Дар вилояти Фарғона ҳамагӣ 19 ҳазору 941,5 километр роҳи автомобилгард мавҷуд аст, ки аз он 4 ҳазору 22 километраш шоҳроҳҳои истифодаи умум, 15 ҳазору 919,5 километраш роҳҳои дохилии шаҳру деҳот мебошанд.
Дар ин бора хидмати матбуоти Садорати роҳҳои автомобилии вилоят хабар медиҳад.
Бино ба ин манбаъ дар соли 2024 барои рушди шоҳроҳҳои вилоят пешбинӣ шудааст, ки дар ивази 232,2 миллиард сӯм корҳои бозсозӣ ва тармими 397,6 километр роҳ ва 2 пули сари ин роҳ анҷом дода шаванд. Дар давоми моҳҳои январь – июни соли равон ба маблағи 110 миллиард сӯм 289,7 километр роҳҳои автомобилгард бозсозӣ ва тармим карда шуда, аз 140,5 километр роҳҳои истифодаи умум 90,9 километр роҳ тармими ҷорӣ ба амал бароварда шудааст.
Агар барои сохтмони роҳҳои минтақаҳои саноатии ҷавонон 10,9 миллиард сӯмина кор иҷро шуда бошад, барои сохтмони роҳҳои массивҳои Ӯзбекистони Нав 56,3 миллиард сӯм маблағ харҷ карда шудааст.
Дафтари матбуоти Садорати роҳҳои автомобилии вилоят қайд намудааст, ки барои сохтмони роҳи автомобилгард дар шоҳроҳи 4Р-112, ки кӯчаи А.Темурро бо «Роҳи халқавии Фарғона» пайваст мекунад ва дарозии он 3,5 километр мебошад, 3,1 миллиард сӯм кор ба анҷом расидааст. Дар доираи мавсими 1-уми лоиҳаи «Буҷаи ташаббус»-и соли 2024 барои таъмири 199,9 километр роҳҳои дохилӣ иҷрои корҳо ба маблағи 87,2 миллиард сӯмина барномарезӣ гардида, дар ин маврид кори тартиб додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ ва гузаронидани савдои тендерӣ давом дорад.
Маълум аст, ки газҳои ихроҷшуда аз нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист таъсири бад мерасонанд ва яке аз роҳҳои бартарафсозии онҳо дар канори роҳҳо бунёди «Камарбанди сабз» мебошад. Дар вилояти Фарғона аз тарафи коркунони идораи роҳҳои автомобилӣ кори муҳим пеш бурда мешавад. Хусусан, соли 2023 дар ҳудуди корхонаи «Фарғона йул кӯкалам»-и шаҳри Фарғона шинонидани 41 ҳазору 676 адад дарахт ва буттаҳои ниҳолҳо барномарезӣ шуда, дар амал ин рақам ба 47 ҳазору 529 адад расидааст, ки 114 фоизро ташкил мекунад. Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ҳамагӣ 190 ҳазору 219 адад ниҳолҳои сафедор, павлоня ва ҳамин гуна дарахтони ороишӣ шинонда шудааст.
Гуфта мешавад, дар соли 2024 дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 ноябри соли 2023 таҳти рақами ПФ-199 бо ибтикори идораи вилоятии роҳҳои автомобилӣ ва ниҳодҳои маҳаллии он бо 134 нафар коргарон оид ба таъсиси «Майдони сабз» шартнома баста шуда, дар 113 километр шоҳроҳҳои истифодаи умум 141 ҳазору 131 бех сафедор ва ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонда шудааст.
Дафтари матбуоти Садорати роҳҳои автомобилии вилоят хабар медиҳад, ки барои сарсабзу хуррам гардонидани канори роҳҳои автомобилгард маъракаи ниҳолшинонӣ то охири фасли тирамоҳ давом хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.