КАСБИ БОИФТИХОР

Аз он рӯзгоре, ки инсон дар ин дунёи куҳан ҳамчун махлуқи олимақом вуҷуд дорад, барои рушду камоли ҳаёт ҷидду ҷаҳд оғоз гардид.

Аз он рӯзгоре, ки инсон дар ин дунёи куҳан ҳамчун махлуқи олимақом вуҷуд дорад, барои рушду камоли ҳаёт ҷидду ҷаҳд оғоз гардид. Одамон ба ҳунар, касбу пеша рӯй оварда, барои ба вуҷуд овардани афзори  кор ва сарвати моддӣ саъю кӯшиш намуданд. Зеро бе меҳнату заҳмат ба даст  овардани тамаддун мумкин намегардад. Аз ин рӯ, дар рӯзгори мардум касбу пешаҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои зиндагии рӯзмарра маҳсулоти заруриро омода менамоянд. Масалан, деҳқон воситаи барои ҳаёти инсон зарур – нуқлу наво омода месозад ва рустаниҳое мепарварад, ки аз онҳо матоъ истеҳсол мешавад. Монанди ҳамин, кулолону заргарон зарфҳои барои ҳаёти инсон созгор ва зевари бонувонро аз тилло рост мекунанд. Ҳамаи касбу пешаҳо барои инкишофи ҷамъият заруранд.
Яке аз ҳунарҳои боифтихор, ки барои афзун гардонидани сарвати миллӣ ва тамаддуни ҷамъият мақоми арзанда дорад, касби омӯзгорӣ мебошад. Маҳсули ин касб ба сабзазоре мемонад, ки дар он рустаниҳои гуногун рӯидаанд. Ба тарзи дигар гӯем, дар натиҷаи заҳмати соҳибони ин касб дар ҷамъият арбобони давлатӣ, сиёсатмадорон, аҳли илму адаб, соҳибкорон, яъне намояндагони касбу пешаҳои гуногун арзи ҳастӣ мекунанд.
Қайд бояд кард, ки барои он, ки аҳли касбу пешаҳо ҳадафашонро ба даст оранд, муттасил меҳнат мекунанд, ранҷу заҳмат мекашанд. Деҳқон барои тайёр кардани ғалла қитъаҳои заминро ҷуфт карда, гандум мекорад, обёрӣ мекунад, месабзонад, медаравад, мекӯбад ва монанди инҳо. Ӯ дар ҷараёни меҳнат аз афзори гуногун истифода мебарад. 
Монанди ҳамин, кӯдак ҳамчун инсони комил ба дунё намеояд. Барои он ки вай инсони  комил шавад, меҳнат ва  заҳмати зиёди мураббию омӯзгорон тақозо мегардад. Беҳуда намегӯянд: то  тифл хонаду соҳибҳунар гардад, устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ин маъниро ба тарзи зайл қаламдод кардааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе 
нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Дар ҳақиқат, пораи оҳани дар гӯшае афтода худ ба худ ханҷари тез намешавад. Вай дар натиҷаи заҳмати зиёди оҳангар аз як тиккаи оҳан ба ханҷар табдил меёбад. Монанди ҳамин, дар натиҷаи меҳнати тоқатфарсои мураббию омӯзгорон аз тифл инсони комил парварида мешавад. Дар ин ҷода афзори меҳнати омӯзгор таълиму тарбия мебошад. Дар ин роҳ омӯзгоре комёб мегардад, ки дар корбурди таълиму тарбия ба мақоми устодӣ расида бошад. Омӯзгор тавассути таълиму тарбия ба дили кӯдак илму дониш ва фарҳанг меоварад. Дили ҳанӯз торики кӯдак аз нуру зиё рӯшан мешавад, ба фикри вай ақлу адаб ҷой гирифта аз палидӣ пок мегардад. Ба ин маънӣ султони шоирони форсигӯ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:
Дониш андар дил чароғи 
равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани 
ту ҷавшан аст.
Касби омӯзгорӣ барои он ҳам олимақом аст, ки тавассути меҳнати соҳибони ин касб бехирадӣ, ҷоҳилӣ аз байн бардошта мешавад, одамон барои бомаданият шудан ҷидду ҷаҳд мекунанд. Ин касб, яъне омӯзгорӣ инсонро аз рӯзгори тира ба ҳаёти пурзиё раҳнамун месозад. Ин маъниро шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ба тариқи зайл менигорад:
Агар дар ҷаҳон набвад  
омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад  
рӯзгор.

Сарвар КАБИРОВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 40-уми
ноҳияи Бӯстонлиқ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: