкур маълумот пешбарӣ намуданд.
Акрамҷон САТТОРОВ, хабарнигори ӮзА.