Кан Чжэ КВОН: ӮЗБЕКИСТОН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО ДАР МАҚОМИ БАЛАНДИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ҚАЙД МЕКУНАД

Дар арафаи 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Ӯзбекистон Кан Чжэ Квон дар гузоришаш ба мухбири ОИ «Дунё» дар бораи дараҷа ва пешомади ҳамкории дуҷониба нақл кард.

– Пеш аз ҳама, иҷозат диҳед, эҳтироми худро ба халқ ва роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба комёбиҳои назарраси дар рушди давлат бадастомада дар муҳлати кӯтоҳ аз замони дарёфти истиқлолияти давлатӣ изҳор намоям, – гуфт дипломати Куриёи Ҷанубӣ. – Мехоҳам он санадро махсус таъкид кунам, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ислоҳоти васеъмиқёсро ба манфиати халқ бомуваффақият татбиқ менамояд, дар ин роҳ вобаста ба масъалаҳои рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ барои пешрафти муштарак нақши муҳим мебозад. Бо шарофати ин алҳол мамлакат солгарди истиқлолияти худро дар мақоми баланди байналхалқӣ, ки беш аз пеш баланд гардид, қайд мекунад. 
Президенти Ӯзбекистон сиёсати давлатиро, ки барои хидмат ба манфиати халқ, дастгирӣ намудани фаъолияти ширкатҳо, ғояҳо ва технологияҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст, татбиқ мекунад. Он барои пурзӯр кардани рақобатбардории давлат асоси мустаҳкам фароҳам овард. Ба шарофати тағйироти бомуваффақият тӯли солҳои 2017-2018 ҳаҷми сармояҳо зиёд шуд, рақобатбардории мамлакат афзуд. Соли 2019-ум низ барои минбаъд беҳтар намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ муҳим гардид. 
Сиёсати мустақими оид ба ислоҳоти роҳбарияти Ӯзбекистон ба ҷараёнҳои ҷалби сармояҳо ва ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла сармоя ва ширкатҳои Куриёи Ҷанубӣ таъсири мусбат мерасонад. Чунончӣ, тоҷирони мо ба хеле соддатар шудани фаъолияташон тӯли се соли охир, беҳтар гардидани самаранокии маъмурӣ, коҳиш ёфтани тартиботи бюрократӣ, озодкунии сиёсати асъор, ба роҳ мондани  режими бидуни раводид ва чораҳои дигар баҳои баланд медиҳанд. Фикр мекунам, фаъолияти самарабахши зиёда аз шаст ширкати Куриёи Ҷанубӣ дар Ӯзбекистон аз комёбиҳои тағйироти татбиқшудаистода шаҳодат медиҳанд. 
Ӯзбекистон бобати фароҳам овардани муҳити мусоид барои таҳкими дӯстӣ ва эътимоди тарафайн дар Осиёи Марказӣ ва барои аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани баённомаи таърихӣ оид ба Осиёи Марказӣ, маърифат ва кушодадилии динӣ нақши муҳим бозид. Солҳои охир Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ якҷо бо дигар кишварҳои пешқадам, аз ҷумла ИМА, Русия, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Чин сиёсати беш аз пеш диверсифисионӣ ва муътадили дипломатиро татбиқ менамоянд. Ин бо шарофати нуфузи баланди Ӯзбекистон дар арсаи ҷаҳонӣ имконпазир гардид. 
Дар бораи ҳамкориҳои инкишофёфтаистодаи дуҷонибаи Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ сухан ронда, бояд қайд сохт, ки дар байни кишварҳои мо аз моҳи январи соли 1992 муносибати дипломатӣ барқарор шудааст ва дар давраи сипаришуда робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ба роҳ монда шуданд. Ба ин омилҳои гуногун таъсир расонданд. Вале, бешубҳа, натиҷаҳои 16 вохӯрии сарони давлатҳо, ки имкон доданд дӯстӣ ва эътимоди байни роҳбарони ду мамлакат мустаҳкам шуда, муоҳидаҳои муҳим ба имзо расанд, ҷиҳатҳои асосӣ ба шумор мераванд. Дар натиҷа барои пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайн асоси мустаҳкам гузошта шуд.
Сафари давлатии Президент Мун Чжэ Ин ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар 18-21 апрели соли 2019-ум ва сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Куриё 22-25 ноябри соли 2017-ум ҳодисаҳои таърихӣ гардиданд. 
Ин вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо ба пешбурди муносибатҳои анъанавии дӯстӣ дар ҳамкорӣ, ки барои оянда пешбинӣ шудаанд, хидмат карданд. Аз ҷумла, дар доираи сафари давлатии Президент Мун Чжэ Ин ба Ӯзбекистон муносибатҳои дуҷониба ба дараҷаи шарикии махсуси стратегӣ бардошта шуданд. Муоҳидаҳо ба имзо расиданд ва муҳимияти ҳамкории амалии тарафайн нафақат дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, савдо, энергетика, балки бинобар самтҳои дигар, чунончи, нигаҳдории тандурустӣ, тиббиёт, таълим, ТИК, идораи давлатӣ ва фарҳанг, дар соҳаҳое, ки ба фароҳам овардани муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи оянда нигаронида шудаанд, таъкид гардид.
Фикр мекунам, натиҷаи сафари Президенти Куриёи Ҷанубӣ ба татбиқ гардидани вазифаҳои бартаринок оид ба рушди Ӯзбекистон, ки Президент Шавкат Мирзиёев ба миён гузоштааст, мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи татбиқ сохтани шартномаҳои баимзорасида сафоратхонаи Ҷумҳурии Куриё ният дорад як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла Ҳафтаи Куриё («Korea Week»)-ро баргузор кунад. Дар чаҳорчӯбаи он охири моҳи сентябри соли равон чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳои мухталиф, ки ба пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб, нигаҳдории тандурустӣ ва иқтисодиёт нигаронда шудаанд, ба амал меоянд. 
Куриёи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон шарикони барои якдигар муҳиманд. Халқҳои мо ҷаҳонбинӣ ва маданияти ҳаммонанд доранд. Ғайр аз ин, дар Ӯзбекистон намояндагони куриёӣ зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва дар рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба саҳм мегузоранд.
Мехоҳам таъкид кунам, ки Ҷумҳурии Куриё ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳкими сулҳу салоҳ ва ҳамкории Осиёи Шимоливу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мувофиқан нақши асосӣ доранд. Ин ба шукуфоии кишварҳои мо дар асри  XXI мусоидат мекунад.
Ҷумҳурии Куриё минбаъд низ ба пешрафти бомуваффақияти Ӯзбекистон ҳамаҷониба кӯмак мерасонад, ҳамчунин дар арсаи байналхалқӣ шарики муътамади он боқӣ мемонад.
Аз фурсат истифода бурда, аз номи халқ ва роҳбарияти Куриёи Ҷанубӣ мехостам ӯзбекистониёнро бо 28-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ муборакбод намоям. Ба Ӯзбекистон инкишофи муттасил, ба халқи Ӯзбекистон саломатӣ ва комёбиҳо орзу мекунам!
Ҳамчун Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Ӯзбекистон тайёрам барои рушди минбаъдаву ҳамешагии муносибатҳои тарафайни ду мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро равона кунам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: